страница1/4
Дата28.08.2018
Размер0.83 Mb.

ҶУМҲурии тоҷикистон «дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ»


  1   2   3   4

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«ДАР БОРАИ БАРҲАМДИҲИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ»

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

БОБИ 2. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ БАРҲАМДИҲӢ

БОБИ 3. БАРҲАМДИҲИИ ИХТИЁРӢ

БОБИ 4. БАРҲАМДИҲИИ МАҶБУРӢ

БОБИ 5. БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА БАРҲАМДИҲИИ МАҶБУРИИ

ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ ДАР СУД

БОБИ 6. АҲДҲО, АМАЛҲОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ВА МАСЪУЛИЯТ

БОБИ 7. ДИГАР АСОСҲОИ ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ҚАРЗҲОИ ТАШКИЛОТИ ҚАРЗӢ

БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқии татбиқ намудани раванди барҳамдиҳии

ихтиёрӣ ва маҷбурӣ, аз ҷумла раванди муфлисшавии ташкилотҳои қарзиро танзим

менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- мудир - шахсе, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон то аз ҷониби суд таъин

шудани барҳамдиҳанда ва ё мудири махсус бо мақсади таъмини ҳифзу нигоҳдории

дороиҳои ташкилоти қарзие, ки иҷозатномааш бозхонд шудааст, таъин гардидааст;

- барҳамдиҳанда - шахси дорои шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки

бо қарори суд барҳамдиҳии ташкилоти қарзиро бе асосҳои муфлисшавӣ анҷом

медиҳад;


- мудири махсус - шахси дорои шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо

қарори суд барҳамдиҳии ташкилоти қарзиро аз рӯи асосҳои муфлисшавӣ анҷом

медиҳад;

- муфлисшавӣ - бо тартиби муқарраршуда аз ҷониби суд ғайри қобили пардохт

эътироф кардани ташкилоти қарзии қарздоршуда, яъне қобилият надоштани вай

барои қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон аз рӯи ӯҳдадориҳои пулӣ, аз ҷумла

пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет;

- барҳамдиҳии ихтиёрӣ (худбарҳамдиҳӣ) - барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ дар

асоси қарори мақомоти ваколатдори ташкилоти қарзӣ;

- қарздор - ташкилоти қарзӣ, ки бо тартиби муқарраршудаи Қонуни мазкур

муфлис эътироф шудааст;

- қарздеҳ - шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла пасандозгузор, ки ҳуқуқи аз

ташкилотҳои қарзӣ талаб кардани иҷрои ӯҳдадориҳои пулиро дорад;

- пасандоз - маблағи пулие, ки бо шарти пардохти фоизи муайян ҳуқуқи

истифодаи муваққатиашон ба ташкилотҳои қарзӣ дода шудааст;2

- барҳамдиҳии маҷбурӣ- барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ бидуни

асоси муфлисшавӣ, ки иҷозатномаи вай тибқи қонунгузории бонкӣ бозхонд шудааст ва

барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ, ки иҷозатномаи вай бо сабаби муфлис

шудан бозхонд шудааст;

- мурофиаи муфлисшавӣ - мурофиае, ки бо қарори суд нисбат ба ташкилотҳои

қарзии муфлис эътирофшуда оғоз мегардад ва аз тарафи мудири махсус анҷом дода

мешавад;


- суд - судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- кумитаи қарздеҳон - мақоми ваколатдори маҷлиси қарздеҳони қарздор, ки

фаъолияти худро мутобиқи талаботи Қонуни мазкур анҷом медиҳад;

- свопи асъорӣ - амалиёти хариди асъори хориҷӣ бо пардохти фаврии муодили

он бо пули миллӣ ва бо шарти бозхариди минбаъдаи он аз рӯи қурби шартномавӣ;

- репо - амалиёти хариди (фурӯши) коғазҳои қиматнок бо ӯҳдадории

бозфурӯши (бозхариди) онҳо дар мӯҳлат ва бо нархи қаблан муайянгардида.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳии

ташкилотҳои қарзӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои

қарзӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни

мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои

ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Хабардор кардани Бонки миллии Тоҷикистон дар хусуси

мушкилоти ташкилоти қарзӣ

Роҳбарон ва саҳмиядорони (иштирокдорони) ташкилоти қарзӣ ӯҳдадоранд ба

Бонки миллии Тоҷикистон фавран хабар диҳанд, агар ба онҳо яке аз ин ҳолатҳо

маълум бошад:

- аз ҷониби ташкилоти қарзӣ иҷро нагардидани ӯҳдадории пулӣ дар назди ҳар

гуна қарздеҳ;

- сатҳи нокифояи сармоя ё пардохтпазирӣ нисбати талаботе, ки санадҳои

меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки

миллии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд;

- риоя накардани меъёрҳои мақбул, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва талаботи

қонунии Бонки миллии Тоҷикистон;

- қабули ҳар гуна қарори мақомоти ваколатдори ташкилоти қарзӣ дар бораи

барҳамдиҳии он;

- пардохтнопазирии ташкилоти қарзӣ ё мавҷудияти таҳдиди он;

- амалҳои бевиҷдонона, сӯиистифода аз мансаб, ришвахӯрӣ, қаллобӣ ва дигар

амалҳои ғайриқонунии роҳбарон, аъзои Шӯрои нозирон ё саҳмиядорони ташкилоти

қарзӣ, ки метавонанд боиси пайдо шудани мушкилоти молиявии ташкилоти қарзӣ

гарданд.3

БОБИ 2. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ БАРҲАМДИҲӢ

Моддаи 4. Асоси барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ

Барои анҷом додани ҳар гуна раванди барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ тариқи

судӣ ё ғайрисудӣ, қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бозхонди иҷозатнома

барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ асоси ягона ба ҳисоб меравад.

Моддаи 5. Расмиёти барҳамдиҳӣ

1. Расмиёти барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ дар шакли барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва

барҳамдиҳии маҷбурӣ гузаронида мешавад.

2. Барҳамдиҳии ихтиёрӣ бо тариқи ғайрисудӣ ва барҳамдиҳии маҷбурии

ташкилоти қарзӣ бо тариқи судӣ гузаронида мешаванд.

3. Барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ дар асоси аризаи Бонки миллии

Тоҷикистон бо қарори суд амалӣ мегардад.

4. Баъди бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ, талаботи Бонки миллии

Тоҷикистон оид ба талаб кардани ҳисоботи молиявӣ ва дигар ҳисобот қатъ мегардад.

5. Бонки миллии Тоҷикистон мониторинги ташкилоти қарзии барҳамхӯрандаро

то пурра тамом шудани ҳамаи расмиёт ва ворид намудани сабт ба феҳрист оид ба

қатъи фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ба сифати шахси ҳуқуқӣ, дар доираи ваколатҳои

пешбининамудаи қонун анҷом медиҳад.

БОБИ 3. БАРҲАМДИҲИИ ИХТИЁРӢ

Моддаи 6. Тартиби барҳамдиҳии ихтиёрӣ

1. Барҳамдиҳии ихтиёрии ташкилоти қарзӣ бо тариқи ғайрисудӣ тибқи асосҳои

пешбиникардаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо розигии Бонки

миллии Тоҷикистон сурат мегирад.

2. Қарор дар бораи барҳамдиҳии ихтиёрии ташкилоти қарзӣ аз ҷониби

мақомоти ваколатдори он дар ҳолати қобили пардохт будани ташкилоти қарзӣ қабул

карда мешавад.

3. Ташкилоти қарзӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон оид ба бозхонди иҷозатнома

бо дархост муроҷиат мекунад, ки ба он бояд нақшаи муфассали чорабиниҳо дар бораи

мӯҳлати омодагии ташкилоти қарзӣ оид ба қатъи фаъолияти худ, тартиб ва мӯҳлати

қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон замима гарданд.

4. Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати на дертар аз як моҳ дархости

ташкилоти қарзиро баррасӣ карда, қарори дахлдор қабул менамояд.

5. Ҳангоми аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон қонеъ гардонидани дархости

ташкилоти қарзӣ дар бораи барҳамдиҳии ихтиёрӣ мақомоти ваколатдори ташкилоти

қарзӣ комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис медиҳад, ки он барои анҷом додани расмиёти

барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилоти қарзӣ масъул

мебошад.

6. Комиссияи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст дастрасии Бонки

миллии Тоҷикистонро ба биноҳои ташкилоти қарзӣ, ҳисобот, ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва

дигар ҳуҷҷатҳои ба фаъолияти ташкилоти қарзӣ дахлдор таъмин намояд.4

7. Қонеъ гардонидани дархости ташкилоти қарзӣ имкон дорад аз ҷониби Бонки

миллии Тоҷикистон рад гардад, агар муайян карда шавад, ки дороиҳои мавҷудаи

ташкилоти қарзӣ барои пурра қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон кофӣ

намебошанд ва ё барои бозхонди иҷозатнома дигар асосҳо мавҷуд бошанд.

8. Комиссияи барҳамдиҳӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон бо тартиби

муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи

тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод менамояд. Шахсоне, ки барои

қасдан пешниҳод кардани маълумоти нодуруст гунаҳгоранд, дар рафти ба миён

гузоштани масъалаи барҳамдиҳии ихтиёрӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

9. Агар Бонки миллии Тоҷикистон муайян кунад, ки комиссияи барҳамдиҳии

ташкилоти қарзӣ тартиби барҳамдиҳии ихтиёриро муваффақона таъмин накарда,

талаботи Бонки миллии Тоҷикистонро иҷро намекунад ё ҳуқуқу манфиатҳои қонунии

қарздеҳон риоя намегарданд, Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо мақсади

таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои ташкилоти қарзӣ мудир таъин карда, ба суд бо

ариза дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ муроҷиат намояд.

БОБИ 4. БАРҲАМДИҲИИ МАҶБУРӢ

Моддаи 7. Барҳамдиҳии маҷбурӣ

1. Барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ тибқи қарори суд бе асосҳои

муфлисшавӣ ё бо асосҳои муфлисшавӣ амалӣ мегардад.

2. Пешниҳоди ариза дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ ба суд

ҳуқуқи истисноии Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.

3. Мақомоти дигари ваколатдор ва қарздеҳон метавонанд ҷиҳати барҳамдиҳии

маҷбурии ташкилоти қарзӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Бонки

миллии Тоҷикистон ӯҳдадор аст дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ муроҷиати мазкурро

баррасӣ намуда, қарори дахлдор қабул намояд.

Моддаи 8. Барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ бе асосҳои

муфлисшавӣ

Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми мавҷудияти асоси қонунӣ аз ташкилоти

қарзӣ иҷозатномаро барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бозхонд намуда, дар он

мудир таъин менамояд ва дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ бе

асосҳои муфлисшавӣ бо ариза ба суд муроҷиат мекунад.

Моддаи 9. Оғози барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ бе асосҳои

муфлисшавӣ

1. Аз рӯзи қабули санади судӣ дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти

қарзӣ расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ оғозшуда ҳисоб мешавад ва суд

барҳамдиҳандаеро, ки шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро дорад, таъин

мекунад. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ талаботи

тахассусии барҳамдиҳанда ва тартиби гирифтани шаҳодатномаи Бонки миллии

Тоҷикистонро муқаррар менамояд.5

2. Мудир ба воситаи тартиб додани санади қабулу супурди молу мулк ва

ҳуҷҷатҳо идоракунӣ ва назорати ташкилоти қарзиро ба ихтиёри барҳамдиҳанда

месупорад. Барҳамдиҳанда расмиёти барҳамдиҳии маҷбуриро мутобиқи Қонуни

мазкур анҷом медиҳад.

3. Агар дар рафти барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ ғайри қобили

пардохт будани он маълум шавад, он гоҳ суд тибқи пешниҳоди барҳамдиҳанда

расмиёти барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзиро бо асосҳои муфлисшавӣ оғоз

мекунад.


4. Барҳамдиҳанда на дертар аз ду рӯзи баъди таъин шудан дар бораи оғози

расмиёти барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ дар воситаҳои ахбори омма

хабарнома нашр мекунад.

5. Аз лаҳзаи оғози барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ:

- амалҳое, ки ташкилоти қарзӣ анҷом медиҳад ё аз номи ташкилоти қарзӣ анҷом дода

шудаанд, беэътибор дониста мешаванд, ба истиснои амалҳое, ки барҳамдиҳанда ё

шахси ваколатдори ӯ анҷом медиҳад;

- ҳамаи парвандаҳои судӣ нисбат ба ташкилоти қарзӣ ва ҳабси дороиҳои он қатъ

мегарданд;

- ба дороиҳои ташкилоти қарзӣ тартиби истеҳсолоти иҷро татбиқ намегардад, ба

истиснои дороиҳои таҳти гарав қарордошта ба андозаи маблағи қарзи бо гарав

таъминшуда;

- нисбат ба ташкилоти қарзӣ дигар расмиётҳо оғоз карда намешаванд, агар

Қонуни мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

6. Барҳамдиҳанда ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мудири махсусро доро мебошад.

Моддаи 10. Барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ бо асосҳои

муфлисшавӣ

1. Ташкилоти қарзӣ ҳангоми ғайри қобили пардохт буданаш муфлис эътироф

мешавад, агар он ҳангоми фаро расидани мӯҳлати пардохт талаботи қонунии

қарздеҳонро оид ба пардохти қарз ва иҷрои дигар ӯҳдадориҳо қонеъ карда натавонад ё

рад намояд, сармояаш камтар аз 25 фоизи талаботи меъёрии муқарраркардаи Бонки

миллии Тоҷикистон бошад ё ки ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ аз дороиҳои он зиёд

бошад.

2. Ҳангоми оғоз намудани мурофиаи муфлисшавӣ нисбат ба ташкилоти қарзӣ



инҳо ба эътибор гирифта намешаванд:

- дар оянда имконият доштани ташкилоти қарзӣ барои пардохти ӯҳдадориҳои

пулӣ;

- мавҷудияти маблағҳое, ки ба дороиҳои ташкилоти қарзӣ шомил набуда, дар



ихтиёри саҳмиядорон ё сармоягузорони эҳтимолии ташкилоти қарзӣ қарор доранд,

даромаднокии ташкилоти қарзӣ дар гузашта, обрӯю нуфузи он ва ғайра;

- далел ва ҳуҷҷатҳои иловагии ташкилоти қарзӣ, ки қаблан ё зимни қабули

қарор оид ба бозхонди иҷозатнома дар Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи онҳо

маълумот мавҷуд набуд.6

3. Ҳангоми муфлисшавии ташкилоти қарзӣ амалҳое, ки ташкилоти қарзӣ анҷом

додааст ё аз номи он анҷом дода шудаанд, беэътибор дониста мешаванд, ба истиснои

амалҳое, ки мудири махсус ё шахси ваколатдори ӯ анҷом медиҳанд.

4. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур

барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзии ғайри қобили пардохт имкон дорад

фавран, бе истифодаи чораҳои огоҳсозии муфлисшавии ташкилоти қарзӣ, инчунин

чораҳои огоҳкунанда ва муҷозоти пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии

Тоҷикистон оғоз карда шавад.

Моддаи 11. Ариза дар бораи оғоз намудани мурофиаи муфлисшавӣ

1. Ариза дар бораи муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ аз ҷониби Бонки

миллии Тоҷикистон дар рӯзи қабули қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи

ташкилоти қарзӣ бо зикри асосҳо ба суд пешниҳод карда мешавад. Аз лаҳзаи бозхонди

иҷозатнома фаъолияти ташкилоти қарзӣ қатъ мегардад.

2. Бонки миллии Тоҷикистон якҷоя бо ариза ба суд ҳамчунин тавозуни

ташкилоти қарзӣ ва рӯйхати номзадҳоро ба вазифаи мудири махсус пешниҳод

менамояд.

3. Аз лаҳзаи аз ҷониби суд ба истеҳсолот қабул шудани ариза дар бораи оғози

мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ ягон қарздеҳ барои бозпас гирифтани

маблағи пулӣ ё талаби иҷрои дигар ӯҳдадориҳо ҳуқуқ надорад.

Моддаи 12. Таъини мудир

1. Бонки миллии Тоҷикистон бо қабули қарори дахлдор дар бораи бозхонди

иҷозатнома аз ташкилоти қарзӣ дар он мудир таъин менамояд.

2. Мудир барои идора кардани ташкилоти қарзӣ то лаҳзаи аз ҷониби суд

мутобиқи моддаи 17 Қонуни мазкур таъин кардани мудири махсус масъул мебошад.

Моддаи 13. Оқибатҳои оғоз кардани мурофиаи муфлисшавӣ ва таъини

мудири махсус

1. Аз лаҳзаи оғози мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ:

- мӯҳлати пардохти ҳамаи ӯҳдадориҳои қарзии ташкилоти қарзӣ фарорасида

ҳисоб мешавад;

- ҳисоб кардани ҳамаи андозҳо (ба истиснои андоз аз даромад), дигар пардохтҳои

ҳатмӣ ба буҷет, ноустуворона ва фоизи ӯҳдадориҳои қарзии ташкилоти қарзӣ қатъ

мегарданд;

- андозҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ноустуворона ва фоизҳои то оғози

расмиёти барҳамдиҳӣ ҳисобкардашуда мутобиқи Қонуни мазкур пардохт карда

мешаванд;

- маълумот дар бораи вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла маълумот дар

бораи қарздорон, ба истиснои маълумот дар бораи амонат ва пасандозҳои шахсони

воқеӣ минбаъд маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ ва бонкӣ ҳисобида намешаванд;

- маълумот дар бораи амонатгузорону пасандоздорон, ба истиснои маълумот

оид ба маблағи умумии талаботи онҳо, шахсони вобастаи ташкилоти қарзӣ ё шахсони

тибқи Қонуни мазкур ба фаъолияти ғайриқонунӣ гумонбаршуда махфӣ боқӣ мемонад;7

- анҷом додани аҳдҳои бегона кардани молу мулки ташкилоти қарзӣ ва ба шахси

сеюм додани истифодаи молу мулки ташкилоти қарзӣ ё иҷрои ӯҳдадориҳо танҳо

мутобиқи Қонуни мазкур иҷозат дода мешавад;

- иҷрои санадҳои судӣ (қарорҳо, таъинот ва ғайраҳо) ҷиҳати пардохти қарзҳои

ташкилоти қарзӣ ва ҳабси дороиҳои он, инчунин амалҳое, ки ба иҷрои маҷбурии

ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ равона шудаанд, қатъ карда мешаванд;

- ҳамаи талабот ба молу мулки ташкилоти қарзӣ танҳо дар доираи мурофиаи

муфлисшавӣ пешниҳод карда мешаванд;

- талаботи пешниҳодшудаи қарздеҳ - гаравгир мутобиқи Қонуни мазкур қонеъ

гардонида мешаванд.

2. Аз лаҳзаи таъин шудани мудири махсус, ваколатҳои мудир қатъ шуда,

ваколатҳои мақомоти идораи ташкилоти қарзӣ (маҷлиси умумии саҳмиядорон, шӯрои

нозирон, раёсат, раис) ва мудир ба мудири махсус мегузаранд ва ӯ ягона намояндаи

қонунии ташкилоти қарзӣ ба ҳисоб меравад.

3. Мақомоти идораи ташкилоти қарзӣ ӯҳдадоранд аз лаҳзаи таъин шудани

мудири махсус ба ихтиёри ӯ вогузор намудани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои

ташкилоти қарзӣ, мӯҳру тамға, дороиҳоро таъмин намоянд. Дар ҳолати саркашӣ аз

иҷрои чунин ӯҳдадорӣ мақомоти идораи ташкилоти қарзӣ мутобиқи қонунгузории

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

4. Мудири махсус вазифадор аст дар бораи таъин шудани худ дар воситаҳои

ахбори омма на дертар аз панҷ рӯзи баъди қабули қарори дахлдори суд хабар ба чоп

расонад. Ин хабар на камтар аз се маротиба бо фосилаи ҳафт рӯз чоп карда мешавад.

5. Дар хабар бояд инҳо нишон дода шаванд:

-маълумот дар бораи суде, ки оид ба таъини мудири махсус қарор қабул

кардааст ва таърихи оғози раванди муфлисшавӣ;

- номи расмӣ ва дигар мушаххасоти ташкилоти қарзӣ;

- тартиби пешниҳоди талабот аз ҷониби қарздеҳон;

- мӯҳлати пешниҳоди талабот, ки бояд на камтар аз се моҳ бошад;

- маълумот дар бораи мудири махсус;

- дигар маълумоти зарурӣ.

6. Ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳон аз ҷониби мудири махсус мутобиқи Қонуни

мазкур сурат мегирад.

Моддаи 14. Хабардор кардани мақоми давлатии бақайдгирии шахсони

ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, Бонки миллии Тоҷикистон

1. Мудири махсус ӯҳдадор аст дар бораи оғоз ва анҷоми мурофиаи муфлисшавӣ

дар мӯҳлати се рӯз ба мақоми давлатии бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони

инфиродӣ, Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳад.

2. Дар ҳолати ба анҷом расидани мурофиаи муфлисшавӣ, қайд дар бораи

мавҷудияти ташкилоти қарзӣ дар феҳристи давлатии бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва

соҳибкорони инфиродӣ, феҳристи ташкилотҳои қарзӣ бекор карда шуда, фаъолияти

он қатъшуда ҳисоб карда мешавад.8

Моддаи 15. Мӯҳлати гузаронидани мурофиаи муфлисшавӣ

1.Мӯҳлати гузаронидани мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ

наметавонад аз ду соли тақвимӣ зиёд бошад. Ҳангоми зарурат мӯҳлати мазкур мумкин

аст тибқи таъиноти суд дар асоси дархости мудири махсус боз то ду соли дигар тамдид

карда шавад.

2. Мӯҳлати гузаронидани мурофиаи муфлисшавӣ бидуни қабул ва баррасии

ҳисоботи мудири махсус тамдид карда намешавад.

3. Бо ба итмом расидани мурофиаи муфлисшавӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва

дигар ҳуҷҷатҳо барои нигоҳдорӣ ба мақомоти бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон

фиристода мешаванд.

Моддаи 16. Аз нав оғоз кардани мурофиаи муфлисшавӣ

Қарздеҳони ташкилоти қарзӣ, ба ғайр аз шахсони вобастаи ташкилоти қарзӣ дар

давоми 12 моҳ баъди анҷом ёфтани мурофиаи муфлисшавӣ, дар ҳолати ошкор

кардани ҳар гуна дороиҳои қарздор, ҳуқуқ доранд бо ариза дар бораи аз нав оғоз

кардани мурофиаи муфлисшавӣ ба суд муроҷиат кунанд.

Моддаи 17. Мудири махсус

1. Мудири махсус аз лаҳзаи таъин шуданаш ҳуқуқу ӯҳдадориҳои пешбиникардаи

Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма

дорад.


2. Мудири махсус танҳо аз рӯйхати номзадҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон

шаҳодатнома додааст ва ба суд пешниҳод кардааст, таъин шуда метавонад. Бонки

миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ талаботи тахассусии мудири

махсус ва тартиби гирифтани шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро муқаррар

менамояд.

3. Мудири махсус ягона намояндаи қонунии ташкилоти қарзие мебошад, ки

нисбат ба он мурофиаи муфлисшавӣ татбиқ мегардад. Вай ҳуқуқ дорад мурофиаи

муфлисшавиро бо ҷалб намудани собиқ роҳбарон ва кормандони ташкилоти қарзӣ ё

шахсони дигар анҷом диҳад.

4. Вазифаи асосии мудири махсус ба манфиати қарздеҳон ситонидан ва бегона

кардани (фурӯхтани) дороиҳои ташкилоти қарзӣ ва тақсими маблағҳо бо тартиби

муқарраркардаи Қонуни мазкур мебошад.

5. Мудири махсус дар Бонки миллии Тоҷикистон ё бо розигии он дар ягон

ташкилоти қарзии дигар суратҳисобҳо мекушояд, ки ҳамаи маблағҳои пулӣ бояд ба ин

суратҳисобҳо ворид ё аз онҳо пардохт карда шаванд.

6. Мудири махсус инчунин:

- ба ташкилоти қарзӣ роҳбарӣ карда, онро бе ваколатнома намояндагӣ мекунад;

- баҳисобгирӣ ва нархгузории дороиҳои ташкилоти қарзиро анҷом дода, бо ин

мақсад ҳуқуқ дорад нархгузорон ва дигар мутахассисонро даъват карда, аз ҳисоби

дороиҳои ташкилоти қарзӣ ба онҳо ҳаққи хизмат диҳад;

- рӯйхати қарздеҳон ва қарздорони ташкилоти қарзиро тартиб дода, вазъи

молиявии ташкилоти қарзиро бо мақсади ситонидани қарзҳо, арзёбии тавозун,

фурӯши молу мулк ва пардохти қарзҳои қарздеҳон баррасӣ менамояд;9

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони ташкилоти

қарзиро дар хусуси минбаъд аз кор озод кардани онҳо огоҳ мекунад;

- бо тартиби муқарраршуда доир ба талаботи ба ташкилоти қарзӣ

пешниҳодкардаи қарздеҳон изҳори назар мекунад;

- барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки дар рафти муфлисшавӣ амалҳои

ғайриқонунӣ, муфлисшавии сохта ва бадқасдона содир кардаанд, мутобиқи

қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ меандешад;

- дигар чораҳои заруриеро меандешад, ки мухолифи Қонуни мазкур нестанд.

7. Аз рӯи ӯҳдадориҳое, ки аз аҳдҳои ташкилоти қарзӣ бармеоянд ва мудири

махсус мутобиқи ваколатҳои додаи Қонуни мазкур бастааст, худи ташкилоти қарзӣ

масъул мебошад.

8. Мудири махсус ҳангоми бастани аҳдҳо масъулият бар дӯш дорад, агар вай аз

номи худ, бе нишон додани он, ки мудири махсуси ташкилоти қарзӣ мебошад, амал

кунад.

9. Дар сурати ба миён омадани масъалаҳои баҳсталаб ва мушкилот дар амалӣ



намудани ваколатҳои мудири махсус, суд бо мақсади таъмини мурофиаи дахлдори

муфлисшавӣ тибқи аризаи мудири махсус ҳуқуқ дорад вайро ваколатдор намояд, ки

нисбат ба ташкилоти қарзӣ ё дороиҳои он амалҳои мушаххас андешад ё аз

андешидани онҳо худдорӣ намояд.

10. Суд мудири махсусро дар ҳолатҳои зерин иваз мекунад:

- бо хоҳиши мудири махсус;

- иҷро накардан ё иҷрои номатлуби вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда;

- агар мудири махсус барои иҷрои минбаъдаи ӯҳдадориҳо ҳуқуқ надошта бошад

ё аз ӯҳдаи минбаъд иҷро кардани вазифаи худ набарояд;

- дар дигар ҳолатҳои пешбиникардаи қонун.

11. Дар ҳамаи ҳолатҳои иваз намудани мудири махсус, шахси ивазкунанда

ваколатҳои мудири махсусро бо тартиби муқарраршуда аз рӯи санади қабулу

супурдани тасдиқкардаи суд қабул менамояд.

Моддаи 18. Ҳуқуқи мудири махсус

Мудири махсус дар мурофиаи муфлисшавӣ ҳуқуқ дорад ба манфиати қарздеҳон:

1) ҳар гуна амалҳои қонуниро бо дороиҳои ташкилоти қарзӣ бо мақсади қонеъ

гардонидани талаботи қарздеҳон анҷом дода, барои рӯёнидани қарзҳо дар назди

ташкилотҳои қарзӣ чораҷӯӣ намояд, инчунин барои ҷустуҷӯ, ошкор ва

баргардонидани молу мулки ташкилоти қарзӣ тадбирҳо андешад;

2) ҳар гуна ӯҳдадории ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла аҳдҳои иҷрошавандаро, ки

фоида намеоранд ё боиси ба вуҷуд омадани ӯҳдадориҳо мегарданд, рад кунад;

3) асоснокии талаботи қарздеҳонро тафтиш карда, дар ҳолати беасос буданашон

онҳоро пурра ё қисман рад кунад;

4) дороиҳои ташкилоти қарзиро пурра ё қисман бо ҳар тарзе ки қонунгузорӣ

пешбинӣ кардааст, фурӯшад ё бо таври дигар бегона кунад. Ҳангоми фурӯхтани молу

мулки ташкилоти қарзӣ, вай аз ҳамаи намуди андозҳо ва боҷу хироҷ озод карда

  1   2   3   4

Коьрта
Контакты

    Главная страница


ҶУМҲурии тоҷикистон «дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ»