Скачать 127.9 Kb.


Дата28.08.2018
Размер127.9 Kb.
ТипСеминар

Скачать 127.9 Kb.

Семинари машваратии фосилавии Лоиҳаи " Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим"




Ҳисобот

оид ба гузаронидани семинари машваратии фосилавии Лоиҳаи

Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим”

Санаи баргузорӣ: 16-феврали соли 2017 Макони баргузорӣ: Душанбе

Дар доираи омодагӣ барои гузаронидани семинари фосилавии ҳолати татбиқи лоиҳаи “Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим” тибқи дастури банди 45. “Қайди Хотираҳо”-и миссия БОР аз 12-21 октябри соли 2016 аз ҷониби Марказ мушовири инфиродиии маҳаллӣ Орипов Зайнидин барои як моҳи корӣ (аз 16 январ то 17 феврали соли 2017) ҷалб карда, дар асоси супориши техникӣ Қарордод баста шуд. Дар асоси нақшаи кории омодагӣ барои семинар фаъолият ба роҳ монда шуд.

Азбаски дар семинари пешбинишуда ҳамаи 4 қисмати фаъолияти татбиқи Лоиҳаи “Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим” мавриди баррасӣ қарор мегирифт, се агентиҳои татбиқкунандаи зерин мутобиқи буҷети тасдиқкардаи Бонки Осиёгии Рушд ба рафти корҳои омодагии семинар ҷалб карда шуданд.

1. Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи “Таъмини устувори ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим” масъули қисматҳои 1 ва 2-и лоиҳа

2. Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои назди Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, масъули қисмати сеюми лоиҳа

3. МД МТЛ “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва рушди деҳот” аз Вазорати молия, масъули қисмати чоруми Лоиҳаи “Таъмини устувори ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим”

Ҳафтае як маротиба бо иштироки намояндагони ин қисматҳои Лоиҳа ҷаласаи кории кумитаи тадоркутоти семинар баргузор мегардид ва аз руи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, протоколи маҷлисҳо тартиб дода шуд.

Равишномаи рафти семинар, барномаи семинар ва руйхати маърузачиён аз ҷониби мушовири маҳаллӣ омода гардид.

Маърузаҳои семинар аз ҷониби мушовири семинар мавриди таҳриру такмил қарор гирифта, барнома ва руйхати иштирокчиёни семинар бо Бонки Осиёгии Рушд мувофиқа карда шуд. Барои иштирок дар семинар ба роҳбарони ҳукуматҳои маҳаллии 8 ноҳияи пилотии Лоиҳа - Восеъ, Кулоб, Панҷ, Дарвоз, Ванҷ, Рушон, Ишкошим, Роштқалъа, роҳбарони дафтарҳои татбиқи лоиҳа дар Панҷ, Восеъ, Дарвоз ва Хоруғ, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Барномаи мутобиқат ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон, намояндагии БОР дар Тоҷикистон даъватнома ирсол гардид. Умуман, 80 нафар ба руйхати иштиокчиёни семинар шомил гардиданд.

Дар доираи омодагӣ ба семинар барои ҳар як иштирокчӣ дар дохили папка баробари дафтару қалам, барномаи семинар, пурсишнома, буклети лоиҳа омода гардид. Лавҳаи ранга ба шакли банер дар бораи Лоиҳа омода гардида назди даромадгоҳи толор гузаронида шуд.

Мутобиқи барнома санаи 16 феврали соли 2017 соати 8.30 дақика бақайдгирии иштирокчиёни семинар то соати 09.00 идома ёфт. Аз ҳамаи 8 ноҳияи пилотӣ даъватшудагон ба семинар ҳозир шуданд. Инчунин аз БОР, Барномаи ППСР, ширкатҳои машваратӣ, ташкилотҳои молиявии карзии хурд, воситаҳои ахбори омма ба ҷои 1 нафари даъватшуда 2 нафарӣ омаданд, ки дар натиҷа теъдоди иштирокчиёни семинар ба 100 нафар расид. Дар толор ба ҳамаи меҳмонон ва иштирокчиён ҷои нишаст таъмин гардид.



Мутобиқи барномаи семинар соати 09.00 барандаи семинар мушовири инфиродии Маркази татбиқи Лоиҳаи “Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим” Орипов З. (Зайнидин Орифӣ) бо суханони муқаддимавӣ оғоз намуда, мақсаду вазифаҳои семинарро баён дошт ва дар маросими кушодашавии семинар ба меҳмонон сухан дод. Нахуст, Директори намояндагии БОР дар Тоҷикистон ҷаноби СИ СИ Ю ҳамаи иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, таъкид дошт ки Бонки Осиёгии Рушд ҳмчун идоракунандаи маблағҳои грантии Хазинаи Стратегии Иқлим барои беҳбудии рўзгори истиқоматкунандагони ҳавзаи дарёи Панҷ, ки аз таъсири тағйирёбии иқлим осебпазиранд, маблағгузорӣ карда мешавад. Дар ин самт Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд дар санаи 18 сентябри соли 2013 ба имзо расида аз тарафи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 январи соли 2014 ба тасвиб расонида шудааст. Азбаски Лоиҳаи “Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим” дар доираи барномаи мутобиқат ба тағйирёбии иқлим амалӣ карда мешавад, аз ин рӯ бо сухани муқаддимавӣ Анвар Ҳомидов, Мушовири калони техникии котиботи Барномаи мутобиқат ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон баромад намуд. Ҳамчун агентии иҷроияи қисматҳои якум ва дуюми Лоиҳаи “Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим” сардори шуъбаи корҳои соҳилмустаҳкамкунии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибуло Маҳмадуллоев дар маросими кушодашавии семинар баромад намуда, бамаврид будани семинарро чунин зикр намуд:” Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ҷамъшавии боришот дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар ҳавзаҳои дарёҳои ҷумҳурӣ аз меъёр зиёд, аз ҷумла дар ҳавзаи дарёи Панҷ 163% -ро ташкил дод ва мувофиқи нишондодҳои барфсанҷӣ обнокии барф дар ҳавзаи дарёи Панҷ аз меъёр зиёд (110-125%) пешбинӣ шудааст, ки ин ба хатари обхезӣ мансуб мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир санаи 10 феврали соли ҷорӣ аз ҷониби Раиси Комиссия давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқуллода, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миилат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеъ оид ба ҳолатҳои фавқуллодаи табиӣ дар панҷ соли охир ба вазорату идораҳои дахлдор оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода супориши қатъӣ додаанд. Аз ин ру, баргузории имруза семинари машваратии фосилавӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим” , хело саривақтӣ аст. Раиси ноҳияи пилотии Лоиҳа ноҳияи Восеъ Хушвақтзода дар ниҳояти маросими кушодашавӣ ба сухан баромада, барои татбиқи хуби Лоиҳа ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, таъмини оби нушокӣ ба роҳбарони агентиҳои татбиқкунандаи Лоиҳа ва БОР арзи сипос намуд. Ҳамчунин дар сессияҳои семинар роҳбарият ва мутахасисони се агентии татбиқкунандаи Лоиҳа баромад намуда ба саволҳои иштирокчиён посух медиҳанд. Аз он ҷумла, Каримов Насиб Ғаниевич, Директори Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи “Таъмини устувори ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим” масъули қисматҳои 1 ва 2-и лоиҳа,Равшан Туйчизода Роҳбари Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои назди Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, муовини аввали Директори генералии ХМК, масъули қисмати сеюми лоиҳа, Илҳом Нозимов , муовини Директори МД МТЛ “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва рушди деҳот” аз Вазорати молия, масъули қисмати чоруми лоиҳаи “Таъмини устувори ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим”. Вобаста ба ҳолати татбиқи Лоиҳа аз ҷониби се компонент тибқи барномаи семинар 12 маърузачи баромад намуданд. Ҳангоми саволу ҷавоб ва муҳокимарониҳо иштирокчиёни семинар якчанд масъалаҳои муҳими рафти татбиқи Лоиҳаро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла:

  1. Бо фоизи баланд (то 28%) пешниҳод кардани қарзҳо аз ҷониби ташкилотҳои молиявии қарздиҳии хурд ба сокинони ноҳияи пилотӣ

  2. Тезонидани корҳои таъмини оби нушокӣ дар ноҳияҳои Панҷ, Восеъ ва Кулоб.

  3. Пешниҳод намудани 1 адад техникаи иловагии мелиоративӣ ба ноҳияи Панҷ.

  4. Ба лоиҳаи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ворид намудани сойи деҳаи Дуробаки ҷамоати Қалаихумби ноҳияи Дарвоз

  5. Пардохти сузишворӣ барои техникаҳои мелиоративӣ басо гарон мебошад, аз ин рӯ ҳангоми корҳои соҳилмустаҳкмкунӣ дар доираи Лоиҳа маблағҳои иловагӣ ҳамчун грант ба АБЗО дода шавад.

  6. Дар купруки дар ҷамоати Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ истифоддода шуда аз ду тарафи поён бетонрези карда шавад, беҳтар мешуд.

  7. Маърузаҳои семинар бештар чоп карда ба ноҳияҳои пилотӣ дастрас карда шавад.

Фикру мулоҳиза, пешниҳоди иштирокчиёни семинар аз ҷониби мутахассисон мавриди омузиш қарор гирифт.

Дар ниҳояти семинар барои намояндагони воситаҳои ахбори умум варақаи иттилоотӣ тақсим карда шуд, ки рафти ин семинар тариқи телевизиони “Љаҳоннамо” инъикос карда шуд. Њамзамон гузориш аз љараёни семинар ба АМИТ “Ховар” фиристода шуд. Маводу суратҳои семинар дар сомонаи расмии Марказ www.pyanjbasin.org ҷой дода шуд.



Натиҷаҳои пурсишномаи баҳодиҳии семинар муайян намуд, аз 100 % иштирокчиёни семинар 84 % иштирокчиён ба мазмун ва рафти семинар баҳои хуб доданд, 10 % баҳои муътадил ва 6 % боқимонда семинаро миёна баҳогузорӣ карданд.

Сармутахасиси арзёбӣ Дадаҷонов Ҳ.

Коьрта
Контакты

    Главная страница


Семинари машваратии фосилавии Лоиҳаи " Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим"

Скачать 127.9 Kb.