• ОИННОМАИ БОНКИ ДАВЛАТИИ АМОНАТГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «АМОНАТБОНК» 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
  • 4. ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРИИ БОНК
  • 5. МУНОСИБАТИ БОНК БО МУАССИС ВА МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
  • 6. КОРМАНДОНИ РОҲБАРИКУНАНДАИ БОНК
  • 8. ҲИСОБДОРӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВИИ БОНК
  • 11. ФИЛИАЛҲО, НАМОЯНДАГИҲО ВА МАРКАЗҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ (ОҶОНСИҲОИ) БОНК
  • 12. ҲУҚУҚҲОИ МУШТАРИЁНИ БОНК ВА ҲИМОЯИ ОНҲО
  • 14. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

  • Скачать 146.2 Kb.


    Дата28.08.2018
    Размер146.2 Kb.

    Скачать 146.2 Kb.

    Қарор «дар бораи тасдиқи оинномаи бонки давлатии амонатгузории ҷУМҲурии тоҷикистон «амонатбонк»»



    ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

    ҚАРОР 
    «ДАР БОРАИ ТАСДИҚИ ОИННОМАИ БОНКИ ДАВЛАТИИ АМОНАТГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «АМОНАТБОНК»» 
    аз 30 марти соли 2010 №166 ш. Душанбе 


    Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

    1) Оинномаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» тасдиқ карда шавад (замима мегардад). 


    2) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоxикистон фонди оинномавии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»-ро ба андозаи муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ташаккул диҳад. 
    3) Аз эътибор соқит дониста шаванд: 
    -қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 1999 № 6 «Дар бораи тадбирҳо оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 1998 № 1123 «Дар бораи азнавтаъсисёбии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоxикистон»; 
    -қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2003 №200 «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Оинномаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк». 

    Раиси Ҳукумати 


    Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                     Эмомалӣ Раҳмон 



    Бо қарори Ҳукумати 


    Ҷумҳурии Тоҷикистон 
    аз 30 марти соли 2010 №166 
    тасдиқ шудааст 





    ОИННОМАИ 
    БОНКИ ДАВЛАТИИ АМОНАТГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «АМОНАТБОНК» 

    1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ 


    1) Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», (минбаъд -Бонк), шахси ҳуқуқии тиҷоратӣ маҳсуб ёфта, дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоxикистон бо мақсади ба даст овардани фоида, ҳамаи амалиётҳои бонкӣ ва аҳдҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» пешбинигардидаро анҷом медиҳад. 
    2) Бонк фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоxикистон, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд. 
    3) Муассиси Бонк Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 
    4) Бонк дорои номи фирмавӣ мебошад: 
    бо забони давлатӣ: Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»; 
    бо забони русӣ: Государственный сберегательный банк Республики Таджикистан «Амонатбонк»; 
    бо забони англисӣ: The State Saving Bank of the Repablic of Tajikistan «Amonatbonk» 
    5) Бонк дорои муҳр, ки дар он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир гардида, номи пурраи Бонк сабт шудааст, мебошад. 
    6) Маҳали ҷойгиршавии Бонк: 
    Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 24. 
    7) Бонк аз дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои алоҳида, аз ҷумла филиалҳо дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагиҳо ва марказҳои хизматрасонӣ (оҷонсиҳо) иборат буда, ба низоми ягонаи бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад. 
    2. МАҚСАДИ ФАЪОЛИЯТИ БОНК 
    8) Бонк бо мақсади ба даст овардани фоида ташкил карда шуда, фаъолияти тиҷоратиро бо роҳи анҷом додани амалиёти бонкӣ ба роҳ мемонад. 




    3. АМАЛИЁТИ БОНКӢ 

    9) Бонк дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ва бо тартиби муқаррарнамудаи он амалиётҳои зерини бонкиро иҷро мекунад: -ҷалби амонат ва пасандозҳо; 
    -додани қарзҳо (кредитив) (таъминшуда ва таъминнашуда), аз ҷумла: 
    а) қарзҳои (кредитҳои) истеъмолӣ, ипотекӣ ва байнибонкӣ; 
    б) факторинг; 
    в) маблағгузории аҳдҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла форфейтинг; 
    -кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ; 
    -хариду фурӯши воситаҳои зерин барои худ ё муштариён: 
    а) воситаҳои бозории пулӣ, аз ҷумла, чекҳо, векселҳо, ӯҳдадориномаҳо ва сертификатҳои амонатӣ; 
    б) асъори хориҷӣ; 
    в) воситаҳои қурбӣ ва меъёри фоизӣ; 
    г) саҳмияҳо ва дигар қоғазҳои қиматноки интиқолшаванда; 
    д) қарордодҳои форвардӣ, созишномаи своп, фючерс, опсион ва дигар ҳосилаҳое, ки ба асъор, саҳмияҳо, вомбаргҳо, металлу сангҳои қиматбаҳо ё қурбу меъёрҳои фоизӣ дахл доранд; 
    -додани кафолат, баҳисобгирии ӯҳдадориҳои шартӣ, аз ҷумла кафолатҳо ва эътиборномаҳо (аккредитивҳо) барои худ ва муштариён; 
    -хизматрасонии клирингӣ, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқолӣ марбут ба воситаҳои пулӣ, қоғазҳои қиматнок, супоришномаҳои пардохт ва воситаҳои дигари пардохт, аз ҷумла, чекҳо, кортҳои пардохтии кредитӣ, дебетӣ ва ғайра, чекҳои сафарӣ, векселҳо, интиrолҳои электронӣ, дебет ва кредитҳои қаблан иҷозатшуда; 
    -миёнаравӣ дар бозори пулӣ; 
    -амалиёти сейфӣ, нигаҳдорӣ ва идоракунии дороиҳо (пул, қоғазҳои қиматнок, металлҳо, ҷавоҳирот ва ғайра); 
    -хизматрасонии амалиётии ба боварӣ асосёфта (идоракунии маблағҳои пулӣ, қоғазҳои қиматнок ва ғайра ба манфиати боварикунанда ва дар асоси супориши он); 
    -амалиёти дигаре, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонкӣ миллии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд; 
    -амалиёти хазинавӣ: қабул намудан, аз нав ҳисоб кардан, иваз намудан, бастан ва нигоҳ доштани асъор
    -қабул намудан (инкассатсия) ва фиристодани пулҳои қоғазӣ, тангаҳо ва ашёи қиматбаҳо. 
    10) Бонк, ғайр аз амалиёти бонкии дар банди 9 зикршуда ҳуқуқ дорад, аҳдҳои зеринро анҷом диҳад: 
    -додани замонат, ки иҷрои ӯҳдадориҳои пулиро дар назди шахси сеюм пешбинӣ менамояд
    -иҷораи молиявӣ (лизинг); 
    -амалиёт бо металлу сангҳои қиматбаҳо мутобиқи қонунгузорӣ; 
    -хизматрасонӣ ба сифати агенти молиявӣ; 
    -хизматрасонӣ ба сифати мушовир ё маслиҳатгари молиявӣ; 
    -хизматрасонии иттилооти молиявӣ ва қарзӣ (кредитӣ). 
    11) Бонк наметавонад амалиёти худро бе гирифтани розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон ихтиёран қатъ намояд. Қатъи амалиёти бонкӣ бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. 




    4. ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРИИ БОНК 

    12) Бонк фаъолияти сармоягузории худро дар шаклҳои зерин анҷом медиҳад: 
    -маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои инкишофи инфрасохтор ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, хусусан бо роҳи пешниҳоди кредит ё иштирок дар сармояи шахсони ҳуқуқии тиҷоратии давлатӣ ва хусусӣ новобаста аз шаклҳои моликият; 
    -иштирок дар татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва барномаҳои сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла дастгирии давлатии содироти мол, кор ва хизматрасонии соҳибкорони ватанӣ; 
    -иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории аҳамияти давлатӣ, ки дар асоси ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ амалӣ карда мешавад; -хизматрасонии бонкии кредитҳои буҷетӣ; 
    -хизматрасонии бонкии қарзи давлатӣ; 
    -эмиссияи қоғазҳои қиматнок; 
    -ташкил ва гузаронидани ташхиси лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои шартномаҳои содироти ва воридотӣ. 




    5. МУНОСИБАТИ БОНК БО МУАССИС ВА МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ 

    13) Муассис дар татбиқи ӯҳдадориҳои Бонк масъулият надорад. 
    14) Бонк аз рӯи ӯҳдадориҳои Муассис масъулият надорад. 
    15) Муассис барои ӯҳдадориҳои Бонк, ки дар натиҷаи иҷрои супориши ӯ ба вуҷуд омадааст, дар ҳаҷми чунин ӯҳдадориҳои ба вуҷудомада масъулият дорад. 
    16) Муносибатҳои Бонк ва Муассис тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супоришҳои Муассис ва ба роҳ монда мешаванд. 
    17) Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷрои ваколатҳои Бонк ва воҳидҳои алоҳидаи он ҳуқуқи дахолат карданро надоранд. 
    18) Муассис Бонкро дар иҷрои корҳои зерин вазифадор менамояд; 
    -амалӣ намудани ҷалби амонатҳо; 
    -хизматрасонии бонкии суратҳисобҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии Ҷумҳурии Тоxикистон; 
    -сармоягузории лоиҳаҳои хусусияти стратегӣ дошта; 
    -хизматрасонии бонкии сармоягузории мустақими давлатии лоиҳаҳо ва сармоягузории давлатӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ; 
    -хизматрасонии бонкии суратҳисобҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ; 
    -хизматрасонии бонкии қоғазҳои қиматноки давлатӣ; 
    -хизматрасонии бонкии пардохти нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ; 
    -хизматрасонии бонкии маблағҳо аз хизматрасонии коммуналии шахсони ҳуқуқии давлатӣ; 
    -хизматрасонии бонкии дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ. 




    6. КОРМАНДОНИ РОҲБАРИКУНАНДАИ БОНК 

    19) Раиси Бонк ва муовинони ӯ, аъзои Раёсат, сармуҳосиби Бонк, роҳбар ва сармуҳосибони воҳидҳои алоҳидаи Бонк кормандони роҳбарикунанда ба ҳисоб мераванд. 
    20) Раиси Бонк ва муовинони ӯ, аъзои Раёсат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. 
    21) Сармуҳосиби Бонк, роҳбарон ва сармуҳосибони воҳидҳои алоҳидаи Бонк дар мувофиқа бо Раёсати Бонк аз ҷониби Раиси Бонк тибқи муқаррароти қонунгузоррии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. 
    22) Кормандони роҳбарикунандаи Бонк ҳангоми ба вазифа интихоб ё таъин шудан ва минбаъд ҳар сол бояд бо таври хаттӣ ба Раёсати Бонк оид ба ҳар гуна манфиатҳои шахсии молиявии бевосита ё бавоситаи худ ва аҳли оилаи худ маълумот диҳанд. 
    7. ИДОРАИ БОНК 
    3) Бонк аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Бонк ва Раиси Бонк идора карда мешавад. 
    24) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: 
    -роҳбарӣ ва назорати умумии фаъолияти Бонкро амалӣ менамояд; 
    -оид ба тасдиқи Оинномаи Бонк ва ба он ворид намудани тағйиру иловаҳо қарор қабул менамояд; 
    -оид ба мувофиқи андозаи муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ташаккул додани сармояи оинномавии Бонк қарор қабул мекунад; 
    -Раис, муовини аввал ва муовинони Раиси Бонкро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд; 
    -ҳайати Раёсати Бонкро тибқи муқарароти ҳамин Оиннома муайяннамуда, оид ба тасдиқ ва озод намудани аъзои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд; 
    -ду нафар намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба узвияти Кумитаи аудити Бонк пешниҳод менамояд; 
    -ҳисоботи солонаи фаъолияти Бонк ва хулосаи аудити берунаро баррасӣ менамояд; 
    -ба содир намудани аҳдҳо нисбати амволе, ки тибқи қонунгузорӣ розигии моликро талаб мекунад, иҷозат медиҳад; 
    -дар ҳолати зарурӣ самтҳои иловагии фаъолияти Бонкро муайян менамояд. 
    25) Раёсати Бонк: 
    а) Раёсати Бонк фаъолияти худро дар асоси дастаҷамъӣ амалӣ намуда, ҳайати он аз 9 нафар иборат мебошад. 
    Ҳайати Раёсати Бонк аз Раиси Бонк, муовини аввал, муовинони ӯ, ду нафар намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла як нафар намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва се нафари дигар иборат мебошад, ки бо пешниҳоди Раиси Бонк аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. 
    Вазифаи Раиси Раёсати Бонкро Раиси Бонк иҷро менамояд. 
    б) Ваколатҳои Раёсати Бонк: 
    -иҷрои талаботи қонунгузории бонкӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистонро таъмин мекунад; 
    -санадҳои меъёрии дохили бонкиро, ки тартиб ва қоидаҳои хизматрасонии бонкиро, аз ҷумла ташкили қарздиҳӣ, ҷалби пасандоз, шартҳои умумии сармоягузорӣ, хизматрасонии хазинавӣ, ҳифзи пул ва дороиҳои қиматноки Бонк, баҳисобгирӣ ва ҳисобот, назорати дохилибонкӣ, таъмини манфиатҳои муштариён ва масъалаҳои дигари фаъолияти бонкро танзим менамоянд, тасдиқ мекунад; 
    -намудҳои нави хизматрасониҳои бонкиро дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва татбиқ менамояд; 
    -санадҳои меъёрии дохили бонкиро, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи воҳидҳои алоҳидаи Бонк ҳатмист, тасдиқ менамояд; 
    -ҳисоботи солонаи Бонкро аз рӯи ҳамаи самтҳои фаъолият, аз ҷумла даромад ва хароҷотро мавриди баррасӣ қарор медиҳад; 
    -маоши хизматии Раиси Бонк ва муовинони ӯро муқаррар мекунад; 
    -оид ба ифтитоҳу барҳамдиҳии филиалҳо, марказҳои хизматрасонӣ (оҷонсиҳо) ва намояндагиҳои Бонк дар қаламрави ҷумҳурӣ ва берун аз он қарор қабул мекунад ва низомномаҳои онҳоро тасдиқ менамояд; 
    -кумитаи аудити Бонкро таъсис медиҳад ва Низомномаи фаъолияти онро тасдиқ менамояд; 
    -кумитаи қарзии Бонкро таъсис медиҳад ва Низомномаи онро тасдиқ менамояд; 
    -кумитаи активҳо ва пассивҳои Бонкро таъсис медиҳад ва Низомномаи онро тасдиқ менамояд; 
    -ҳисоботи Кумитаи аудити Бонкро баррасӣ менамояд; 
    -низомномаи мукофотонии кормандони Бонкро тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ менамояд; 
    -ба воҳидҳои алоҳидаи Бонк ҳуқуқи кредит доданро медиҳад; 
    -фоидаи бадастомадаро тақсим менамояд. 
    Шакли асосии фаъолияти Раёсати Бонк ҷаласаи Раёсат мебошад. 
    Ҷаласаҳои Раёсати Бонк моҳе камаш як маротиба гузаронида мешаванд ва дар сурате салоҳиятнок ҳисоб мегарданд, ки агар дар онҳо на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Раёсат иштирок дошта бошанд. Дар ҷаласаҳо масъалаҳое, ки ба салоҳияти Раёсати Бонк тааллуқ доранд, баррасӣ гардида, қарорҳо бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Раёсат қабул мешаванд. 
    Дар ҳолати баробар будани овозҳо, овози Раиси Раёсати Бонк ҳалкунанда мебошад. 
    Ҳангоми зарурат бо иҷозати Раиси Раёсати Бонк қарорҳои Раёсат оид ба масъалаҳои алоҳида метавонад бе гузаронидани ҷаласа, бо роҳи пурсиши хаттии на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Раёсат ва розигии аксари онҳо қабул карда шаванд. 
    Ҷаласаҳои Раёсат аз ҷониби Раиси Раёсати Бонк даъват карда мешаванд. Роҳбарии ҷаласаҳои Раёсати Бонкро Раиси Раёсати Бонк анҷом медиҳад. 
    Ҷаласаҳои Раёсат бо протоколҳо, ки аз ҷониби Раиси Раёсати Бонк ва аъзои он имзо карда мешаванд, ба расмият дароварда мешаванд. 
    в) Раиси Раёсати Бонк 
    Раиси Раёсати Бонк мақоми иҷроияи Бонк буда, идоракунӣ ва роҳбарии бевоситаи фаъолияти Бонкро амалӣ менамояд. 
    Раиси Раёсати Бонк барои татбиқи қарорҳои Раёсати Бонк ва идоракунии фаъолияти Бонк масъулияти шахсӣ дорад. 
    Раиси Раёсати Бонк бидуни ваколатнома аз номи Бонк ва Раёсати Бонк баромад намуда, манфиатҳои Бонкро намояндагӣ ва ҳимоя мекунад. 
    г) Раиси Раёсати Бонк ваколатҳои зеринро дорад: 
    -мутобиқи қонунгузорӣ кормандони Бонкро ба вазифа таъин мекунад ва аз вазифа озод менамояд, маоши онҳоро муқаррар мекунад; 
    -сохтори воҳидҳои таркибии дастгоҳи марказии Бонкро муайян намуда, низомномаҳои онҳоро тасдиқ менамояд; 
    -сохтори таркибии воҳидҳои алоҳидаи Бонкро муайян намуда, Низомномаҳои онҳоро тасдиқ менамояд; 
    -фаъолияти воҳидҳои алоҳидаи Бонкро роҳбарӣ мекунад; 
    -масъалаҳои интихоб, ҷобаҷогузорӣ, тарбия ва истифодаи кадрҳоро ҳал мекунад; 
    -аз тарафи кормандони Бонк риоя шудани қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти Бонкро назорат мекунад
    -ҳуҷҷатҳои пулию ҳисобӣ, хазинавӣ ва муросилотиро имзо мекунад; 
    -вазифаҳоро байни муовинони Раиси Раёсати Бонк тақсим мекунад; 
    -ҷадвали сохториро тасдиқ мекунад; 
    -ба маоши кормандон иловапулӣ ва изофапулиҳо муқаррар мекунад; 
    -харҷномаро тасдиқ мекунад; 
    -ба кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои алоҳидаи Бонк барои дастоварду комёбиҳои меҳнатӣ мукофотпулӣ таъин менамояд. 




    8. ҲИСОБДОРӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВИИ БОНК 

    26) Ҳисобдорӣ дар Бонк 
    Бонк қоидаҳои ҳисобдорӣ, феҳрист, шаклҳо, тартиби таҳия ва мӯҳлати пешниҳоди ҳисоботи молиявиро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, аз рӯи стандарти ягонаи ҳисоботи молиявӣ ва принсипҳои ҳисобдории муҳосибавии масоили ташкили баҳисобгирӣ ва ҳисоботии бонкҳо ба роҳ мемонад. 
    Бонк сиёсати ҳисобдории худро мутобиқ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон мустақилона муайян менамояд. Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Бонк дар тавозуни моҳона ва солона, дар ҳисоботи даромад, хароҷот ва ҳамчунин, дар ҳисоботи солона, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад, инъикос меёбад. 
    Тавозуни солона ва ҳисобот дар бораи даромад ва хароҷоти Бонк ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад ва пас аз гузаштани аудит бо риояи талаботи қонун дар матбуот нашр мегардад. 
    27) Ихтиёрдорӣ намудани даромад 
    Бонк пас аз пардохти андозҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоxикистон фоидаи софи худро тибқи қарори Раёсати Бонк тақсим менамояд. Фоидае, ки Бонк дар натиҷаи ба амал баровардани амалиётҳои бонкӣ ва дигар аҳдҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоxикистон манъ нагардида баъди пардохти андозҳо ба даст меорад, бо тартиби пешбининамудаи Оинномаи мазкур мустақилона тақсим карда мешавад. 
    28) Ҳисоботи молиявии Бонк ҳисоботи молиявии Бонк тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. 




    9. ДОРОИҲОИ БОНК 

    29) Амволи Бонк 
    Амволи Бонк дар заминаи амволи ихтиёран ба Бонк супоридашуда ва фоидаи дар натиҷаи фаъолияти тиҷоратӣ ба даст оварда, маблағҳои хайрия, грантҳо ва дигар даромадҳои қонунӣ ташаккул меёбад. 
    Амволи Бонк - иморат, бино, иншоот, таҷҳизот, дастгоҳҳо, воситаҳои дигаре, ки ба фонди оинномавӣ дохил мешаванд, моликияти муассис маҳсуб ёфта, ба Бонк таҳти ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ вобаста мегардад. Соҳибӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдории амволе, ки таҳти ҳуқуқи пешбурди хоҷагидории Бонк қарор доранд, бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. 
    Бонк амволи манқул ва ғайриманқуле, ки дар натиҷаи амалӣ намудани мақсадҳои хеш ба даст овардааст мустақилона соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамояд. Бонк амволи ба гарав гузоштаро дар ҳолати иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои қарзӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурӯш бароварда, маблағи пулиро барқарор менамояд. 
    Бонк масъалаи аз тавозун баровардани амволи фарсудашударо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал менамояд. 
    30) Дороиҳои Бонк 
    Дороиҳои Бонк аз фондҳои асосӣ ва воситаҳои муомилотӣ, инчунин дигар дороиҳое, ки арзиши онҳо дар тавозуни Бонк таҷассум ёфтаанд, иборат мебошанд. Амволи Бонк тақсимнашаванда мебошад. 
    Фонди захирав ва дигар фондҳое, ки аз фоидаи Бонк ташаккул меёбанд, амволи Бонк ба ҳисоб мераванд. 
    Дар Бонк фондҳои зерин ташаккул меёбанд: 
    а) сармояи оинномавӣ ва фондҳои захиравӣ; 
    б) дигар фондҳо Тартиби ташаккул, номгӯи фондҳо ва истифодаи онҳо аз ҷониби Раёсат бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тартиботи муқарраргардида муайян карда мешавад. 
    31) Сармояи Бонк 
    Сармояи оинномавии Бонк бо қарори Муассис аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи на камтар аз ҳадди ақали муқаррарнамудаи Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ташкил дода мешавад. 
    Сармояи оинномавии Бонк ба андозаи 24 501 511 (бисту чор миллиону панҷсаду як ҳазору панҷсаду ёздаҳ) сомонӣ ташаккул дода шудааст. 
    Сармояи оинномавии Бонк аз ҳисоби фоидаи софи Бонк бо пешниҳоди Раёсат ва бо қарори Муассис, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд карда мешавад. 
    Тартиби ҳисоби сармояи танзимшаванда ва қисмҳои таркибии онро Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуrии худ мутобиrи стандартҳои байналмиллалӣ оид ба назорати бонкӣ муқаррар мекунад. 
    32) Манбаъҳои қарзии Бонк 
    Манбаъҳои қарзии Бонк аз ҳисоби маблағҳои зерин ташкил меёбанд: 
    а) воситаҳои худӣ (аз ҳисоби тарҳи арзиши фондҳои асосӣ, маблағгузорӣ ва саҳмияҳои бонкҳои дигар, муассисаҳо, ташкилот ва маблағҳои дигари сафарбаршуда); 
    б) захираҳои марказонидашудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
    в) захираҳои марказонидашудаи Бонки миллии Тоҷикистон; 
    г) маблағҳои муштариён ва ҳамчунин маблағҳои буҷетӣ, ки дар ҳисобномаҳои Бонк мавҷуданд; 
    д) амонатҳои вазорату идораҳо ва дигар шахсони ҳуқуқию воқеӣ; 
    е) пасандозҳои шаҳрвандон, ки ба мӯҳлатҳои муайян ва то дархост ҷалб карда шудаанд; 
    ж) кредит ва қарзҳои бонкҳои дигар; 
    з) маблағҳо аз рӯи ҳисоббаробаркунии системаи дохилибонкӣ; 
    и) маблаҳои дигари ҷалбшуда. 




    10. ТАФТИШИ БОНК 

    33) Муқаррароти умумӣ дар бораи тафтиши Бонк 
    Тафтиши фаъолияти Бонк мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти марбутаи ваколатдор анҷом дода мешавад. 
    Тафтиши фаъолияти филиалҳои Бонкро воҳиди аудити дохилии Бонк анҷом медиҳад. 
    Фаъолияти Бонк ҳар сол як маротиба мувофиқи стандарти байналмилалии ҳисоби муҳосибавӣ, аз тарафи ташкилоти аудиторие, ки ба рӯйхати тасдиқнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дохил гардидааст, таҳти тафтиш қарор мегирад. 
    Хулосаи аудиторӣ ба таври ҳатмӣ аз ҷониби Бонк нашр карда мешавад. 
    34) Кумитаи аудити Бонк: 
    Кумитаи аудити Бонк бо қарори Раёсати Бонк дар асоси ҷамъиятӣ таъсис меёбад. 
    Аъзои кумита ва Раиси он ба мӯҳлати 4 сол аз ҷониби Раёсат интихоб карда мешаванд. Раиси Кумитаи аудит аз ҳисоби аъзои он аз ҷониби Раёсат таъин карда мешавад. 
    Ҳайати Кумитаи аудити Бонк аз 5 нафар иборат буда, се нафари он аз ҷониби Раёсат пешниҳод ва тасдиқ ва ду нафари онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Раёсат пешниҳод карда мешаванд. 
    Кумитаи аудити Бонк дар назди Раёсати Бонк амал карда, дорои ваколату ӯҳдадориҳои зерин мебошад: 
    -баррасӣ ва тавсияи қабули нақшаи солонаи аудит, қоидаҳои ҳисобдорию назорати онҳо ва идоракунии хавфҳо дар Бонк; 
    -додани тавсия барои таъини аудитории берунии Бонк; 
    -баррасии ҳисоботи аудитории берунӣ оид ба ҳисоботи молиявии Бонк ва ба Раёсат хабар додани ҳар гуна камбудиҳои ошкоршуда то аз ҷониби он маъқул донистани ҳисоботи молиявӣ; 
    -талаб кардани ҳисобот аз воҳиди аудити дохилии Бонк; 
    -мониторинги мутобиқати фаъолияти Бонк ба қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешниҳоди маълумот ба Раёсат; 
    -баррасии ҳисоботи Бонк, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мешавад; 
    -гузориш оид ба ҳар гуна масъалаҳое, ки аз ҷониби Раёсат дар назди Кумитаи аудит гузошта шудаанд
    -баррасии амалиёт ва аҳдҳои Бонк дар заминаи нақшаҳое, ки Кумитаи аудит қабул кардааст; 
    -ҳар сол на камтар аз як маротиба пешниҳоди ҳисобот ба Раёсати Бонк оид ба фаъолияти худ. 
    Қарорҳои Кумитаи аудит бо аксарияти овози аъзои иштирокдошта қабул карда мешаванд. ҳангоми баробар будани миқдори овозҳо, овози Раиси Кумитаи аудит ҳалкунанда мебошад. 
    35) Воҳиди аудити дохилии Бонк 
    Дар Бонк воҳиди аудити дохилӣ амал менамояд, ки онро сараудитор роҳбарӣ менамояд. 
    Тартиби фаъолияти воҳиди аудити дохилиро Раёсати Бонк бо тасдиқи Низомномаи он муайян менамояд. 




    11. ФИЛИАЛҲО, НАМОЯНДАГИҲО ВА МАРКАЗҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ (ОҶОНСИҲОИ) БОНК 

    36) Филиалҳо ва намояндагиҳои (воҳидҳои алоҳидаи) Бонк 
    Бо мақсади дастрас намудани хизматрасонии бонкӣ ва бо назардошти манфиатҳои иқтисодӣ. Бонк бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқӣ мустақилонаи ташкил намудани филиалҳо ва намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикисон ва хориҷи кишвар дорад. 
    Филиалҳо намояндагиҳо ва марказҳои хизматрасонӣ (оҷонсиҳо) аз ҷониби Раёсати Бонк бо амволи зарурӣ таъмин мегарданд, ки амволи Бонк маҳсуб ёфта, дар тавозуни Бонк инъикос меёбанд. Амволи филиалҳо ва намояндагиҳо дар тавозуни алоҳида ва ҳамчунин дар тавозуни Бонк инъикос меёбанд. Филиалҳо, намояндагиҳо ва марказҳои хизматрасонии (оҷонсиҳои) Бонк дар асоси низомномаҳои аз ҷониби Раёсати Бонк тасдиқгардида фаъолият мекунанд. 
    Филиалҳо ва намояндагиҳои Бонк фаъолияти хешро аз номи Бонк ва таҳти назорати доимии он анҷом медиҳанд. 
    Бонк метавонад тибқи тартиби муқараргардида берун аз маҳалли воқеъгардидаи худ воҳидҳои сохтории дигарро (марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул, нуқтаҳои мубодилаи асъор ва ғайра) таъсис диҳад. 
    37) Марказҳои хизматрасонии (оҷонсиҳои) Бонк: 
    Бонк бо мақсади дастраси аҳолӣ гардонидани хизматрасонии бонкӣ ҳуқуқи мустақилонаи таъсис додани оҷонсиҳоро дорад. Оҷонсиҳои Бонк воҳиди сохтории филиалҳои Бонк ба шумор рафта, амалиётҳои алоҳидаи бонкиро, ки номгӯи онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонкӣ миллии Тоҷикистон мувофиқанд, тибқи муқарароти Раёсати Бонк анҷом медиҳанд. 




    12. ҲУҚУҚҲОИ МУШТАРИЁНИ БОНК ВА ҲИМОЯИ ОНҲО 

    38) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидани маблағҳои пасандозии шахсони воқеиро ҳангоми ғайри қобили пардохт гардидани Бонк кафолат медиҳад ва онро бо талаби аввалини амонатгузорон бармегардонад. 
    ҳуқуқи амонатгузорони Бонк ва ҳимояи онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. 
    Асоси ҳуқуқии муносибатҳои байни Бонк бо муштариён шартномаҳо ба шумор мераванд, ки ӯҳдадориҳо ва масъулияти Тарафҳоро, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд. 




    13. ҲУҚУҚҲОИ БОНК 

    39) Бонк ҳуқуқ дорад, барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассиси бонкӣ дигар бошад, ба ҷамъиятҳо, иттифоқҳо, иттиҳодияҳо, ассосиатсияҳои ватанӣ ва хориҷӣ дохил шавад. 




    14. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ 

    40) Барҳамдиҳӣ ва азнавташкилдиҳии Бонк тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. 

    Коьрта
    Контакты

        Главная страница


    Қарор «дар бораи тасдиқи оинномаи бонки давлатии амонатгузории ҷУМҲурии тоҷикистон «амонатбонк»»

    Скачать 146.2 Kb.