страница3/4
Дата28.08.2018
Размер0.83 Mb.

ҶУМҲурии тоҷикистон «дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ»


1   2   3   4

- агар мудири махсус муайян кунад, ки фурӯши дороиҳо дар музояда бо нархи

мувофиқ ғайриимкон аст, он гоҳ суд метавонад ба худи ӯ фурӯхтани дороиҳоро бо

нархи тасдиқкардаи суд иҷозат диҳад.

2. Дороиҳои ташкилоти қарзии муфлисшуда, ки дар сархати дуюми қисми 1

моддаи мазкур зикр нашудаанд, баъди талаби мудири махсус бояд фавран ба ихтиёри

вай вогузор карда шаванд.

3. Талаботи бо гарав таъминшудаи қарздеҳон бе навбат қонеъ гардонида

мешавад. Агар маблағи аз фурӯши молу мулки гарав бадастомада барои пурра

пӯшонидани маблағи талабот нокифоя бошад, қисми боқимондаи он ҳамчун талаботи

таъминнашуда дониста мешавад.

Моддаи 35. Тартиби қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон

1. Дороиҳои ташкилоти қарзии муфлисшуда бо тартиби зерин тақсим карда

мешаванд:

- маблағҳое, ки барои раванди муфлисшавӣ ё таъини мудири махсус харҷ

шудаанд;

- музди меҳнати кормандони ташкилоти қарзӣ, ба истиснои пардохтпулӣ ба

аъзои Шӯрои нозирон, ки дар рӯзи қабули қарор дар бораи оғози мурофиаи судӣ аз

рӯи парвандаи муфлисшавӣ ҳисоб карда шудааст;

- маблағҳое, ки Ҳукумат ё Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти қарзӣ

пешниҳод кардаанд;

- ҳар як талаби пасандоздорон, ки пардохт нашудааст ё аз тарафи Фонди

кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар

бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ» пардохт карда намешавад;19

- ҳар гуна талаби Фонди кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ ба сифати шахсе, ки

ба вай ҳуқуқи талаботи ба пасандоздорон пардохтшуда мегузарад, инчунин талаботи

қарздеҳони таъминнашуда;

- андозҳое, ки мӯҳлати пардохти онҳо дар давраи на бештар аз як соли пеш аз

рӯзи қабули қарор дар бораи муфлисшавӣ фаро расидааст;

- ҳар гуна талабот нисбат ба қарзи субординарӣ.

2. Дороиҳои боқимонда ба моликони ташкилоти қарзӣ баробар ба ҳиссаи онҳо

дода мешаванд.

3. Талаботи қарздеҳон дар ҳолатҳои зерин пардохтшуда ҳисоб мешавад:

- агар талабот бо сабаби нокифоя будани дороиҳои ташкилоти қарзӣ, ба

истиснои ҳолатҳои пешбиникардаи Қонуни мазкур, қонеъ нашуда бошад;

- агар мудири махсус талаботи қарздеҳонро қабул накарда бошад ва онҳо бо

ариза ба суд мурочиат накарда бошанд;

- агар талаботи қарздеҳонро суд рад карда бошад ё талабот баъд аз анҷомёбии

раванди барҳамдиҳӣ пешниҳод шуда бошад.

4. Талаботе, ки мутобиқи қисми 3 моддаи мазкур пардохтшуда ҳисоб мешавад,

бо даъвои қарздеҳон имкони аз ҷониби суд аз нав барқарор шуданро дорад, агар баъд

аз анҷомёбии барҳамдиҳӣ дороиҳои иловагӣ дарёфт шаванд. Даъвоҳо бо итмоми 12

моҳ баъд аз анҷомёбии барҳамдиҳӣ қабул карда намешаванд.

Моддаи 36. Нақшаи барҳамдиҳӣ

1. Дар давоми 60 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарори суд дар бораи муфлисшавии

ташкилоти қарзӣ, мудири махсус нақшаи муфассали барҳамдиҳии ташкилоти қарзиро

омода намуда, барои тасдиқ ба суд пешниҳод мекунад, ки инҳоро дар бар мегирад:

- тавозуни ибтидоии дороиҳо ва ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ аз рӯи нархи дар

оғози барҳамдиҳӣ муайяншуда ва чунин тавозуни фосилавӣ ҳар семоҳа, бо зикри ҳама

гуна талаботи қарздеҳон;

- ҳисоботи даромаду хароҷот барои семоҳаи гузашта ва лоиҳаи даромаду

хароҷот барои семоҳаи оянда;

- ҳисобот дар бораи фурӯш ва нақшаи фурӯши дороиҳои асосӣ ё гурӯҳи

дороиҳои ташкилоти қарзӣ;

- ҳисобот дар бораи талаботи судӣ ё ғайрисудии ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла

даъвои судӣ дар бораи бекор кардани созишномаҳо, интиқолҳои қаллобона ва

ҳуқуқҳои муқарраркардаи онҳо;

- ҳисобот дар бораи амалҳои ғайриқонунии роҳбарони ташкилоти қарзӣ ва

тадбирҳо ҷиҳати ҷуброн аз рӯи чунин амалҳо;

- ҳисобот дар бораи идома додан ё қатъ кардани қарордодҳои ҷории ташкилоти

қарзӣ, аз ҷумла дар бораи суғурта, кироя, хизматрасонӣ ва таҳлили муфассали

шароити молиявии кормандони ташкилоти қарзӣ;

- ҳисобот оид ба ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ ва ҷадвали пардохтҳо ба

қарздеҳон дар давоми семоҳаи оянда;

- ҳисобот дар бораи хароҷоти барҳамдиҳӣ дар рӯзи таҳияи нақшаи барҳамдиҳӣ

ва муайян кардани хароҷоти оянда.20

2. Нақшаи барҳамдиҳӣ ҳар се моҳ таҷдиди назар карда мешавад. Баъди тасдиқ

шудани нақшаи барҳамдиҳӣ, талаботи қарздеҳон ба феҳристи талаботи қабулшуда

дохил карда шуда, мутобиқи моддаи 30 Қонуни мазкур баррасӣ мегардад.

Моддаи 37. Маҷлиси умумӣ ва кумитаи қарздеҳон

1. Бо розигии мудири махсус маҷлисҳои умумии қарздеҳон доир ба масъалаи

барҳамдиҳии ташкилоти қарзии муфлисшуда гузаронида шуда, бо мақсади

намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои асосии қарздеҳон кумитаи қарздеҳон дар ҳайати аз 5

то 9 нафар таъсис дода мешавад.

2. Мудири махсус бо қарорҳои худ доираи фаъолияти маҷлиси умумии

қарздеҳон ва кумитаи қарздеҳонро муайян карда, ҷиҳати иҷрои вазифаҳо ба онҳо

ваколат медиҳад.

Моддаи 38. Тақсими пардохтпулиҳо

1. Талаботи тасдиқшудаи қарздеҳон вобаста аз навбати онҳо гурӯҳбандӣ ва якҷоя

карда шуда, ба ҷадвали тақсимот дохил карда мешавад. Маблағҳое, ки аз рӯи талаби

ҳамон як гурӯҳ ҳисоб шудаанд, мутаносибан ба маблағҳои воқеӣ тақсим карда

мешаванд.

2. Мудири махсус ҷадвали тақсими пардохтпулиҳои ҳисобшударо ба суд барои

тасдиқ пешниҳод намуда, баъди тасдиқи он аз ҷониби суд, пардохтпулиҳоро фавран

амалӣ менамояд.

3. Маблағҳое, ки ба ҷадвали тақсимот дохил шудаанд ва бинобар маълум

набудани қарздеҳон ва набудани робита бо онҳо пардохт нагардидаанд, дар сурати

баъд аз нашри хабарномаи мудири махсус дар воситаҳои ахбори омма аз худ дарак

надодани қарздеҳон, ба суратҳисоби махсус дар Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида

мешаванд.

4. Маблағҳои суратҳисоби махсус барои пардохт ба қарздеҳон ё ворисони онҳо то

замони амали мӯҳлати даъво нигоҳ дошта мешаванд. Баъд аз гузаштани мӯҳлати

мазкур маблағҳои пардохтнашуда ба Хазинадории марказии Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.

Моддаи 39. Муфлисшавии фаромарзӣ

Барои таъмини дастрасии баробари талаботи қарздеҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ ба

ташкилоти қарзии муфлисшуда, ки фаъолияти фаромарзӣ дорад:

- Бонки миллии Тоҷикистон бо мақомоти ваколатдори кишвари хориҷие, ки дар

он ташкилоти қарзии муфлисшуда филиал дорад, ҳамаҷониба ҳамкорӣ менамояд;

- қисми боқимондаи талаботи қарздеҳи хориҷии ташкилоти қарзии маҳаллӣ

имкон дорад якҷоя бо талаботе, ки аз ҷониби мудири махсус қабул гардидааст, қонеъ

карда шавад;

- масоили аз ҷониби ташкилоти қарзии маҳаллӣ эътироф гардидани

муфлисшавии ташкилоти қарзии хориҷӣ ва андешидани чораҳои муваққатии

идоракунию солимгардонии он, аз ҷониби суд ҳал карда мешаванд;

- суд метавонад ба мудири махсус дар асоси дархости ӯ барои ба дохили кишвар

интиқол додани дороиҳои ташкилоти қарзии хориҷии муфлисшудае, ки саридораи он21

дар ин кишвар воқеъ аст ё фаъолияти асосии он дар он ҷой амалӣ мегардад, ба

манфиати қарздеҳони чунин ташкилоти қарзӣ иҷозат диҳад.

Моддаи 40. Хароҷоти маъмурӣ

1. Хароҷоти маъмурӣ хароҷоти нашри хабарнома дар бораи раванди

муфлисшавии ташкилоти қарзӣ, хароҷоти судӣ, подошпулии мудири махсус, арзиши

молу хизматрасонӣ (таъмини нерӯи барқ, об, телефон ва ғайраҳо), инчунин дигар

хароҷоти асосноки мудири махсусро дар бар мегирад.

2. Хароҷоти мудири махсус метавонад маблағи пардохти музди меҳнати

кормандони кироя ё маблағҳои иловагии вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои онҳо

пардохтшударо дар бар гирад.

Моддаи 41. Ҳисоботи мудири махсус

1. Баъди ба анҷом расонидани ҳисоббаробарнамоиҳо бо қарздеҳон ва иҷрои

дигар ӯҳдадориҳо, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, мудири махсус ба суд ва

Бонки миллии Тоҷикистон аз натиҷаи фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод мекунад.

2. Ба ҳисобот инҳо замима мегарданд:

- тавозуни барҳамдиҳӣ;

- феҳристи талаботи қарздеҳон ва натиҷаи баррасии онҳо бо зикри маблағи

талаботи қонеъкардашуда;

- пешниҳод дар бораи истифодаи дороиҳои боқимондаи ташкилоти қарзии

муфлисшуда;

- маълумоти асоснокшуда дар бораи дороиҳои ситониданашон ғайриимкон ва

дороиҳои арзишашон ғайривоқеии аз ҳисоб хориҷкардашуда;

- маълумот дар бораи подошпулиҳои мудири махсус;

- маълумот дар бораи асоснокӣ ва ба мақсад мувофиқ будани хароҷоти маъмурӣ;

- маълумот дар бораи амалҳои ғайриқонунии роҳбарон ва иштирокдорони

ташкилоти қарзӣ, агар чунин маълумот мавҷуд бошад;

- дигар маълумоти зарурӣ.

Моддаи 42. Қатъ кардани мурофиаи судӣ аз рӯи парвандаи муфлисшавӣ

1. Ваколатҳои мудири махсус баъди аз ҷониби ӯ ба суд ва Бонки миллии

Тоҷикистон пешниҳод кардани ҳисобот дар бораи барҳамдиҳӣ бо қарори суд қатъ

карда мешаванд. Қарори суд ба мақоми ваколатдори бақайдгирии давлатӣ фиристода

мешавад.


2. Мурофиаи судӣ оид ба парвандаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ бо қарори

суд вақте қатъ мегардад, ки агар ҳамаи дороиҳои ташкилоти қарзии барҳамдодашуда

фурӯхта шуда, маблағҳои бадастомада ба қарздеҳони ташкилоти қарзӣ пардохт

шаванд ё ба Бонки миллии Тоҷикистон барои пардохт ба қарздеҳони ташкилоти қарзӣ

мутобиқи қисми 3 моддаи 38 Қонуни мазкур интиқол гарданд.

3. Қарори судро дар бораи қатъи мурофиаи судӣ аз рӯи парвандаи

муфлисшавии ташкилоти қарзӣ мудири махсус дар воситаҳои ахбори омма интишор

мекунад.22

БОБИ 5. БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА БАРҲАМДИҲИИ МАҶБУРИИ

ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ ДАР СУД

Моддаи 43. Баррасии парвандаҳо дар суд

1. Суд парвандаҳоро оид ба барҳамдиҳии маҷбурии ташкилотҳои қарзӣ

(минбаъд - парвандаҳо) аз рӯи қоидаҳои пешбиникардаи боби мазкур баррасӣ

менамояд, агар Қонуни мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

2. Амалҳои мурофиавие, ки тартиби иҷрои онҳо дар боби мазкур муайян

нашудааст, тибқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии

иқтисодӣ анҷом дода мешаванд.

3. Мурофиа аз рӯи ин парвандаҳо наметавонад боздошта шавад ва ё парвандаҳо

наметавонанд ба баррасии суди ҳакамӣ супурда шаванд.

Моддаи 44. Парвандаҳои қобили муҳокимаи судӣ

1. Парвандаҳоро суди иқтисодии маҳалли ҷойгиршавии ташкилоти қарзӣ

баррасӣ менамояд.

2. Аризаҳо нисбат ба ташкилоти қарзии маҳалли ҷойгиршавиаш номаълум

метавонанд ба суди маҳалли ҷойгиршавии молу мулки он ё маҳалли охирини

ҷойгиршавии вай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд.

Моддаи 45. Ҳуқуқи муроҷиат ба суд

Ҳуқуқи муроҷиат ба суд бо ариза дар бораи оғоз кардани мурофиаи

барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзиро танҳо Бонки миллии Тоҷикистон дорад.

Моддаи 46. Шахсони иштирокдори парванда

1. Шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд, инҳоянд:

- Бонки миллии Тоҷикистон;

- барҳамдиҳанда ва мудири махсуси ташкилоти қарзӣ.

2. Иштирокдорони парванда дорои ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои пешбиникардаи

Қонуни мазкур ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии

иқтисодӣ мебошанд.

3. Қоидаҳо дар бораи шахсони сеюм ё иваз намудани тарафи номатлуб, ки

Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ пешбинӣ

кардааст, татбиқ намегарданд.

Моддаи 47. Қабули ариза

1. Суд ӯҳдадор аст аризаро дар бораи муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ,

ки бо риояи талаботи Қонуни мазкур пешниҳод шудааст, қабул намояд.

2. Судя дар бораи қабул кардани ариза на дертар аз рӯзе, ки баъд аз лаҳзаи

пешниҳоди ариза меояд, таъинот мебарорад ва он фавран ба тарафҳои парванда

фиристода мешавад. Ҷаласаи суд бояд на дертар аз панҷ рӯз аз лаҳзаи баровардани

таъинот дар бораи қабули ариза ба суд оғоз карда шавад.23

3. Дар таъиноти қабули ариза судя ҳамчунин корҳои омода намудани парванда

ба баррасии судӣ, таъини муҳокимаи парванда дар ҷаласаи суд, замон ва макони

баргузории онро нишон медиҳад.

4. Аз лаҳзаи қабул гардидани ариза, иҷрои ҳама гуна амалҳои судӣ ва дигар

амалҳои ба пардохти қарзҳо ва ҳабси дороиҳои ташкилоти қарзӣ дахлдошта дар

давоми мӯҳлати баррасии парванда боздошта мешавад.

5. Маҳдудиятҳои ташкилоти қарзӣ барои ихтиёрдории молу мулки ба вай

тааллуқдошта танҳо дар доираи мурофиаи судӣ амалӣ карда мешаванд.

6. Аз болои таъиноти судя дар бораи қабули ариза шикоят кардан мумкин нест.

7. Ҳангоми аз ҷониби суд қабул кардани ариза талаботи мутақобил ва ё

мустақили ҳар гуна шахс дар бораи бознигарии қарорҳои Бонки миллии Тоҷикистон

мутобиқи Қонуни мазкур баррасӣ карда намешавад.

Моддаи 48. Мӯҳлати баррасии парванда

Мурофиаи судӣ бо иштироки намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон ва мудири

махсус дар давоми панҷ рӯзи корӣ ошкоро гузаронида мешавад. Дар ҳолатҳои

истисноӣ, суд метавонад дар бораи гузаронидани мурофиаи пӯшида қарор қабул

намояд.


Моддаи 49. Қарори суд

1. Суд аз рӯи парванда дар ҳолатҳои зерин қарор мебарорад:

- оғоз намудани расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ бо асосҳои муфлисшавӣ ва бе

асосҳои муфлисшавӣ;

- рад кардани оғози барҳамдиҳии маҷбурӣ бе асосҳои муфлисшавӣ ва оғоз

намудани мурофиа бо асосҳои муфлисшавӣ.

2. Қарори суд аз лаҳзаи қабули он эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 50. Қарори суд дар бораи муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ

1. Ҳангоми қонеъ гардонидани аризаи Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи

муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ, суд бо қарори худ:

- ташкилоти қарзиро муфлис эълон карда, нисбат ба он мурофиаи

муфлисшавиро оғоз менамояд;

- фаъолияти мудирро қатъ карда, мутобиқи моддаи 17 Қонуни мазкур дар он

мудири махсусро таъин менамояд.

2. Дар бораи қарори суд оид ба муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ аз

ҷониби мудири махсус дар нашрияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як ҳафта

иттилоъ ба табъ расонида мешавад.

3. Қарори суд дар бораи муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ тибқи Қонуни

Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ» ҳолати

суғуртавӣ ҳисобида мешавад.

4. Фавран баъди қабули қарори суд дар бораи рад кардани ариза ё оғози

мурофиаи судӣ нисбат ба ташкилоти қарзӣ, суд ба Бонки миллии Тоҷикистон ва

ташкилоти қарзӣ хабар медиҳад. Мудир, барҳамдиҳанда ва мудири махсус қарори

судро дар воситаҳои ахбори омма ба нашр мерасонанд.24

Моддаи 51. Асос барои радкунии муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ

Аризаи Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи муфлис эълон кардани ташкилоти

қарзӣ аз тарафи суд рад карда мешавад, агар ҳуҷҷатҳо ё дигар далели пешниҳодшуда

ба талаботи Қонуни мазкур ҷавобгӯ набошанд.

Моддаи 52. Таъиноти суд дар бораи анҷоми мурофиаи муфлисшавии

ташкилоти қарзӣ

1. Таъиноти суд дар бораи анҷоми мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ

дар ҳолатҳои зерин қабул карда мешавад:

- дар ҳолати ба анҷом расидани мурофиаи муфлисшавӣ, ки суд бо тартиби

муайяннамудаи Қонуни мазкур оғоз кардааст;

- дар ҳолати муайян кардани далели муфлисшавии сохта.

2. Таъиноти суд дар бораи анҷоми мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ

барои аз феҳристи бақайдгирии давлатӣ хориҷ кардани ташкилоти қарзӣ асос

мебошад, агар мурофиаи муфлисшавӣ бо барҳамдиҳии он ба анҷом расад.

Моддаи 53. Мавқуф гузоштани баррасии парванда

1. Агар парванда дар ҷаласаи судӣ бо сабабҳои узрнок, аз ҷумла ҳозир нашудани

яке аз иштирокдорони парванда ё зарурати пешниҳоди далелҳои иловагӣ баррасӣ

нагардад, он гоҳ суд ҳуқуқ дорад баррасии парвандаро ба мӯҳлати панҷ рӯз мавқуф

гузорад.

2. Таъиноти суд ба иштирокдорони парванда тариқи огоҳиномаи дастсупурд

ирсол мегардад ё бо забонхат ба намояндагони онҳо супурда мешавад.

3. Аз рӯи таъинот дар бораи мавқуф гузоштани баррасии парванда шикоят

кардан мумкин нест.

Моддаи 54. Асосҳои қатъ намудани мурофиа аз рӯи парванда

1. Суд парвандаро дар ҳолати ошкор шудани далели муфлисшавии сохта ё

бадқасдона қатъ менамояд.

2. Дар бораи қатъ кардани мурофиа аз рӯи парванда суд таъинот мебарорад, ки

онро мавриди шикоят қарор додан мумкин аст.

3. Қатъ намудани мурофиа аз рӯи парванда барои дубора ба суд муроҷиат

кардани тарафҳо бо ҳамон асосҳо монеъ намегардад.

Моддаи 55. Тақсими хароҷоти судӣ ва хароҷот барои подошпулии

барҳамдиҳанда ва мудири махсус

1. Ҳамаи хароҷоти судӣ, аз ҷумла боҷи давлатӣ, инчунин хароҷот барои

подошпулии барҳамдиҳанда ва мудири махсус аз ҳисоби ташкилоти қарзӣ мутобиқи

Қонуни мазкур ҷуброн карда мешавад.

2. Агар суд бо сабаби набудани аломатҳои муфлисшавии ташкилоти қарзӣ дар

бораи рад кардани муфлисшавии ташкилоти қарзӣ дар лаҳзаи оғоз намудани

парванда дар бораи муфлисшавӣ қарор барорад, он гоҳ хароҷоти пешбиникардаи

қисми 1 моддаи мазкур аз ҳисоби аризадиҳанда пардохт карда мешавад.25

3. Тартиби тақсими хароҷоти судӣ ва хароҷот барои пардохти подошпулии

барҳамдиҳанда ва мудири махсус дар қарор ё таъиноти суд, ки аз рӯи натиҷаҳои

баррасии парванда дар бораи муфлисшавӣ қабул шудааст, муқаррар карда мешавад.

Моддаи 56. Баррасии аризаю шикоятҳо

1. Аризаю шикоятҳои барҳамдиҳанда ва мудири махсус, аз ҷумла аризаю

шикоят дар бораи ихтилофоти байни онҳо ва қарздеҳон, инчунин аризаю шикоятҳои

ташкилоти қарзӣ, қарздеҳон, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар шахсон дар бораи

вайрон карда шудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, аз ҷумла ариза оид ба беэътибор

донистани қарорҳои барҳамдиҳанда, мудири махсус, ташкилоти қарзӣ, саҳмиядор

(иштирокдори ташкилоти қарзӣ), Бонки миллии Тоҷикистон, ки мутобиқи Қонуни

мазкур пешниҳод шудаанд, дар рафти амалӣ намудани раванди барҳамдиҳии маҷбурӣ

(мурофиаи муфлисшавӣ) аз тарафи суд на дертар аз даҳ рӯз аз рӯзи гирифтани аризаю

шикоятҳои зикршуда баррасӣ карда мешаванд.

2. Аз рӯи натиҷаи баррасии аризаю шикоятҳои зикршуда суд таъинот

мебарорад, ки онро дар давоми 10 рӯз мавриди шикоят қарор додан мумкин аст.

БОБИ 6. АҲДҲО, АМАЛҲОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ВА МАСЪУЛИЯТ

Моддаи 57. Беэътибор донистани аҳдҳо

1. Аҳдҳое, ки хилофи муқаррароти Қонуни мазкур мебошанд, инчунин аз

тарафи ташкилоти қарзӣ қабл аз оғози раванди муфлисшавӣ ё барҳамдиҳӣ иҷро

шудаанд, метавонанд аз тарафи суд бо дархости мудири махсус беэътибор дониста

шаванд.


2. Агар аҳд хилофи боби мазкур ё қонунгузорӣ бошад, беэътибор дониста

мешавад.


3. Аҳди ташкилоти қарзӣ бо шахси вобастаи он дар ҳолатҳое, ки иҷро кардани

ин аҳд сабаби мушкилоти молиявии ташкилоти қарзӣ мебошад, имкон дорад бо

дархости мудири махсус аз тарафи суд беэътибор дониста шавад.

4. Ҳар гуна аҳди ташкилоти қарзӣ бо ин ё он қарздеҳ ё ҳар гуна шахси дигар

имкон дорад дар асоси аризаи мудири махсус аз тарафи суд беэътибор дониста шавад,

агар ин гуна қарордод дар давраи мушкилоти молиявӣ доштани ташкилоти қарзӣ

баста шуда, боиси дар муқоиса бо қарздеҳони дигар асоси қонеъ гардондани талаботи

пулии яке аз қарздеҳон гардад.

Моддаи 58. Манъ кардани амалҳои ғайриқонунӣ дар мурофиаи

муфлисшавӣ

1. Қабл аз оғоз ё баъди оғози барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ ба ҳар саҳмиядор,

иштирокдор, роҳбар, мудири махсус, корманди ташкилоти қарзӣ ё ҳар гуна шахси

дигар, аз ҷумла мақомоти давлатӣ, кормандони мақомоти давлатӣ ва мақомоти

худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки аз мушкилоти молиявии ташкилоти қарзӣ

бохабаранд, анҷом додани амалҳои зерин манъ мебошад:

- ба таври ғайриқонунӣ пинҳон, ҳабс, забт, тасарруф, гирифтан, интиқол додани

молу мулк ё пинҳон кардани қарзҳои ташкилоти қарзӣ;26

- пинҳон кардан, нобуд сохтан, сохтакории қайдҳо ё ворид кардани қайдҳои

қалбакӣ ба ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба ташкилоти қарзӣ дахл

доранд;


- додани ҳар гуна қарзҳо ба шахсони вобастаи ташкилоти қарзӣ;

- аз ҳисоб хориҷ кардани ҳар гуна қарз ё ӯҳдадории шахси вобастаи ташкилоти

қарзӣ;

- тамдиди мӯҳлати баргардонии қарзҳои мӯҳлатрасидаи (маблағи асосӣ ва



фоизҳои) шахсони вобастаи ташкилоти қарзӣ;

- наситонидани маблағҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои шартии дар назди ташкилоти

қарзӣ (кафолатҳо ё дигар ӯҳдадории шабеҳ) доштаи шахсони вобастаи он, ё шахси

сеюм нисбат ба ин шахси қарздори вобаста, ки маблағҳояш метавонанд манбаи

пардохти қарзҳо бошанд;

- фурӯхтан ё ба гарав додани ҳар гуна дороиҳои ташкилоти қарзӣ бо нархе, ки аз

нархи бозор пасттар аст;

- додан, пешниҳод кардан, гирифтан ё кӯшиши гирифтани маблағҳои пулӣ,

дороиҳо, подошпулӣ, ҷубронпулӣ, мукофотҳо, фоида ё додани ваъда барои анҷом

додан ё надодани ин ё он амал дар раванди барҳамдиҳӣ (ба ғайр аз мудири махсус);

- рад кардани ҳамкорӣ бо мудири махсус барои дарёфти дороиҳо ва дигар

маълумот дар бораи ташкилотҳои қарзӣ ё баргардонидани дороиҳои он ё пешниҳоди

маълумоти бардурӯғ ба мудири махсус;

- аз тарафи мудири махсус бевосита ё бавосита барои худ харида гирифтани

дороиҳои ташкилоти қарзӣ;

- ғайриқонунӣ бо мақсадҳои тиҷоратӣ истифода бурдани номи ташкилоти

қарзие, ки барҳам дода мешавад;

- ғайриқонунӣ монеъ шудан ба иҷрои ӯҳдадориҳои мудири махсус, иҷро

накардани талаботи қонунии вай;

- аз суд, Бонки миллии Тоҷикистон, мудири махсус пинҳон кардани маълумот

дар бораи ба кӣ, кай ва дар кадом шакл дода шудани дороиҳои ташкилоти қарзӣ ва

хусусиятҳои ин дороиҳо;

- аз мудири махсус пинҳон кардани аҳдҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ

кардааст;

- амалҳое, ки зери мафҳуми муфлисшавии сохта ё барқасдона фаҳмида

мешаванд;

- амалҳое, ки бе риоя кардани навбати муқарраркардаи Қонуни мазкур ба

афзалият додани як қарздеҳ боис мегарданд;

- розигии қарздеҳе, ки аз ғайриқонунӣ ба вай додани афзалият, қонеъ

гардонидани талаботаш воқиф буда, бо ин амал ба дигар қарздеҳон зарар расонидааст;

- таъсиррасонӣ ба мудири махсус бо мақсади аз тарафи вай қабул гардидани

қарор ба фоидаи қарздеҳони алоҳида.

2. Моддаи мазкур ба шахсони дар қисми 8 моддаи 59 Қонуни мазкур зикршуда,

ки ҳуқуқи худро аз рӯи виҷдон амалӣ менамоянд ё дастурҳои қонунии гирифташударо

иҷро мекунанд, татбиқ намегардад.27

Моддаи 59. Ғайриқонунӣ ихтиёрдорӣ кардани дороиҳо ё зиёд кардани

ӯҳдадориҳо

1. Аз лаҳзае, ки ташкилоти қарзӣ ба мушкилоти молиявӣ дучор мегардад,

саҳмиядори (иштирокдори) ташкилоти қарзӣ барои талаби маблағи ба сармояи

оинномавии ташкилоти қарзӣ гузоштааш, гирифтани қарз аз ташкилоти қарзӣ ё бо

ягон тарзи дигар гирифтани ин маблағ (ҳисса), аз ҷумла суди саҳмияҳо ҳуқуқ надорад.

2. Ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст ба ин гуна саҳмиядорон (иштирокдорон)

гирифтани маблағи зикршуда ва додани қарзро рад кунад. Маблағи бо вайрон кардани

муқаррароти қисми мазкур гирифташуда бояд баргардонида шуда, гунаҳгорон

мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

3. Бо мақсади таъмин намудани ҳифзи дороиҳои ташкилоти қарзие, ки ба

мушкилоти молиявӣ дучор гардидааст, ба қарздеҳони вай, инчунин амонатгузорон ин

амалҳо манъ мебошанд:

- ба ҳар гуна шахс ё мақоми давлатӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбиникардаи

қонунгузорӣ, аз ҷумла қарздеҳон ё кормандони мақомоти давлатӣ забт, ҳабс, мусодира

ё ғасб кардани дороиҳои он, аз ҷумла ба даст овардани ҳуқуқи назорати суратҳисобҳои

бонкӣ;


- ба саҳмиядорон (иштирокдорон) ё роҳбарони ташкилоти қарзӣ ихтиёрдорӣ

кардани дороиҳои ташкилоти қарзӣ ё ихтиёран иҷро кардани ӯҳдадориҳои ташкилоти

қарзӣ ё додани қарзҳои нав ба ҳар гуна шахс ё қабул кардани ӯҳдадориҳои нав (аз

1   2   3   4

Коьрта
Контакты

    Главная страница


ҶУМҲурии тоҷикистон «дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ»