Скачать 88.44 Kb.


Дата24.09.2018
Размер88.44 Kb.

Скачать 88.44 Kb.

Асосҳои ҳуқуқии муфлисшавӣ мафҳум ва аломатҳои муфлисшавӣ



Асосҳои ҳуқуқии муфлисшавӣ
§1. Мафҳум ва аломатҳои муфлисшавӣ
Тибқи муқаррароти моддаи 4 Қонуни ҶТ «Дар бораи муфлисшавӣ» аз 25 июни соли 2003, аз тарафи қарздор дар ҳаҷми пурра қонеъ карда натавонистани талаби кредиторон оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ ва ё иҷро карда натавонистани ӯҳдадориҳои ворид намудани пардохтҳои ҳатмие, ки аз ҷониби суд эътироф шуда ё қарздор қодир набуданашро эълон намудааст, мебошад.

Шаҳрванд, дар сурате муфлис эътироф карда мешавад, ки агар ӯҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмии пулиро дар мӯхлати се моҳ аз лаҳзаи фаро расидани вақти иҷрои онҳо иҷро накарда бошад ва агар маблағи ӯҳдадориҳо аз арзиши амволӣ бо ӯ тааллуқдошта зиёд бошад. Шахсони ҳуқуқӣ бошанд, дар сурате муфлис эътироф мешаванд, ки агар ин ӯҳдадориҳоро дар мӯҳлати се моҳ аз лаҳзаи фаро расидани вақти иҷрои онҳо иҷро карда натавонанд ва агар маблағи умумии чунин ӯҳдадориҳо 10% сармояи оинномавии онҳоро ташкил диҳад.

Бинобар баррасӣ намудани масъалаи мазкур бояд асоси муфлисшавии қарздор муайян карда шавад ё ба ифодаи дигар чи гуна маҳакҳои (меъёрҳои) ғайриқобили пардохтӣ (муфлисшавӣ) ҷой доранд.

Дар қонунгузории тореволютсионӣ ду варианти ҷавоб ба ин савол вуҷуд дошт, аз ҷумла, Г.Ф.Шершеневич қайд менамояд, ки «Барои мавҷудияти аз даст додани қобилияти пардохти ва оғоз намудани мурофиаи озмунӣ яке аз ду асосро бояд эътироф намуд: амволӣ ё ин ки ғайриқобили пардохт будани қарздор. Дар ҳолати якум, имконияти бешубҳаи пурра қонеъ карда натавонистани ҳар як кредитор ва дар ҳолати дуюм, эҳтимолияти пурра қонеъ карда натавонистани ҳамаи кредиторҳо ҷой дорад. Дар ҳолати якум, факти муқарраркардашудаи аниқ ҷой дорад ва дар ҳолати дуюм – эҳтимолияти тахминӣ»1. Ҳамин тариқ, олимон тарафдори чунин низоми муфлисшавие буданд, ки асоси онро на норасоии амволӣ, балки ғайриқобили пардохт будани қарздор ташкил медод.

Дар қонунгузории бархе аз кишварҳои хориҷӣ низ ҷиҳати муайян намудани аломатҳои муфлисшавӣ маҳаки адонашаванда будани қарз ба инобат гирифта мешавад. Татбиқи чунин маҳак дар амалия ба он оварада мерасонад, ки баҳри оғоз намудани истеҳсолоти муфлисшавӣ кредиторҳо, бояд далелҳоеро пешниҳод намоянд, ки аз барзиёд будани ӯҳдадориҳои қарздор нисбат ба амволи фаъолашон гувоҳӣ диҳанд.

Дар Олмон барои оғоз намудани истеҳсолоти муфлисшавӣ қонун талаби амволи кофиро дорад, ки барои рӯйпӯш намудани хароҷотҳои кори муфлисшавӣ басанда бошанд. Асоси умумии оғоз намудани чунин корҳо ғайриқобили пардохт шудани субъекти хоҷагидорӣ мебошад. Ба сифати маҳаки иловагӣ зиёд будани ӯҳдадориҳои қарздор аз арзиши амволӣ онҳо мебошад1.

Мутобиқи қонун «Дар бораи муфлисшавӣ» шахси ҳуқуқӣ дар ҳолати аз даст додани қобилияти пардохт муфлис эътироф шуда, маҳаки адонашаванда танҳо нисбати шаҳрвандон татбиқ карда мешавад.

Бояд қайд кард, ки қонун ба сифати яке аз аломатҳои муфлисшавӣ ҳаҷми минималии қарзи субъектро эътироф менамояд. Аз ҷумла, расмияти муфлисшавӣ нисбат ба шахси ҳуқуқии қарздор дар он ҳолате оғоз карда мешавад, ки агар талаботи кредиторҳо дар маҷмӯъ 10% арзиши сармояи ойинномавии шахси ҳуқуқро ташкил диҳад ва нисбати шаҳрванди – қарздор бошад, на камтар аз пансад ҳадди ақали музди кор мебошад.

Сабти қонунии ҳаҷми минималии талаботҳои кредиторҳо чунин маъно дорад, ки ҳуқуқи кредиторҳо бинобар мавҷуд будани талаботҳои муайяншудаи минималӣ метавонанд ҳимоя карда шаванд, ҳангоми вуҷуд надоштани онҳо механизми ҳимояи ҳуқуқи кредиторҳо татбиқнашаванда аст.

Ҳамзамон ин чунин маъно надорад, ки ҳангоми татбиқ намудани расмиятҳои муфлисшавӣ ҳуқуқи кредиторҳое, ки ҳаҷми талаботи онҳо аз ҳаҷми талаботи минималии бо қонун муқарраргардида камтар бошад, ҳимоя карда намешаванд.

Якум, талаботи минималии кредиторҳо на бо назардошти ҳуқуқи кредитори алоҳида, балки аз ҳисоби маҷмӯи талаботи кредиторҳо, ки ҳаҷми талаботи ҳар кадоми онҳо аз ҳаҷми минималии бо қонун муқарраргардида камтар мебошад, муқаррар карда мешавад.

Дуюм, маҳдудияти бо қонун «Дар бораи муфлисшавӣ» муқаррар кардашудаи ҳаҷми минималии талаботҳо танҳо ба талаботҳои кредитори – аризадиҳанда дахл доранд, ки барои оғоз намудани расмиятҳои муфлисшавӣ зарур мебошанд. Пас аз оғоз намудани механизми муфлисшавӣ, инчунин талаботи дигар кредиторҳое ба инобат гирифта мешаванд, ки ҳаҷми талаботи онҳо аз ҳаҷми минималии бо қонун муқарраргардида камтар мебошад.

Дар замони ҳозира муаммои муайян намудани ҳаҷми минималии талаботҳо ба вуҷуд омадааст, ки ҳам ба манфиати кредиторҳо ва ҳам ба манфиати қарздор мувофиқ бошад. Як қатор муаллифон тарафдори зиёд намудани он мебошанд. Аз он ҷумла, П.Д.Баренбойм таклиф менамояд, ки ҳаҷми талаботҳо то 2-3 ҳазор ҳадди ақали музди кор зиёд карда шавад1. Дигарон зарурати бо қонун муқаррар намудани талаботҳоро зери шубҳа гузошта, қайд мекунанд, ки чунин ҳолат дар адабиётҳои ҳуқуқии Британияи Кабир кайҳо ҷой дошт ва таҷрибаи онҳо баракси гуфтаҳои боло мебошад. Ҳадди минималӣ ҳеҷ гоҳ ҳаҷми ҳақиқӣ ва доираи муфлисшавиро таҷассум карда наметавонад2.

Ба фикри гурӯҳи дигари олимон, ҳаҷми минималии қарзе, ки ба сифати шарти асосии оғоз намудани мурофиаи муфлисшавӣ дар қонунгузорӣ муқаррар карда шудааст, пурра асоснок мебошад. Дар баробари ин, заруриати татбиқи тафриқавии муайян намудани ҳаҷми қарздориро вобаста ба ҳолати ҳуқуқӣ ва намуди субъекти фаъолияти соҳибкорӣ қайд менамоянд2.

Мутобиқи моддаҳои 26 ва 66 КГ ҶТ муфлисшавии ихтиёрӣ ё маҷбурӣ ҷой дорад. Мувофиқи қисми 2 моддаи 66 КГ ҶТ шахси ҳуқуқӣ метавонад якҷоя бо кредиторҳо қарор дар бораи муфлисшавӣ қабул карда, ихтиёран дар бораи барҳам додани худ қарор қабул намояд. Қабул намудани чунин қарор, мутобиқи қонун «Дар бораи муфлисшавӣ», бинобар ҷой доштани нишонаҳои муфлисӣ ва вуҷуд надоштани мухолифати кредиторҳо имкон дорад. Асос барои муфлис эълон намудан ва ихтиёрона барҳам додани қарздор, қарори мақомоти шахси ҳуқуқӣ шуда метавонад, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ дорои чунин ваколатҳо мебошад. Ҳамин тариқ, вобаста ба шакли ташкилӣ – ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ қарор аз ҷониби мақомоти ваколатдори он ва нисбати корхонаҳои воҳиди давлатӣ аз ҷониби молики онҳо қабул карда мешавад.

Ҳангоми муайян намудани нишонаҳои муфлисшавӣ ва ҳаҷми талаботҳои ҳар яке аз кредиторони шахси ҳуқуқӣ аҳамияти хоса ба ӯҳдадориҳои қарзии пулии он дода мешавад (қарзҳо барои моли таҳвилшуда, кори иҷрокардашуда, хизмати расонидашуда, маблағҳои гирифтаи қарзӣ ва баргардониданашуда).

Ӯҳдадориҳои пулӣ намуди алоҳидаи ӯҳдадориҳои ҳуқуқӣ-гражданӣ буда, хусусияташон дар предмети онҳо таҷассум меёбад.

Ин ӯҳдадориҳо шартномавӣ ва ғайришартномавӣ шуда метавонанд.

Ба вуҷуд омадани ӯҳдадориҳои пулӣ нақши асосиро шартнома ташкил медиҳад.

Ӯҳдадориҳои ғайрипулӣ мутобиқи қонунгузорӣ ба инобат гирифта намешаванд. Дар амалия муаллифон ӯҳдадориҳои бо маҳсулотсупорӣ, иҷрои кор ва расонидани хизмат алоқаманд, яъне ӯҳдадориҳои ғайрипулӣ ва табдили онҳоро ба ӯҳдадориҳои пулӣ мавриди муҳокима қарор дода шудаанд1.

Табдили ӯҳдадориҳо ба меъёрҳои КГ ҶТ дар бораи бекор намудани шартномаҳо, оқибати онҳо ва баргардонидани тавони зарар (м.м.15,423, 482, 485), ба меъёрҳои ӯҳдадориҳо бинобар бойшавии беасос (боби 56) ва инчунин ба қоидаҳои пешбининамудаи моддаҳои 428 ва 436 КГ ҶТ асос меёбанд. Мувофиқи моддаи 428 ГК ҶТ ҳангоми аз ҷониби қарздор иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба тайёр кардан ва ба моликият, пешбурди хоҷагидорӣ ё идораи оперативӣ супоридан ё додани мол ба истифодаи кредитор, ё ба манфиати ӯ иҷро намудани кори муайян ё расонидани хизмат, кредитор ҳақ дорад иҷрои ӯҳдадориро дар мӯҳлати мувофиқ, бо нархи муносиб ба шахси сеюм супорад ё онро бо қувваи худ иҷро кунад ва агар аз қонун, дигар асноди ҳуқуқӣ, шартнома ё моҳияти ӯҳдадорӣ тартиби дигаре бар наояд, аз қарздор ҷуброни хароҷоти зарурии масрафшуда ва дигар зиёнро талаб намояд.

Дар моддаи 436 ГК ҶТ сухан дар бораи гузаронидани мӯҳлат аз ҷониби қарздор меравад, ки мутобиқи он:

- қарздоре, ки мӯҳлати иҷрои ӯҳдадариро гузаронидааст, дар назди кредитор барои зиёни аз гузаронидани мӯҳлат расида ва барои оқибати тасодуфе ҷавобгар мебошад, ки он аз гузаронидани мӯҳлат фаро расидааст;

- агар дар натиҷаи гузаронидани мӯҳлат аз ҷониби қарздор иҷрои ӯҳдадорӣ барои кредитор манфиаташро гум карда бошад, ӯ метавонад қабули иҷрои ӯҳдадориро рад кунад ва ҷуброни зиёнро талаб намояд;

-то замоне, ки ӯҳдадорӣ бо сабаби мӯҳлатро гузаронидани кредитор иҷро нагардад, қарздор мӯҳлатро гузаронида ҳисоб намеёбад.

Дар баробари ин, ба фикри як қатор муаллифон ҳолати алоҳидаи бо қонун муқаррар кардашудаи имконияти табдили ӯҳдадориҳои шартномавиро қайд кардан зарур аст, масалан, нисбат ба шартномаи хариду фурӯш бо шарти пешпардохти мол мувофиқи моддаи 523 КГ ҶТ. Мувофиқи мазмуни ин меъёр, дар ҳолате ки фурӯшанда маблағи пешпардохтро гирифтааст, вале ӯҳдадории хешро оиди пешниҳоди мол иҷро накардааст, харидор ҳуқуқ дорад, таҳвили мол ё баргардонидани маблағи пулиро талаб намояд. Ҳамзамон аз лаҳзаи пешниҳод намудани талаби баргардонидани маблағи пешпардохт ва дар сари вақт аз ҷониби фурӯшанда иҷро карда нашудани онҳо – нишонаи муфлисшавии фурӯшанда мебошад.

Ҳамин тариқ, ҳангоми ҷой доштани шартҳои муайян, кредиторҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои ғайрипулӣ низ метавонанд мурофиаи муфлисшавии қарздорро оғоз намоянд.

Ҳангоми муайян намудани аломатҳои муфлисшавӣ қарзҳои бо асосҳои пешбининамудаи Кодекси меҳнатии ҶТ, аз ҷумла, қарзҳои музди меҳнат ба инобат гирифта намешаванд.

Ӯҳдадориҳои пулӣ, аз дигар асосҳо низ ба вуҷуд меоянд. Масалан, аз бойшавии беасос (м.1117 КГ) ва бинобар расонидани зарар (боби 55 КГ ҶТ). Зараре, ки ба амволи шахси ҳуқуқӣ расонида шудааст, бояд дар ҳаҷми пурра аз ҷониби расонандаи зарар баргардонида шавад (м.1079 КГ ҶТ).

Ба ҳаҷми ӯҳдадориҳои пулӣ чунин ӯҳдадориҳои шахси ҳуқуқӣ ба мақсади муфлисшавӣ дохил карда намешаванд: зараре, ки ба ҳаёт ва саломатии кормандон расонида шудааст; пардохти мукофотпулиҳои муаллифӣ; ӯҳдадориҳои пулӣ дар назди муассисон, (пардохти дивидентҳо). Ба фикри бархе аз муаллифон онҳо «хусусияти дохилӣ» доранд ва аз ин рӯ наметавонанд бо ӯҳдадориҳои берунаи шахси ҳуқуқӣ, ки аз иштироки он дар муомилоти амволӣ бармеоянд, дар як қатор бошанд1.

Бояд қайд кард, ки қонунгузорӣ дар бораи муфлисшавӣ танҳо бо ӯҳдадориҳои ҳуқуқӣ-граждании қарздор маҳдуд намешаванд, бинобар ин ҳангоми муайян намудани нишонаҳои муфлисшавӣ инчунин ӯҳдадориҳои ҳуқуқӣ-умумии қарздор низ ба инобат гирифта мешаванд. Масалан, ӯҳдадориҳо оиди пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва фондҳои ғайрибуҷетӣ.

Ҳаҷми пардохтҳои ҳатмӣ ҳамчун нишонаи муфлисшавии бидуни ба назар гирифтани ҷаримаҳо ва дигар санксияҳои иқтисодӣ ба амал бароварда мешаванд.

Таркиб ва ҳаҷми ӯҳдадориҳои пулӣ, ӯҳдадориҳои пардохтӣ, чун қоида, аз лаҳзаи пешниҳод намудани ариза ба суди иқтисодӣ дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор, муайян карда мешаванд. Ин ҳолат барои муайян намудани миқдори овозҳои кредиторҳо аҳамияти ҳалкунанда дорад, чунки миқдори овозҳо ба маблағҳои талаботи кредиторҳо баробар мебошанд.

Ҳаҷми ӯҳдадориҳои пулӣ бо тақозои кредиторҳо дар асоси қарори ба қувваи қонун даромадаи суд ё ҳӯҷҷатҳое, ки тавассути онҳо қарз эътироф карда шудааст (ҷавоб ба иддао, санади тафтиши ҳисобҳо ва ғ.), муқаррар карда мешавад. Инчунин талаботҳои кредитороне, ки аз ҷониби қарздор дар мӯҳлати муайян рад карда нашудаанд, низ ба таркиби талаботҳои муқарраркардашуда дохил карда мешаванд.

Ҳамин тариқ, қонунгузории ҷорӣ муқаррар намудани ҳаҷми ӯҳдадориҳои пулиро ҳамчун омили бебаҳс то лаҳзаи муроҷиат намудан ба суд ва оғоз намудани истеҳсолоти муфлисшавӣ баҳо медиҳад. Агар қарздор бо ягон асос талаботҳои кредиторҳоро рад намояд, ин маънои онро надорад, ки онҳо ба суд муроҷиат карда наметавонанд. Дар ин ҳолат асоснок будани талаботҳо, ҳаҷми ӯҳдадориҳои пулӣ ва ӯҳдадориҳои пардохтӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ, бо тартиби тайёр намудани кор ба таҳқиқоти судӣ муайян карда мешаванд.

Дар асоси таҳлили қонунгузории муфлисшавӣ чунин аломатҳои муфлисшавии субъектҳои фаъолияти соҳибкориро ҷудо намудан мумкин ҳаст:

- вуҷуд доштани ӯҳдадориҳои хусусияти пулидоштаи қарздор;

- қодир набудани шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ ҷиҳати қонеъ намудани талаботҳои кредиторҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои пулӣ ё ин ки иҷро накардани ӯҳдадориҳои пардохтҳои ҳатмӣ дар мӯҳлати се моҳ аз лаҳзаи фаро расидани вақти иҷрои онҳо;

- вуҷуд доштани қарзи шаҳрванд дар ҳаҷми 500 ҳадди ақали музди меҳнат ва қарзи шахси ҳуқуқи дар ҳаҷми 10% сармояи ойинномавии он;

- аз ҷониби суди иқтисодӣ расман эътироф намудани муфлисшавӣ.





11Ниг.: Шершеневич Г.Ф. Конкурсный процесс. С.88.

1Ниг.: Предпринимательское право РФ. М.: 2006. С.308-315.

11Ниг.: Баренбойм П.Д. Правовые основы банкротства. Учебное пособие. М.: 1995. С.25.

22Ниг.: Васильев Е.А. Правовое регулирование конкурсного производства в капиталистических странах. Учебное пособие. М.: 1989. С.44.

2Ниг.: Карелина С.А. Правовые основы банкротства. Учебное пособие. М.: 1995. С.25.


11Ниг.: Витрянский В.В. Новое законодательство о несостоятельности (банкротстве) // Хозяйство и право. 1998. №3. С.39.

11Ниг.: Федеральный закон «О несостоятельности (банкротстве)». Постатейный комментарий. М.: 1998. С.44.






Коьрта
Контакты

    Главная страница


Асосҳои ҳуқуқии муфлисшавӣ мафҳум ва аломатҳои муфлисшавӣ

Скачать 88.44 Kb.