• Чадвали №3 Сарчашма: Ахбори Бонки Миллии Точикистон 2 (32) 2002 с.
  • Таснифи бахои миёнаи рейтинг
  • Сачашмахо.
  • Низомномаи №79 БМТ “Дар бораи танзими фаъолияти муассисахои карзи” Ахбори Бонки Миллии Точикистон №3 (33) 2002 с., №5-6 (35-36) 2002 с.
  • Жуков Е. Ф. Менеджмент и маркетинг в банках - М., 1997 г. Иванов В.В. Анализ надежности банка - М., 2000 г.
  • Усоскин В.М. Современный коммерческий банк: управление и операции. М., 1994 г. Черкасов В.Е. Финансовый анализ в коммерческом банке - М., 1995 г.
  • Букин С. За кулисами рейтинга // Банковские технологии 2001, №11 Ворд М. Е., Портер Р. С. Перспективы использования рейтинговой системы С AM
  • Оленев Н., Карминский А., Астрелина В. О необходимости дифференциации пруденциальных норм и рейтинговых оценок для финансовых институтов реальной экономики // Рынок ценных бумаг 1999, №20
  • Соврин С. В. Современные банковские технологии и их влияние на эффективной банковской системы // Деньги и кредит 2001, №9



  • страница2/2
    Дата28.08.2018
    Размер0.54 Mb.

    Набудани механизми идоракунии гардиши пулй бо методхои иктисоди


    1   2

    Кифоягии сармоя

    Аз нигохи назорати бонки сармоя хамчун заминаи фаъолияти эътимодноки бонк, манбаи молияви барои пушонидани зарар ва талафотхои имконпазир, инчунин кафолати бовари аз чониби мизочон ва кредиторон ба бонк, барраси мегардад.

    Ҳангоми баходихии кифоягии сармояи бонк тибки Дастурамали №79 аз 04.04.1999 с. "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотхои карзи" бо назардошти тагйироту иловахои минбаъда ба он амали мукоисакунии сармояи бонк бо хадди акали он ва зарибхои К1.1-таносуби сармояи умумии бонк ба активхои бо назардошти хавф баркашидашуда ва К1.2 -таносуби сармояи умумии бонк ба активхои умуми истифода мешаванд.
    Сифати активхо

    Сифати активхо (махсусан карзхо) мувофики Низомнома "Дар бораи тартиби ташаккулдихи ва истифодабарии фонди пушонидани талафоти имконпазир аз руи карзхо" аз 23.12.1996 с. бо назардошти тагйироту иловахои минбаъда ба он, муайян карда мешавад. Дар натичаи гузаронидани таснифи карзхо, доири таркиб, сифати сандуки карзи ва кифоягии фонди пушонидани талафоти имконпазир дар алохидаги барои хар як гурухи таснифоти ва дар мачмуъ, метавон хулоса баровард.



    Фоиданоки

    Тахлили фоиданоки аз баходихии хислати амалиётхои бонки, сифати идоракуни ва муайянкунии дурнамои бонк (ё чамъияти карздихи) иборат мебошад. Чой доштани зарар аз фаъолият номакбул мебошад.

    Натичаи молиявии бонк бояд ба андозае фоиданок бошад, ки маблаггузории фаъолияти чори ва оянда, инчунин зиёдкунии сармояи он таъмин гардад.

    Фоиданокии бонк тавассути зарибхои фоиданокии активхо (таносуби фоидаи соф ва активхои умуми), фоиданокии сармоя (таносуби фоидаи соф ва сармояи умуми) муайян карда мешавад.



    Сифати фоида низ бояд мавриди тахлил карор гирад, яъне бояд маълум кард. ки бонк доимо фоида мегирад ё не; фоидаи бадастоварда аз фаъолияти асоси мебошад ё ин ки аз фаъолияти гайриасоси; таркиби даромад ва харочот чи гуна тавсиф мегардад ва гайра.
    Пардохтпазири

    Пардохтпазири кобилияти саривакт ва беталаф ичро кардани ухдадорихоро дар назди мизочон ва кредиторон нишон медихад.

    Бонки тичорати бояд ба он микдор дорои активхои пардохтпазир бошад, ки дар холати зарури ба таври фаври табдил намудани онхо ба воситахои пули имконпазир гардад.

    Пардохтпазирии бонк тавассути зарибхои зерин (тибки Дастурамали №79 аз 04.04.1999 с. ''Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотхои карзи" бо назардошти тагйироту иловахои минбаъда ба он) муайян карда мешавад: К2-1 -таносуби активхои пардохтпазир ва ухдадорихои чори ва К2-2 - таносуби активхои пардохтпазир ва активхои умуми.



    Идоракунии бонк

    Қисми хотимавии баходихии фаъолияти бонки тичорати аз тахлили сифати идоракунии он иборат мебошад.

    Бинобар он ки баходихии идоракунии бонк умуман амали субъективи мебошад, истифодабарии зарибхо дар ин холат бе маврид аст. Риоя гардидани хадди акали сармоя ва кифоягии он, сифати хуби активхо, дар холати кобили пардохт карор доштан ва риоя гардидани талаботи конунгузории бонки аз он гувохи медиханд, ки идоракунни бонк ба таври дуруст ба рох монда шудааст.

    Баходихии идоракунии бонк аз муайян кардали холати ичроиши конунгузории бонки, санадхои меъёрии Бонки миллли Точикистон, сохтори идоракуни ва мавчуд будани низомномахо ва дастурамалхо, дуруст чо ба чо гузории кормандон, инчунин дарачаи махорати касби, поквичдонии кормандон ва риояи ухдадорихои функсионали аз чониби онхо, низ иборат мебошад.

    Дар хотимаи тахлили омилхо, барои хар яки он аз руи чадвали дорои 5 дарача рейтинг мукаррар карда мешавад. Дарачаи рейтинг вобаста аз микёси мушкилоти дар фаъолияти бонк мавчудбуда зиёд мешавад, яъне:

    Рейтинги 1 «холати устувор»

    Рейтинги 2 «холати каноатбахш»

    Рейтинги 3 «холати миёна»

    Рейтинги 4 «холати имконпазир»

    Рейтинги 5 «холати гайриканоатбахш»






    Чадвали №3

    Сарчашма: Ахбори Бонки Миллии Точикистон 2 (32) 2002 с.
    Дарачаи рейтингхои омилхо бо хам чамъ кардашуда, барои муайян кардани бахои миёнаи рейтинги бонк ба адади "5" таксим карда мешавад. Адади дар натичаи чунин амалиёт хосилшуда рейтинги умумии бонкро нишон медихад.

    Таснифи бахои миёнаи рейтинг

    Бахои миёнаи рейтинг аз 1.0 то 1.4. Холати молиявии бонк хамачониба устувор буда, натичаи молиявии хуб дорад ва норасоихои ошкоргардидаро метавонад бо осони бартараф кунад. Назорати бонки аз болои фаъолияти чунин бонк шарт нест, чунки бонк метавонад ба тагйиротхое, ки дар бозори молияви ва иктисодиёт ба амал меоянд, фаъолияти хешро бо осони мутобик созад.

    Бахои миёнаи рейтинг аз 1.5 то 2.4. Холати молиявии бонк умуман эътимоднок мебошад. Норасоихои ошкоргардида бо муваффакият бартараф карда мешаванд. Микёс ва хислати норасоихои ошкоргардида барои пайдо шудани шубха дар фаъолияти он асос шуда наметавонанд. Бинобар ин, барои мутобик кардани фаъолияти хеш ба тагйиротхое, ки дар бозори молияви ва иктисодиёт ба амал меоянд, бонк кодир мебошад. Назорати бонки танхо аз болои рафти ислохкунии норасоихои ошкоргардида бомаврид мебошад.

    Бахои миёнаи рейтинг аз 2.5 то 3.4. Бинобар сабаби дар фаъолияти бонк ошкор гардидани норасоихо аз кабили норасоихои молияви ва вайронкунии конунгузории бонки, холати молиявии он начандон каноатбахш ба шумор меравад.

    Агар сари вакт тадбирхои зарури барои бартараф кардани норасоихо андешида нашаванд, холати чунин бонк дар сурати ба вукуъ омадани тагйиротхо дар бозори молияви ва иктисодиёт, имкон дорад бадтар гардад.

    Бахои мнёнаи рейтинг аз 3.5 то 4.4. Дар фаъолияти бонк норасоихои бешумор ошкор гардидаанд. Нишонахои ноустувории холати он аён аст ва барои бартараф кардани онхо сари вакт ва бо пурраги тадбирхои зарури андешида намешаванд.

    Дар холати наандешидани тадбирхои зарури, эхтимолияти катъ гардидани фаъолияти чунин бонк метавонад ба миён ояд. Бинобар ин, чунин бонк бояд доимо зери назорати бонки карор гирад ва ба он зарур аст, ки накшаи солимгардонии хешро тахия сохта, дар амал татбик намояд.

    Бахои миёнаи рейтинг аз 4.5 то 5.0. Ҳолати молиявии бонк то ба дарачае бад шудааст, ки эхтимолияти муфлисшавии он вучуд дорад. Микдори норасоихо то андозае зиёд мебошанд, ки барои солимгардонии он расонидани кумаки молияви аз чониби саххомон ва ё дигар манбахои молияви зарур аст.

    Дар холати ба таври фаври наандешидани тадбирхои зарури барои солимгардонии бонк, дигаргунсозии сохтор бо рохи хамрохшави ё якчояшави бо бонки дигар ва ё бархамдихии он ногузир мебошад.



    Хулоса

    Низоми бонкии Точикистон дар холати мустакилият ба даст овардани чумхури ба талаботи хозиразамони идоракунии иктисодиет чавобгу набуд ва ба фаъолнокии муносибатхои молию пули мусоидат наменамуд. Аз хамин сабаб зарурияти ба кулли тагир додани низоми бонкии Чумхурии Точикистон ба миен омад.

    Механизми такмил додани низоми бонкии ду зинаги ба миен гузошта шуд, ки дар зинаи боло Бонки миллии Точикистон чойгир аст, ва он дар ихтиери худ идоракунии сиесати пулию карзии давлат ва бо воситаи он имконияти таъсиррасони ва баландбардории самаранокии иктисодиетро ба ухда дорад.

    Аз давраи соли 1992 системаи бонкии Чумхурии Точикистон ба таъгиротхои кулли ру ба ру гардид:



    1. Низоми дузинагии бонки ташкил ефт;

    2. Статуси мустакилияти Бонки Милли Точикистон таъмин гардид;

    3. Шабакаи муассисахои бонки аз руи имконият васеъ гардиданд, ки онхо монополизми бонкиро суст намуда, ракобати байнибонкиро таракки доданд;

    4. Ба корхонахо, муассисахо ташкилотхо хукуки интихоби муассисахои бонки барои хизматрасонии карздихию хисоби хукук дода шудааст, ки он ба амалигардонии принсипи баробархукукии бонкхо ва мизочони онхо мусоидат намуд.

    Кадами мухим барои мустахкам кардани низми бонки чори кардани асъори милли – сомони ба хисоб мерафт, ки баъди он Бонки Миллии Точикистон фишанги хакикии идоракунии гардиши пули, таъсиррасони ба асъори хоричи ва сатхи бекурбшавии сомониро ба даст овард.

    Пайдоиши низоми бонкхои махсусгардонидашуда ба пайдоиши бонкхои тичорати ва кооперативи сабаб шуд, ки шумораи онхо бо суръати баланд зиед шуд. Пайдоиши онхо вазъиятро дар низоми бонки дигаргун сохт. Мизочон хукуки интихоби бонкро пайдо карданд, ракобати бонки ба вучуд омад. Дар чунин шароит раванди тичорати гардидани шуъбахои бонкхои махсусгардонидашуда устувор гардид.

    Фаъолияти бонкхои тичорати бо кабули санадхои меъёри, статуси хукуки гирифтанд, барои гузаштан ба системаи бонкии дузинаги имконият пайдо шуд.

    Мувофики ислохоти иктисодии гузаронидаистода ва пешбиникардашуда бо роххои азнавсозии тамоми механизми хочагидори гузариш ба низоми бонкии дузинаги, ташкили мархилавии механизми танзимгардонии карзию-пулии гардиши хочаги ташкил гардид.

    Иктисодиети чумхури ва низоми бонки чун кисми чудонашавандаи он, ба якдигар таъсири мутакобила дошта, чараени ташаккул ва такомули худро дар шароити нави иктисоди аз сар мегузоронанд.

    Дар соли 2002 ба инкишофи бонкхо, таъмини устувории молияви ва фаъолияти муътадили онхо, хамчунин ба тадбирхое, ки баланд шудани эътимоднокии низоми бонкии мамлакат дар мачмуъ ва хар як бонки чудогонаро дар алохидаги таъмин менамоянд, таваччухи хос зохир карда шуд.

    То 1 январи соли 2002 дар қаламрави Чумхурии Точикистон 14 бонки мустакил; аз чумла, 7 бонки сахомию тичорати бо 106 бахш. 1 бонки тичорати бо 4 бахш, 1 - чамъияти саххомии номахдуд, 2 - чамъияти сахомии махдуд бо 3 бахш ва 1 бонки давлати - Бонки Давлатии Амонатгузории Чумхурии Точикистон "Амонатбонк" бо 5 бахш, 2 бонки муштарак (Бонки муштараки сармоягузории "Осиёи маркази", Бонки саххомию тичоратии муштараки Луксембургу Точикистон "Ист-Кредит-Бонк") фаъолият менамоянд. Ба гайр аз ин, шуъбаи бонки "Тичорат"-и Чумхурии Исломии Эрон дар шахри Душанбе ва 2 ташкилоти молиявии гайрибонки дар шакли чамъияти карздихи - ЧКММ "'Фонон" ва ЧКММ "Дехкон" низ фаъолият мекунанд.

    Нисбат ба 1 январи соли 2001 дар Чумхурии Точикистон теъдоди бонкхо 1 адад кам шуда, шумораи бахшхо 3 адад зиёд шуд.

    Дар доираи корхо оид ба такмили заминаи конунгузорие, ки фаъолияти бонкии Бонки миллии Точикистон-ро танзим менамояд дар соли хисоботи корхои зерин анчом дода шуд:

    1. Ба конунгузории андоз ислохотхо омода карда шуданд, ки ба афзун кардани бовари ба низоми молияви ва чалби пасандози ахоли ба бонкхои чумхури равона гардида. кобилияти фаъолияти бонкхо ва рушди бахши хусусиро таъмин менамоянд, аз он чумла:

    I. ислоххое, ки хатми будани бакайдгирии шахсоии вокеиро дар макомоти андоз (гирифтани ракамхои муайянкунандаи андозсупорон) хангоми дар бонк гузаштани маблаг дар шакли пасандоз (амонат) бе кор мекунанд;

    П.ислоххое, ки ба макомоти андоз ваколат медиханд танхо дар асоси карори суд амалиети харочотро аз руи хисоби муштариёни бонк боз доранд;

    Ш.ислоххое, ки тартиби андозбандии бонкхоро тагйир медиханд (аз заминаи андозбандишаванда пурра (100%) нигох дошгани маблагхое, ки барои ташкили захирахо оид ба карзхои гайристандарти равона шудаанд; пардохти андоз ба амволи бонк бо назардошти активхои асоси, на бо назардошти активхои софи бонк);

    IV.ислоххое, ки аз чониби шахрвандон пардохтани бочи давлатиро оид ба интиколоти пули аз хоричи кишвар бекор мекунад.

    2. Ба санадхои меъёрии Ҳукумати Чумхурии Точикистон ислохот омода карда шудаанд, ки кам шудани меъёри бочхои давлатиро (хирочхои дигарро) барои бакайдгири ва ба расмият даровардани шартномахои гарав аз нав ба расмият даровардани хукуки моликият ба амволи гаравгузошташуда хангоми барнагаштани карз, хамчун кам кардани меъёри бочхои давлатиро оид ба даъвономахои дорои хусусияти моли дошта, пешбини мекунанд.

    Ислоххои дар боло номбаршуда дар масъалаи андозбанди, аз чумла оид ба пардохти бочхои давлати дар айни замон кабул гардида, дар санадхои дахлдори меъёрии чумхури ворид карда шуданд.



    1. Асосхои меъёри тахия гардид, ки фаъолияти ташкилотхои гайрибонкии молиявиро танзим намуда, барои инкишофи институтхои номбаршуда замина фарохам меоранд.

    2. Бо максади афзун кардани боварии шахсони хукуки ва вокеи, чалби маблагхои пулии онхо ба низоми бонки лоихаи конун "Дар бораи бимаи (сугуртаи) амонати шахсони вокеи" омода карда шуд, ки дар айни замон ба Ҳукумати Чумхурии Точикистон пешниход гардидааст.

    Ислохоти системаи бонки, аз руи самтхои дигар низ сурат мегирад. Дар байни онхо:

    -васеъ кардани навъхои хизмати бонкц ва баланд бардоштани сифати онхо;

    -такмили фаъолияти бозорхои карзи, когазхои кимматнок ва асъорц;

    -дастгирии бонкии сектори хусусц бо рохи пешниходи микрокредит (карзхои хурд) ба сохибкорон, хочагихои дехконй ва шахсоне, ки бо сихибкории хурд бе таъсиси шахси хукуки машгул мебошанд;

    -ташкил кардани ташкилотхои молиявии гайрибонки барои хизматрасонии молияви, аз чумла дар дехот;

    -суръат додани хисоббаробаркунихо бо рохи гузаштан ба системаи пардохти электрони;

    -барпо кардани системаи миллии пардохт бо истифодаи кортхои пластикии "Точкорт";

    -чорй намудани технологияи нави иттилоотй ва коркарду тахрири пардохтхои бонки;

    -баланд бардоштани боварии кавии ахолй ба системаи бонки бо рохи таъмини риояи катъии конунгузории бонкй дар сохаи хифзи хукуки мизочон, махфй нигох доштани сирри амонатхо ва харакати пул дар хисобхои бонкии онхо;

    -ривоч додани фаъолияти бонкхо дар сохаи чалб намудани пасандозхои ахолй, фарохам овардани шароити сугуртакунонии амонатхо ва кафолати хифзи онхо:

    Барои анчом додани ислохоти бонки назорат ба фаъолияти бонкхо аз чониби Бонки миллии Точикистон пурзур мегардад. Бо ин максад Бонкй милли корхои зеринро идома медихад:

    -бозхонди ичозатнома (литсензия) барои гузаронидани амалиёти бонкй аз бонкхо ва чамъиятхои карздихи, ки талаботи санадхои меъёрии Бонки миллии Точикистонро ичро намекунанд;

    -дигаргунсозии сохтори бонкхо, аз чумла Бонкй давлатии амонатгузории Чумхурии Точикистон;

    -пурзур намудани талабот ба бонкхо оиди масъалахои гузаштан ба аудити байналхалки ва нашри хисоботи молиявии онхо.



    Сачашмахо.

    1. Конуни ЧТ “Дар бораи Бонки Миллии Точикистон”

    2. КонуниЧТ “Дар бораи бонкхо ва фаъолияти бонки”

    3. Низомномаи №79 БМТ “Дар бораи танзими фаъолияти муассисахои карзи”

    4. Ахбори Бонки Миллии Точикистон №3 (33) 2002 с., №5-6 (35-36) 2002 с.

    5. Ачкасов А. И. Балансы коммерческих банков и методы их анализа. Вопросы ликвидности и их отражение в банковских балансах - М., 1993 г.

    6. Жуков Е. Ф. Менеджмент и маркетинг в банках - М., 1997 г.

    7. Иванов В.В. Анализ надежности банка - М., 2000 г.

    8. Кох Тимоти У. Управление банком - Уфа, 1996 г.

    9. Основы банковского менеджмента / Под ред.О.И.Лаврушина.-М., 1995 г.

    10. Усоскин В.М. Современный коммерческий банк: управление и операции. М., 1994 г.

    11. Черкасов В.Е. Финансовый анализ в коммерческом банке - М., 1995 г.

    12. Букин С. За кулисами рейтинга // Банковские технологии 2001, №11

    13. Ворд М. Е., Портер Р. С. Перспективы использования рейтинговой системы СAMЕL в России // Бюллетень финансовой информации 1996, №5

    14. Довгялло М. И др. Методология рейтингового анализа коммерческих банков // Рынок ценных бумаг 1999, №20

    15. Оленев Н., Карминский А., Астрелина В. О необходимости дифференциации пруденциальных норм и рейтинговых оценок для финансовых институтов реальной экономики // Рынок ценных бумаг 1999, №20

    16. Соврин С. В. Современные банковские технологии и их влияние на эффективной банковской системы // Деньги и кредит 2001, №9




    1   2

    Коьрта
    Контакты

        Главная страница


    Набудани механизми идоракунии гардиши пулй бо методхои иктисоди