страница2/4
Дата28.08.2018
Размер0.83 Mb.

ҶУМҲурии тоҷикистон «дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ»


1   2   3   4

мешавад;10

5) аз ҳар гуна шахс, аз ҷумла, аз саҳмиядори (иштирокдори) ташкилоти қарзӣ ё

шахсони вобастаи он дар давоми ду сол то оғози раванди муфлисшавӣ маълумоти

зеринро талаб намояд:

а) оид ба муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳо бо шахсони вобастаи

ташкилоти қарзӣ дар давоми як сол пеш аз қабули қарор дар бораи оғози раванди

муфлисшавӣ;

б) оид ба суратҳисобҳо ва ҳуҷҷатҳои муҳосибии ба ташкилоти қарзӣ дахлдошта;

6) барои фаъолияташ подошпулиеро, ки суд бо тартиби муайянкардаи моддаи

21 Қонуни мазкур муқаррар кардааст, гирад;

7) ба қарздеҳон бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур қисман маблағ

пардохт кунад;

8) дар ҳолати ба миён омадани масъалаҳои баҳсталаб дар мурофиаи

муфлисшавӣ ба суд муроҷиат намояд;

9) зимни фурӯши дороиҳо тариқи музояда нархи ибтидоиро муқаррар кунад ва

дороиҳоро ба он иштирокдорони музояда фурӯшад, ки нархи аз ҳама баландтаринро

пешниҳод кардаанд;

10) дигар ваколатҳои қонуниеро, ки барои таъмини самарабахши мурофиаи

муфлисшавии ташкилоти қарзӣ заруранд, анҷом диҳад.

Моддаи 19. Ҳуқуқи мудири махсус вобаста ба иштироки ташкилоти қарзӣ

дар шахси ҳуқуқии дигар

1. Дар ҳолатҳое, ки бевосита қонунгузорӣ ё ҳуҷҷатҳои таъсисии ташкилоти қарзӣ

пешбинӣ кардаанд, мудири махсус ҳуқуқ дорад пардохтро аз фурӯши саҳмияҳо аз

ҷамъияти саҳомӣ ё фурӯши саҳмро аз шахсони дигари ҳуқуқӣ, ки ташкилоти қарзӣ

муассиси (саҳмиядори иштирокдори) он мебошад, талаб кунад.

2. Мудири махсус ҳуқуқ дорад ҳисса ё саҳмияҳои дар қисми 1 моддаи мазкур

нишондодаи ташкилоти қарзиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба

шахсони сеюм фурӯшад (бегона намояд).

Моддаи 20. Ҳуқуқи мудири махсус вобаста ба дороиҳои ташкилоти қарзӣ,

ки дар ихтиёри шахсони сеюм қарор доранд

1. Мудири махсус метавонад иҷрои ҳар гуна ӯҳдадории ташкилоти қарзиро, ки

то оғози мурофиаи муфлисшавӣ ба миён омадааст, рад кунад, аммо ҳуқуқ надорад

баргардонидани молу мулки ташкилоти қарзиро, ки қонунан дар ихтиёри шахсони

сеюм мутобиқи шартнома қарор дорад, то охири мӯҳлати дар шартнома зикршуда

талаб кунад.

2. Агар шартнома бо шахси сеюм баргардонидани молу мулкро (масалан, дар

ҳолати риоя накардани шартҳои шартнома ё барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ) иҷозат

диҳад, он гоҳ мудири махсус ҳуқуқ дорад баргардонидани молу мулкро талаб кунад.

3. Агар мудири махсус ҳуқуқи талаби баргардонидани молу мулки дар ихтиёри

шахсони сеюм қарордоштаро надошта бошад, ӯ ҳуқуқҳои тарафи сеюмро поймол

накарда, ҳуқуқ дорад то анҷомёбии мӯҳлати дар шартнома зикршуда молу мулки

мазкурро ба тарафи дигаре, ки ба зимма гирифтани ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзиро11

тибқи шартнома хоҳиш кардааст, бо қаблан огоҳ кардани тарафи сеюме, ки молу

мулки зикршуда дар ихтиёри вай аст, фурӯшад.

Моддаи 21. Подошпулии мудири махсус

1. Андозаи подошпулии мудири махсусро суд бо пешниҳоди Бонки миллии

Тоҷикистон муқаррар мекунад. Подошпулӣ ба мудири махсус аз ҳисоби дороиҳои

ташкилоти қарзӣ пардохт гардида, ба ҳисоби хароҷоти мурофиаи муфлисшавӣ дохил

мешавад.

2. Подошпулӣ ба мудири махсус ва кормандони тобеи ӯ аз пардохтҳои ҷорӣ

(музди меҳнат) ва иловагӣ (мукофот ва бонусҳо) иборат буда, дар давраи иҷрои

вазифаашон дода мешавад.

3. Маблағи иловапулӣ ба мудири махсус ва кормандони тобеи ӯ бояд аз панҷ

фоизи маблағҳои барои қонеъгардонии талаботи қарздеҳон сарфшаванда, ба истиснои

маблағҳое, ки аз фурӯши дороиҳои багаравмонда гирифта шудаанд, зиёд набошад.

Моддаи 22. Ӯҳдадориҳои мудири махсус

Мудири махсус ӯҳдадор аст:

- вазифаҳои ба зиммаи вай вогузоршударо бо назардошти ҳуқуқу манфиатҳои

қонунии ҳамаи қарздеҳон софдилона иҷро намояд;

- аз лаҳзаи таъин шудан идора ва назорати фаъолияти ташкилоти қарзӣ, аз

ҷумла қарзҳо ва дигар ӯҳдадориҳое, ки дигар тарафҳо дар назди ташкилоти қарзӣ

доранд, инчунин назорати дороиҳо ва ӯҳдадориҳое, ки ташкилоти қарзӣ баъди оғоз

шудани раванди муфлисшавӣ ба даст овардааст ё ба даст меорад, анҷом диҳад;

- ҳифзу нигоҳдории ҳамаи дороиҳои ташкилоти қарзиро таъмин карда, вазъи

молиявии онро бо мақсади муайян кардани кифоятии дороиҳо барои пӯшонидани

хароҷоти мурофиаи муфлисшавӣ таҳлил намояд;

- мутобиқи Қонуни мазкур дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ҳамаи дороиҳои ғайрипулии

ташкилоти қарзиро фурӯшад ва маблағи бадастомадаро байни қарздеҳон тақсим

намояд;

- ба суд ва Бонки миллии Тоҷикистон бо тартиби муқарраркардаи Қонуни



мазкур ҳисобот диҳад;

- барои дар ҳамаи ҳуҷҷатҳои содираи ташкилоти қарзӣ (мактубҳо, ҳисобномаҳо,

ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва ғайра) дарҷ гардидани маълумот оид ба дар мурофиаи

муфлисшавӣ қарор доштани ташкилоти қарзӣ назорат барад;

- агар биноҳо, таҷҳизот ё молу мулки дигари ташкилоти қарзӣ барои аҳолӣ ва

бехатарии ҷомеа хатари эҳтимолӣ дошта бошад, барои пешгирӣ кардани хатар

тадбирҳои зарурӣ андешад ва дар сурати нокифоя будани имкониятҳои ташкилоти

қарзӣ ба мақоми давлатии ҳолатҳои фавқулодда муроҷиат намояд;

- барои рӯёнидани зарари ба қарздеҳони ташкилоти қарзӣ расонида ва ба

ҷавобгарии пешбиникардаи қонун кашидани шахсоне, ки ҳангоми муфлисшавӣ

амалҳои ғайриқонунӣ содир карда, ба мудири махсус дар иҷрои бемамониати

вазифаҳояш халал расонидаанд, ҳамаи чораҳои имконпазирро андешад;12

- бо мақсади ошкор кардани фурӯш ва ҳолатҳои дигари бегонасозии

ғайриқонунии молу мулки ташкилоти қарзӣ шартномаҳои бо тарафҳои сеюм бо

вайрон кардани муқаррароти Қонуни мазкур басташударо таҳлил намояд;

- ба суд бо риояи мӯҳлати умумии даъво муроҷиат карда, беэътибор донистани

аҳдҳои дар давоми се соли то рӯзи аз тарафи суд муфлис эътироф шудани ташкилоти

қарзӣ анҷомдодаи ташкилоти қарзиро, ки хилофи қонун мебошанд, талаб намояд;

- дар бораи рафти баргузорӣ ва анҷомёбии мурофиаи муфлисшавӣ мутобиқи

талаботи Қонуни мазкур бо фосилаи на бештар аз як моҳ дар воситаҳои ахбори омма

маълумот нашр намояд;

- ба суд муроҷиат карда, ба ҷавобгарии субсидиарӣ кашидани муассисон

(саҳмиядорон, иштирокдорон), аъзои Шӯрои нозирон, роҳбарони ташкилоти қарзиро

аз рӯи ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ мутобиқи Қонуни мазкур талаб кунад;

- ҳар моҳ ҳисоботи муҳосибавӣ ва омории ташкилоти қарзии муфлисшударо ба

Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод кунад;

- ҳангоми ошкор гардидани аҳдҳое, ки ташкилоти қарзӣ баъд аз бозхонди

иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ (ба истиснои қарордодҳое, ки ба

пардохтпулиҳои ҷории коммуналӣ ва истифодадиҳии ташкилоти қарзӣ, инчунин

пардохти ёрдампулӣ ва музди меҳнати шахсони дар асоси шартномаи (қарордоди)

меҳнатӣ коркунанда вобастаанд) иҷро кардааст, ба суд муроҷиат карда, бекор кардани

онҳоро талаб намояд;

- баъди тартиб додани рӯйхати талаботи қарздеҳон дар мӯҳлати на дертар аз

шаш моҳ аз рӯзи оғози мурофиаи муфлисшавӣ тавозуни фосилавии барҳамдиҳиро

омода менамояд, ки дар он маълумот оид ба таркиби дороиҳои ташкилоти қарзии

муфлисшуда, номгӯи талаботи қарздеҳон, натиҷаи баррасии ин талабот нишон дода

мешавад.

Моддаи 23. Фурӯши дороиҳо

1. Ҳангоми фурӯхтани ҳар гуна дороӣ, ба ғайр аз қарзи ба дигар ташкилоти

қарзӣ додашуда, мудири махсус пеш аз ҳама дар бораи фурӯши дороиҳо дар

воситаҳои ахбори омма маълумот нашр намуда, қарздеҳон ва харидорони эҳтимолиро

дар ин хусус огоҳ месозад.

2. Мудири махсус ҳуқуқ дорад ҳар вақт ба ташкилоти дигари қарзӣ ё шахси сеюм

қарздории ташкилоти қарзиро арзонтар фурӯшад, агар ба ақидаи ӯ мустақилона ба

даст овардани маблағи зиёдтари ин қарздорӣ ғайриимкон бошад.

3. Агар мудири махсус чунин шуморад, ки пардохти қарздории ташкилоти

қарзӣ, аз ҷумла қарзи дар оянда пардохтшаванда имконпазир аст, он гоҳ вай ӯҳдадор

нест, ки ин қарзҳоро фурӯшад ва барои аз қарздор талаб кардани маблағи дахлдор

кӯшиш намояд.

4. Мудири махсус дар назди ягон қарздеҳ ҳангоми фурӯши ҳар гуна қарз бо

нархи мувофиқи бозорӣ масъулият ба зимма надорад.

5. Нархи бозории қарздории ташкилоти қарзӣ на бо маблағи қарзи дар

ҳуҷҷатҳои муҳосибии ташкилоти қарзӣ зикршуда, балки ба маблағе, ки бидуни

кӯшишҳои зиёд барои рӯёнидани он ва бо назардошти вазъи молиявии ташкилоти

қарзии қарздор муайян карда мешавад.13

6. Ҳангоми аз тарафи мудири махсус фурӯхтани қарздории ташкилоти қарзӣ ба

тарафи сеюм, нархи бозории ин қарзро танҳо ба воситаи музокирот ва баррасии

пешниҳодҳои воридшуда муайян кардан мумкин аст.

7. Нархи ҳар гуна дороии дигар танҳо аз рӯи арзиши бозорӣ муайян карда

мешавад.


8. Дар ҳолати аз тарафи мудири махсус фурӯхта шудани молу мулки гарав, ки

арзиши он дар шартномаи гарав муайян шудааст, мудири махсус метавонад онро

мутобиқи қисми 6 ин модда бо нархи нисбатан пасттар фурӯшад.

9. Нархе, ки мудири махсус дар асоси қисмҳои 6 ва 7 моддаи мазкур муайян

кардааст, бояд мавриди баҳс набошад, агар қарздеҳ дар давоми 10 рӯзи корӣ

мавҷудияти шахси сеюмро, ки омода аст маблағи нисбатан зиёдтарро барои дороӣ ё

молу мулки гарав пардохт кунад, исбот карда натавонад.

Моддаи 24. Анҷомёбии ҳисоббаробаркуниҳо дар низомҳои пардохт ва

коғазҳои қиматнок

1. Супоришномаҳои бебозхонди интиқоли маблағҳо ва коғазҳои қиматнок, ки

ташкилоти қарзӣ ба низомҳои пардохт ё ҳисоббаробаркуниҳои коғазҳои қиматнок

дохил кардааст, барои ҷониби сеюм ҳатто дар ҳолате, ки қарори суд дар бораи

муфлисшавии ташкилоти қарзӣ қабул гардидааст, ҳатмӣ мебошанд, агар ин

супоришномаҳо барои интиқол пеш аз эътибор пайдо кардани қарор дар бораи

муфлисшавӣ бебозхонд эътироф шуда бошанд.

2. Ягон қонун ва санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ ё усули бекор кардани

қарордоду аҳдҳо, ки то эътибор пайдо кардани қарори суд дар бораи муфлисшавии

ташкилоти қарзӣ қабул шудаанд, боиси бекор кардани натиҷаи ҳисоббаробаркунии

тарафайн (клиринг) тариқи низомҳои пардохт ё коғазҳои қиматнок намегарданд.

3. Барои мақсадҳои моддаи мазкур супоришномаҳои интиқолие, ки ба низомҳои

пардохт ё коғазҳои қиматнок дохил гардидаанд, лаҳзаи бебозхонд шудани онҳо

мувофиқи тартиби ҳамин низом муайян карда мешавад. Ҳисоббаробаркунии

тарафайн (клиринг) ин табдил додани талабот ва ё ӯҳдадориҳо, ки аз супоришномаҳои

интиқолии як ё якчанд иштирокдорони низоми ҳисоббаробаркуниҳо бармеоянд ва дар

натиҷаи он танҳо як талабот ё ӯҳдадории холис боқӣ мемонад.

Моддаи 25. Интиқоли саҳмияҳо, дороиҳо ва ӯҳдадориҳо

1. Бо мақсади нигоҳдории устувории низоми молиявӣ ва баланд бардоштани

арзиши ташкилоти қарзӣ дар назди қарздеҳон, барҳамдиҳанда дар мувофиқа бо Бонки

миллии Тоҷикистон метавонад барои иҷозати амалҳои зерин ба суд муроҷиат намояд:

- пурра ё қисман додани саҳмияҳои ташкилоти қарзӣ;

- пурра ё қисман додани дороиҳо ё ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ ё ҳар ду.

2. Барои иҷрои амалҳои мазкур розигии қарздеҳон ва ё қарздорони ташкилоти

қарзӣ талаб карда намешавад.

3. Суд дар бораи маъқул донистан ё рад кардани муроҷиати барҳамдиҳанда дар

давоми панҷ рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза қарор мебарорад.14

4. Интиқоли ӯҳдадориҳо мутобиқи сархати дуюми қисми 1 моддаи мазкур барои

ҳамаи тарафҳои манфиатдор баъди аз тарафи барҳамдиҳанда дар воситаҳои ахбори

омма нашр гардидани хабарномаи дахлдор анҷом дода мешавад.

Моддаи 26. Таъсиси ташкилоти нави қарзӣ

1. Бо мақсади ҳифзи дороиҳо ва қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон ва

нигоҳдории идораи ташкилоти қарзӣ, мудири махсус метавонад бе розигии қарздеҳон

дороию ӯҳдадориҳои онро ба ташкилоти қарзии ба ин мақсад таъсисшуда, ки

иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро мегирад, супорад.

2. Мудири махсус муассиси ташкилоти қарзии навтаъсис мебошад, ки ҳуқуқи

гирифтани суди саҳмия ва дигар даромадҳоро, ба истиснои пардохтпулиҳо, мутобиқи

Қонуни мазкур надорад.

3. Шахси ҳуқуқии навтаъсис вориси ҳуқуқии ташкилоти қарзии муфлисшуда

намебошад ва барои ҳар гуна ӯҳдадории он масъулият надорад.

4. Мақомоти давлатӣ ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти ташкилоти қарзии навтаъсис

мудохила намоянд.

5. Мудири махсус саҳмияҳои ташкилоти қарзии навтаъсисро фурӯхта, талаботи

қарздеҳонро ҷуброн мекунад.

6. Ҳама гуна хароҷоти мудири махсус вобаста ба таъсис ва бақайдгирии

ташкилоти қарзии навтаъсис хароҷоти маъмурӣ ба ҳисоб меравад.

7. Дар давоми 12 моҳ нисбат ба ташкилоти қарзии навтаъсис талаботи Бонки

миллии Тоҷикистон оид ба фароҳам овардани сармояи оинномавӣ татбиқ намегардад.

Моддаи 27. Фурӯши дороиҳо ба ташкилоти дигари қарзӣ

1. Бо мақсади таъмини самараноки ӯҳдадориҳо дар назди амонатгузорону

пасандозгузороне, ки шахсони вобастаи ташкилоти қарзӣ нестанд, мудири махсус

ҳуқуқ дорад дар бораи интиқоли ин амонатҳо ва пасандозҳо бо дигар ташкилоти қарзӣ

созишнома бандад. Амонатгузор ва пасандозгузор ҳуқуқ доранд интиқол додани

маблағҳояшонро ба ташкилоти дигари қарзӣ рад кунанд. Мудири махсус ҳамчунин

метавонад дороиҳои ташкилоти қарзии муфлисшударо бо мақсади ҷуброн бо нархи

мувофиқашуда ба ташкилоти дигари қарзӣ фурӯшад.

2. Агар дороиҳое, ки ба ташкилоти дигари қарзӣ дода мешаванд, барои

пӯшонидани арзиши амонатҳо ва пасандозҳои интиқолшаванда кофӣ набошанд,

мудири махсус метавонад ба ташкилоти дигари қарзӣ танҳо як қисми амонатҳои ҳар

як амонатгузорро супорад.

3. Амонатҳо ва пасандозҳои шахсони вобастаи ташкилоти қарзӣ то пурра қонеъ

гардонидани талаботи амонатгузорону пасандозгузорони дигар ба ташкилоти қарзии

дигар интиқол дода намешаванд.

4. Агар дороиҳо ба ташкилоти дигари қарзӣ мутобиқи моддаи мазкур дода шуда

бошанд, он гоҳ бо навбат қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон мутобиқи моддаи 35

Қонуни мазкур бояд риоя гардад ва ба ҳеҷ гуна интиқоли дороиҳо иҷозат дода

намешавад, агар ин қарздеҳро аз ҳар гуна талаботе, ки ҳуқуқи пешниҳод кардан дорад,

маҳрум созад, яъне агар ин бо навбат пардохт шудани маблағҳоро тағйир диҳад.15

Моддаи 28. Ҳисобот дар бораи ҳолати молу мулк

1. Дар давоми се ҳафта аз рӯзи таъин шуданаш мудири махсус дар бораи ҳолати

молу мулки ташкилоти қарзӣ ҳисобот омода мекунад, ки маълумоти зеринро дар бар

мегирад:


- дороиҳои ташкилоти қарзӣ, созишномаҳои қарзию кафолатӣ ва хариду фурӯш,

инчунин арзишҳои дороиҳои соф ва дороиҳои дигар дар вақти барҳамдиҳӣ;

- қарордодҳо, ки мутобиқи онҳо молу мулки ташкилоти қарзӣ ба дигар тарафҳо

тааллуқ дорад, аз ҷумла шартномаҳои иҷора ва гарави молу мулк;

- қарордодҳо, ки мутобиқи онҳо ба ташкилоти қарзӣ хизмат расонида мешавад;

- аҳдҳои муҳиме, ки ташкилоти қарзӣ дар давоми 60 рӯз то қабули қарор дар

бораи муфлисшавӣ бастааст;

- ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ.

2. Ҳисобот ҳар семоҳа тартиб дода мешавад ва барои он қарздеҳоне, ки талаботи

онҳо ба номгӯи талаботи тасдиқшуда мутобиқи моддаи 30 Қонуни мазкур дохил

мешаванд, дар идораи мудири махсус барои маълумот дастрас мебошад.

Моддаи 29. Бақайдгирии талабу даъвоҳо

1. Ба истиснои муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи 30 Қонуни мазкур талабу

даъвоҳо ба ташкилоти қарзии муфлисшуда дар давоми се моҳ аз рӯзи дар воситаҳои

ахбори омма нашр шудани қарори суд оид ба оғози мурофиаи судӣ дар бораи

муфлисшавии ташкилоти қарзӣ аз тарафи мудири махсус ба қайд гирифта мешаванд.

Бо дархости мудири махсус суд метавонад ин мӯҳлатро боз то як моҳи дигар тамдид

намояд.


2. Талабу даъвоҳо бо тасдиқи ҳуҷҷатии онҳо ва маълумоти зерин пешниҳод

карда мешаванд:

- ном ва нишонии қарздиҳанда;

- маблағи асосии талабу даъвоҳо, фоизҳо ва дигар хароҷот, ҷаримапулӣ ва

андозҳои марбут ба онҳо;

- маълумоти муфассал дар бораи ҳар гуна гарави молу мулки ғайриманқул,

ҳуқуқи нигоҳ доштани молу мулки ба ивази қарз ё кафолатҳое, ки талаботро таъмин

мекунанд, аз ҷумла ном ва нишонии ҳар гуна кафил.

3. Ҳангоми пешниҳоди талабу даъвоҳо мудири махсус ба қарздеҳон расиди

қайдро (квитанция) медиҳад, ки гирифтани он шаҳодати ниҳоии бақайдгирии талабот

ба ҳисоб меравад.

Моддаи 30. Эътирофи талабот

1. Аз тарафи мудири махсус талаботе, ки ба қайд гирифта шудааст ва талаботи

дигаре, ки дар китобҳои муҳосибӣ ё ҳуҷҷатҳои ташкилоти қарзӣ сабт шудааст, аз

ҷумла пасандозҳо бе талаби бақайдгирии онҳо қабул карда мешаванд.

2. Талаботи бақайдгирифтаи дар китобҳои муҳосибӣ ё ҳуҷҷатҳои ташкилоти

қарзӣ сабтшуда аз тарафи мудири махсус дар ҳамон шакли сабтшудаашон бидуни

тасдиқи минбаъда қабул карда мешаванд.16

3. Агар талабот нисбат ба маблағи дар китобҳои ҳисоботӣ ё ҳуҷҷатҳои

ташкилоти қарзӣ сабтшуда ба маблағи калон ба қайд гирифта шуда бошад, он гоҳ ин

талабот ба андозаи маблағи сабтшуда қабул карда мешавад.

4. Талаботи арзишаш номуайян аз рӯи арзиши мудири махсус муайянкарда

қабул карда мешавад.

5. Баъди баҳодиҳии талаботи пешниҳодшуда мудири махсус талаботи

қабулкардаашро дар феҳристи талаботи қабулшуда, талаботи баҳсталабро дар

феҳристи талаботи баҳсталаб бо зикри сабабҳои баҳс қайд мекунад. Талаботи қисман

баҳсталаб дар ҳар ду феҳрист ба қайд гирифта шуда, дар муқобили ҳар даъвогар ном

ва нишонӣ, маблағи талабот, таъмини талабот бо гарав нишон дода мешавад. Талаботи

якхела бошад бо тартиби навбатӣ будани пардохтҳо ба феҳрист ҳамроҳ карда мешавад.

6. Ҳар ду феҳрист дар давоми 30 рӯз аз рӯзи охирини қабули талабот пур карда

шуда, барои тасдиқ ба суд пешниҳод карда мешаванд. Минбаъд мудири махсус ҳар се

моҳ феҳристи азнавшударо барои тасдиқ ба суд пешниҳод мекунад.

7. Суд феҳристи талаботи қабулшударо баррасӣ ва тасдиқ менамояд. Мудири

махсус талаботеро, ки суд тасдиқ намудааст, аз феҳристи талаботи қабулшуда хориҷ

карда, ба феҳристи талаботи тасдиқшуда ворид менамояд ва дар шакли хаттӣ дар ин

бора ба қарздеҳони дахлдор хабар медиҳад.

8. Суд рӯзи баргузории ҳар як мурофиаро ба қарздеҳони талаботашон баҳсталаб

хабар дода, дар муддати на дертар аз 30 рӯзи ворид гардидани талаботи баҳсталаб дар

бораи тасдиқ ё рад кардани он қарор қабул мекунад.

9. Баррасии талаботи қарздеҳе, ки дар мурофиаи судӣ ҳозир нашудааст, агар

қарздеҳ ба тарзи дахлдор хабардор карда шуда бошад, имкон дорад то мурофиаи

дуюм, ки на дертар аз 10 рӯз баъди мурофиаи якум баргузор мегардад, мавқуф гузошта

шавад.

10. Агар қарздеҳ ба мурофиаи дуюм низ наояд, он гоҳ суд метавонад талаботро



дар набудани вай баррасӣ намояд. Талаботе, ки суд тасдиқ кардааст, аз феҳристи

талаботи баҳсталаб хориҷ гардида, ба феҳристи талаботи тасдиқшуда ворид карда

мешавад. Қарздеҳонеро, ки талаботи онҳо рад шудааст, мудири махсус дар шакли

хаттӣ огоҳ месозад.

11. Мудири махсус талаботи аз тарафи суд радшударо пардохт намекунад.

Қарздеҳе, ки талаботи ӯро суд рад кардааст, метавонад оид ба қарори суд ба мақомоти

дахлдори шикоятӣ дар давоми 2 ҳафта аз рӯзи гирифтани хабарнома дар бораи қарор,

шикоят намояд.

Моддаи 31. Баҳисобгирии талаботи тарафайн

1. Баҳисобгирии талаботи тарафайн аз рӯи ӯҳдадориҳои байни ташкилоти

қарзии муфлисшуда ва шарикони он мумкин мебошад.

2. Дар муайян кардани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои байни ташкилоти қарзии

муфлисшуда ва шарикони он муқаррарот дар бораи қатъ намудани қарордодҳои

ҷоизи молиявии байни онҳо татбиқ мегарданд. Арзиши холиси барҳамдиҳӣ, ки

мутобиқи қарордоди ҷоизи молиявии байни онҳо муайян шудааст, талаботи

ташкилоти қарзӣ ба шарики вай мебошад ё баъди бақайдгирии он ҳамчун талаботи17

шарик ба ташкилоти қарзӣ қабул карда мешавад. Қарордоди ҷоизи молиявӣ яке аз

инҳоро мефаҳмонад:

- созишнома дар бораи свопи асъорӣ, амалиёт ё меъёрҳои фоизии своп;

- созишномаи асосӣ дар бораи своп;

- қарордодҳо бо пули нақд (спот), созишномаи фючерс, форвард ва ғайра;

- шартномае, ки сатҳи ҳадди ниҳоии муқарраршуда ва аҳди меъёрӣ (опсион)-ро

пешбинӣ менамояд;

- шартнома дар бораи свопи мол;

- созишномаи форвард аз рӯи меъёрҳои фоизӣ;

- шартномаи репо ё баръакси репо;

- спот, фючерс, форвард ё дигар созишномаи мол;

- созишномаи харид, фурӯш, ба қарз гирифтан ё додани коғазҳои қиматнок

барои расмӣ кардан ё ҳисоббаробарии аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок ё амалҳои марбут

ба нигоҳдории коғазҳои қиматнок;

- ҳар гуна ҳосила, комбинатсия, опсион ё созишномаи ҳаммонанди созишномаи

дар зербандҳои боло зикршуда;

- ҳар гуна созишномаи асосӣ дар робита ба созишномае, ки дар сархати даҳуми

қисми мазкур зикр шудааст;

- кафолати ӯҳдадориҳо дар доираи созишномаҳое, ки дар сархати ёздаҳуми

қисми мазкур зикр шудаанд;

- ҳар гуна созишномае, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон

пешбинӣ кардааст.

3. Арзиши холиси барҳамдиҳӣ ин маблағи холисест, ки баъди баҳисобгирии

ӯҳдадориҳои тарафайн дар қарордоди ҷоизи молиявӣ мутобиқи шартҳои он гирифта

шудааст.

4. Агар дар моддаи 24 Қонуни мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад,

баҳисобгирии талаботи тарафайн вобаста ба талаботи бадастовардашуда ва қарзҳои

қабулшуда нисбат ба ташкилоти қарзӣ баъди эътибор пайдо кардани қарори суд дар

бораи оғози мурофиаи судӣ аз рӯи парвандаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ ё

нисбат ба талаботи бадастовардашуда ва қарзҳои қабулшуда бо қасдан вайрон кардани

ӯҳдадориҳо то эътибор пайдо кардани ин қарор иҷозат дода намешавад.

Моддаи 32. Қатъ намудани қарордодҳои амалкунанда

1. Ҳамаи қарордодҳои амалкунанда ё як қисми қарордодҳои ташкилоти қарзии

муфлисшуда оид ба таҳвили молу хизматрасонӣ, аз ҷумла қарордодҳо оид ба фурӯш,

иҷора ва лизинг, қарордодҳои харид бо пардохти давра ба давраи он ва қарордодҳои

кироя метавонанд ба таври якҷониба аз тарафи мудири махсус дар мӯҳлати мувофиқ,

ки аз 60 рӯз зиёд нест, баъди қабули қарор оид ба оғоз намудани мурофиаи судӣ дар

бораи муфлисшавӣ, қатъ карда шаванд.

2. Ҳар тараф ё манфиатдори ин гуна қарордод метавонад барои вайрон кардани

шартҳои қарордод талабномаи ҷуброни онро пешниҳод кунад, ки он бо пардохт

кардани зиёни расида то рӯзи қатъ карда шудани чунин қарордод аз тарафи мудири

махсус бо фоизаш то рӯзи пардохт маҳдуд мегардад, вале он ягон ҷазои ҷаримавӣ,18

ҷубронпулӣ барои зарари маънавӣ ё ҷубронпулӣ барои фоида ё имкониятҳои

аздастдодаро дар бар намегирад.

Моддаи 33. Танзим бо роҳи музокирот

1. Мудири махсус метавонад талаботашро тариқи музокирот бо ҳар як қарздеҳ ва

қарзгири ташкилоти қарзӣ танзим намояд. Мувофиқаи бадастомада бояд аз ҷониби

суд дар доираи мурофиаи муфлисшавӣ тасдиқ гардида, мавриди шикоят қарор

намегирад.

2. Нисбат ба ташкилоти қарзии муфлисшуда мусолиҳа ё дигар мувофиқа бо

гурӯҳи қарздеҳон қобили қабул нест.

Моддаи 34. Талаботи бо гарав таъминшуда

1. Ҳамаи дороиҳое, ки таъмини талаботи тасдиқшудаи қарздеҳони ташкилоти

қарзӣ ё таъмини талаботи худи он мебошанд, бояд аз тарафи мудири махсус дар

музояда фурӯхта шаванд, ба истиснои:

- коғазҳои қиматнок, асъори хориҷӣ ва дигар дороиҳо, ки зудфурӯш мебошанд,

метавонанд дар бозорҳои дахлдор фурӯхта шаванд;

- коғазҳои қиматнок бо асъори хориҷӣ ва дигар дороиҳое, ки таъмини қарзҳои

ташкилоти қарзӣ буда, дар бозор зуд фурӯхта мешаванд ва имкон дорад аз тарафи

қарздеҳоне, ки ин дороиҳоро дар ихтиёр доранд, фурӯхта шаванд;

1   2   3   4

Коьрта
Контакты

    Главная страница


ҶУМҲурии тоҷикистон «дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ»