страница4/4
Дата28.08.2018
Размер0.83 Mb.

ҶУМҲурии тоҷикистон «дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ»


1   2   3   4

ҷумла, додани кафолат барои ӯҳдадориҳои дигар тарафҳо, инчунин додани аккредитив

ва дигар ӯҳдадориҳо).

4. Манъ кардани ихтиёрдории дороиҳо маънои манъ кардани тамдиди мӯҳлати

пардохти ҳар гуна қарзи гирифтаи шахси вобастаи ташкилоти қарзӣ ё розигии ин

шахсон барои қабули пардохтҳои ҷузъӣ ё пардохти ҳар гуна кафолат ё ӯҳдадории ин

гуна шахсонро дар назди ташкилоти қарзӣ дорад.

5. Муқаррароти қисми 3 моддаи мазкур дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегарданд:

- агар ихтиёрдории дороиҳо ё пардохти ӯҳдадориҳо аз тарафи мудири махсус ё

Бонки миллии Тоҷикистон ё бо розигии онҳо (бо пурра ифшо кардани маълумоти

зарурӣ аз тарафи онҳо) сурат гирад;

- агар ӯҳдадорӣ то таъини мудири махсус ба шахси вобастаи ташкилоти қарзӣ

тааллуқ надошта бошад.

6. Агар Бонки миллии Тоҷикистон ё мудири махсус манъ накарда бошад,

ташкилоти қарзӣ ҳуқуқ дорад бе иҷозати дар қисми 5 моддаи мазкур зикршуда, ҳатто

дар сурати дучори мушкилоти молиявӣ гардиданаш пардохтҳои зеринро анҷом диҳад:

- музди меҳнати кормандон (ба истиснои кормандоне, ки саҳмиядор ё

иштирокдори ташкилоти қарзӣ мебошанд);

- хароҷоти ҷории марбут ба истифодабарӣ аз хизматрасонии коммуналӣ, алоқаи

телефонӣ ва нерӯи барқ, ки барои таъмини мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ

зарур аст.

7. Қоидаҳое, ки барои иҷрои қисми 6 моддаи мазкур заруранд, имкон дорад бо

дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда шаванд.

8. Муқаррароти ин модда татбиқ намегарданд:28

- агар ҳуқуқи қарздеҳи бо гарав таъминшуда барои рӯёндани гарави эътибори

ҳуқуқидошта то фаро расидани яке аз лаҳзаҳои дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда,

бо назардошти талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият

дароварда шуда бошад;

- ба ҳуқуқи соҳиби молу мулк доир ба баргардондани он аз рӯи созишномаи бо

ташкилоти қарзӣ басташуда ё ба ҳамин гуна ҳуқуқи дигар шахсоне, ки соҳиби молу

мулк ба онҳо ҳуқуқ додааст, молу мулки мазкурро ба ташкилоти қарзӣ дар асоси

созишномаи интиқол барои соҳибӣ кардан ё истифода диҳанд;

- ҳангоми фаро расидани ҳолатҳое, ки созишнома пешбинӣ кардааст, саҳмиядор

(иштирокдор) ё шахси дигаре, ки ба ин молу мулк ҳуқуқ дорад аз ташкилоти қарзӣ

баргардондани молу мулки мазкурро талаб кунад.

Моддаи 60. Интиқоли ғайриқонунии дороиҳо

1. Агар мақомоти идории ташкилоти қарзӣ ва аъзои он, ки аз дучори

мушкилоти молиявӣ шудани ташкилоти қарзӣ воқифанд, дар бораи ба шахсони сеюм

додани дороиҳои ташкилоти қарзӣ қарор қабул кунанд ё барои қабул шудани ин

қарор овоз дода, маблағи дороиҳои интиқолдодаро дар шакли пулӣ ё аслӣ пурра

бозпас нагиранд ва қарздеҳони ташкилоти қарзӣ дар натиҷа аз ин дороиҳо маҳрум

шаванд, он гоҳ онҳо барои зараре, ки ба ташкилоти қарзӣ дар натиҷаи ин амал

расонидаанд, пурра ҷавобгар мебошанд.

2. Меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интиқоли

ғайриқонунии молу мулк метавонанд ба интиқоли ғайриқонунии молу мулки

ташкилоти қарзӣ низ татбиқ гарданд.

Моддаи 61. Ҷавобгарӣ барои амалҳои ғайриқонунӣ

Дар ҳолати иҷрои амали ғайриқонунӣ ё бефаъолиятии ҳар гуна шахс дар доираи

Қонуни мазкур, аз ҷумла ҳолатҳое, ки роҳбар ё саҳмиядор (иштирокдор) дар бораи

амалу ҳодисаҳои дар моддаи 3 Қонуни мазкур номбаршуда Бонки миллии

Тоҷикистонро хабардор накунад, муқаррароти зерин истифода мешавад:

- роҳбарон ва аъзои мақомоти идораи ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла саҳмиядорони

(иштирокдорони) он, ки аз мушкилоти молиявии ташкилоти қарзӣ ё ба мушкилоти

молиявӣ рӯ ба рӯ будани он воқифанд ва бо амалҳои ғайриқонунӣ розӣ шуда, амалҳои

ғайриқонунӣ содир мекунанд, аз рӯи қарзҳои ташкилоти қарзӣ ба маблағи пурраи

моликияти шахсии худ масъулият ба зимма доранд (масъулияти субсидиарӣ) ва

масъулияти онҳоро бояд суд бо пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон ё мудири

махсус (ё дар ҳолатҳои пешбиникардаи Қонуни мазкур бо пешниҳоди қарздеҳ)

муқаррар кунад. Чунин роҳбарон ё аъзои мақоми идораи ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла

саҳмиядорони (иштирокдорони) вай ҳуқуқи иштирок ё ишғол кардани вазифаи

роҳбарикунандаро дар ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон надоранд ва бо

тартиби судӣ аз ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ барои идоракунии

шахсони ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум карда

мешаванд;29

- шахсоне, ки амалҳои ғайриқонунии пешбиникардаи ин моддаро содир

мекунанд, ҳамчунин мутобиқи қонунгузории ҷиноятӣ, маъмурӣ ва граждании

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд;

- ҳар гуна дороии ташкилоти қарзиро, ки ташкилоти қарзӣ бар хилофи моддаи

мазкур ихтиёрдорӣ кардааст, бояд мудири махсус аз шахсон ё мақомот, аз ҷумла

мақомоти давлатӣ, ки ин дороиҳоро (хоҳ бо роҳи харид, ҳабс, мусодира, ихтиёрдорӣ ё

тарзи дигар бошад) харида, арзиши бозории онҳоро пурра пардохт накардаанд,

ситонад;


- агар ин шахсон маблағи дороиҳоро пардохт карда бошанду вале нархи

пардохткарда аз нархи бозории дороиҳо паст бошад, онҳо метавонанд дар рафти

барҳамдиҳӣ ба сифати қарздеҳони таъминнашуда талабот пешниҳод кунанд ё дар

мувофиқа бо мудири махсус ин дороиҳоро ҳифз карда, ба мудири махсус маблағи

ҳисобшудаи фарқияти байни нархи пардохтшуда ва арзиши бозории дороиҳоро

пардохт кунанд;

- Бонки миллии Тоҷикистон ва мудири махсус ҳуқуқ доранд ба қарздеҳон

ҳангоми муайян кардани қонуншиканӣ ва андозаи зиён кӯмак намуда, инчунин даъвои

судии онҳоро ҷонибдорӣ кунанд;

- маблағи ба шахс мутобиқи ин модда пардохтшаванда ба мудири махсус

баргардонида шуда, ба манфиати қарздеҳон мутобиқи Қонуни мазкур истифода

мешавад.


БОБИ 7. ДИГАР АСОСҲОИ ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ҚАРЗҲОИ ТАШКИЛОТИ ҚАРЗӢ

Моддаи 62. Масъулияти маҳдуди саҳмиядорони (иштирокдорони)

ташкилоти қарзӣ

1. Саҳмиядорони (иштирокдорони) ташкилоти қарзӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои

ташкилоти қарзии муфлисшуда ҷавобгар набуда, хавфи зиёни марбут ба фаъолияти

чунин ташкилотро танҳо дар ҳаҷми арзиши саҳмияҳои (ҳиссаҳои) худ ба зимма

доранд.

2. Саҳмиядорони (иштирокдорони) ташкилоти қарзӣ, ки арзиши саҳмияҳоро



(ҳиссаҳоро) пурра пардохт накардаанд, аз рӯи ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ дар

ҳаҷми арзиши қисми пардохтнашудаи саҳмияҳои (ҳиссаҳои) ҳар яке аз саҳмиядорон

(иштирокдорон) масъулияти муштарак ба зимма доранд.

3. Ташкилоти қарзие, ки дар мурофиаи муфлисшавӣ қарор дорад, аз рӯи қарзу

ӯҳдадориҳои худ бо ҳамаи дороиҳояш ҷавобгӯ мебошад ва наметавонад масъулияти

маҳдуд дошта бошад.

Моддаи 63. Масъулияти саҳмиядорони (иштирокдорони) ташкилоти қарзӣ

1. Агар саҳмиядорони (иштирокдорони) ташкилоти қарзӣ мутобиқи

қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор бошанд ё ихтиёран ба зиммаи худ

ӯҳдадории иловагӣ, аз ҷумла қарз, кафолат ва дигар ӯҳдадориҳои ба онҳо монандро

гиранд, он гоҳ барои ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзии муфлисшуда, мутаносибан ба

ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаашон масъулияти пурра бар дӯш доранд. Дар ҳолати30

пурра напардохтани қарз, мудири махсус ӯҳдадор аст аз чунин саҳмиядорони

(иштирокдорони) ташкилоти қарзӣ маблағи боқимондаи онро ситонад.

2. Агар саҳмиядоре (иштирокдоре), ки масъулияти пурра ба зимма дорад

ихтиёран ҳамаи қарз ё як қисми онро ба ҷойи саҳмиядорони (иштирокдорони)

ташкилоти қарзии муфлисшуда, ки масъулияти пурра ба зимма доранд ва бо розигии

онҳо пардохт карда бошанд, он гоҳ вай ҳуқуқ дорад ҷуброни онро аз чунин

саҳмиядорон (иштирокдорон) талаб кунад.

3. Агар саҳмиядори (иштирокдори) ташкилоти қарзие, ки масъулияти пурра ба

зимма дорад, давлат ё мақомоти давлатӣ бошанд, он гоҳ мутобиқи Қонуни мазкур

имкон дорад молу мулки ба давлат ё мақомоти давлатӣ тааллуқдошта ба андозаи

муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати қарздеҳон

ситонида шавад.

Моддаи 64. Масъулияти кафил

Шахсе, ки барои қарз ё ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ ба шахси сеюм кафолат

додааст (аз ҷумла, вексели интиқолии имзошуда, аккредитив ё ҳамин гуна ҳуҷҷате, ки

зери он чунин шахс ба сифати кафил ё қарздор имзо кардааст), ӯҳдадор аст аз рӯи

чунин кафолат масъулият ба зимма гирад.

БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 65. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани муқаррароти Қонуни мазкур

мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 66. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 28 июни соли 2011,



№719
1   2   3   4

Коьрта
Контакты

    Главная страница


ҶУМҲурии тоҷикистон «дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ»