• Мохият ва намудхои хисоботхои бонки
  • Тавозуни бонк ва услубхои ташкили он
  • 3. Хисоботхои бухгалтерии чори
  • 4. Хисоботи солонаи мухосиби
  • 5. Проблемахои гузариш ба хисоботхои байналмилиалии бонки
  • Номгуи адабиётхои истифодашуда

  • Скачать 147.16 Kb.


    Дата28.08.2018
    Размер147.16 Kb.

    Скачать 147.16 Kb.

    Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон Донишгохи давлатии Хоруг ба номи М. Назаршоев



    Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон

    Донишгохи давлатии Хоруг

    ба номи М. Назаршоев

    кафедра: Назарияи иктисод


    аз фанни: Фаъолияти бонки

    Номи мавзуъ: Хисоботхои бонки

    Ичро кард: Олимшоев Олимшо Аслишоевич, донишчуи курси 4, факултаи иктисод, шуъбаи рузона, гурухи «Умури бонки»

    Рохбари илми: ассистенти кафедраи «Назарияи иктисод» Ясакиева С.



    Накшаи кор:

    Сарсухан


    1. Мохият ва намудхои хисоботхои бонки………………………………….3

    2. Тавозуни бонк ва услубхои ташкили он………………………………….4

    3. Хисоботхои бухгалтерии чори……………………………………………9

    4. Хисоботи солонаи мухосиби……………………………………………11

    5. Проблемахои гузариш ба хисоботхои байналмилиалии бонки……......13

    Хулоса

    Номгуи адабиётхои истифодашуда……………………………..………16

    Сарсухан

    Бонк ташкилоти молиявие мебошад, ки аслан барои ташкил ва идора намудани муомилоти пули мамлакат таъсис дода мешавад. Пойгохи иктисодиётро дар тамоми раванди давлатдори конунхои иктисодии амалкунанда асос мегузоранд, ки яке аз чунин конунхо конуни муомилоти пул мебошад. Характери маблагхои пули бо таъсири бевоситаи муассисахои молияви, махсусан бонкхо таъмин мегарданд, ки дар навбати худ муомилоти пул дар алокамандии сохахои гуногуни иктисодиёт чараён мегиранд.

    Бонк хамчун муассисаи молияви дар раванди иктисодиёти чомеа накш ва макоми намоён дорад. Яъне бонкхо дар муомилот маблагхои пулиро ворид намуда, гардишу мубодилаи онро таъмин менамоянд, барои нигохдории курби асъори милли, хачм ва суръати гардиши он чорахои зарури андешида, харакати онро ба танзим медароранд ва маблагхои муваккатан озоди ахоливу корхонахоро чамъ намуда, дар навбати худ муносибатхои молиявии мамлакатро ба миён меоранд.

    Кори курсии ман аз 5 савол, сарсухан ва хулоса иборат мебошад.

    Саволи якум дар бораи мохияти асосии хисоботхои бонки, сарчашмаи пайдоиш ва барои кадом шахсон лозим будани онхоро маълумот медихад.

    Саволи дуюм дар атрофи тавозуни бонки буда, сарчашмаи асосии тартиб додани он нишон дода шудааст. Тавозун хамчун яке аз хисоботхои асосии мухосибии хар як бонки тичорати ба хисоб меравад.

    Саволи сеюм дар бораи хисоботхои бухгалтерии чори меравад. Инхо чунин хисоботхое мебошанд, ки онхо хар моха ё хар 10-руза тартиб дода мешаванд ва онхо дар дохили тавозуни асосии бонк дароварда мешаванд.

    Саволи чорум дар бораи хисоботхои солонаи мухосиби меравад. Бахисобгирии мухосиби - низоми ягонаи чамъовари, бакайдгири, чамъбасти иттилоот дар бораи молу мулк, дороиҳо, ухдадориҳо ва сармояи ташкилот, ки аз рӯи шаклҳои муқарраршуда тартиб дода шудаанд.

    Саволи панчум бошад дар бораи проблемахои гузариш ба хисоботхои байналмилиалии бонки, дар бораи дастовардхои асосии бонкхои тичорати барои гузариш ба хисоботхои байналмилиалии бонки мебошад.


    1. Мохият ва намудхои хисоботхои бонки

    Мохияти асосии хисоботхои бонки ин сарчашмаи маълумоти дастрас, пурра ва фаври оиди фаъолияти бонки мебошад. Хисоботхои бонки бояд барои сармоягузорон ва карзгирон фахмо бошанд, бояд барои онхо маълумот оиди сумма, вакт ва хатар, ки ба даромадхои онхо вобаста аст, маълумот дар бораи сохтор ва намудхои захирахои чалбшуда, чойгиркунии онхо, захираи накди барои талафи карз ва гайра дихад.

    Идоракунии бонкхои хозиразамон ба истифодаи маълумоти микдори вобастаанд, яъне бо ифодаи пули. Барои ин хисоботхои бухгалтери метавонанд, маълумоти сифатиро диханд (гайри пули), агар вай барои тахлили хисоботхои бухгалтери фоидаовар бошад. Хисобот, ки барои ерии менечирон дода мешавад, ба маълумоти хисобхои идоракуни дохил аст. Вай дар раванди ба накшагири, ичро ва назорат дар фаъолияти бонк истифода мешавад. Дар баробари ин бояд ба назар гирифт, ки маълумоти бухгалтерии таснифоти шартиро истифода мекунад, баходихии тахмин дар ин маврид хатман тахмини мебошад. Мисол тасвир дар тавозун хисобхои оддии карзи, карзхои сохташудаи бисёркарата нисбати карзхои мухлатдор ва аз мухлат ба таъхир мондаро нишон медихад. Нишондихи дар хисобхои пассиви хисоботхои фондхои захиравии бонк шаходати накдии онро дар шакли ликвиднок намедиханд.

    Хамчунин, ба аник нигох накарда, мохият ва нишондихии хисоботхои бухгалтерии тахмини мебошанд. Бо ин вобаста маъсулияти зиёд ба истифодакунандаи хисоботхои бухгалтерии гирифта мешуд. Вай бояд фахмад ва муайян кунад, ки кадом хисоботро ва чи хел ва дар кадом соха истифода кунад.


    1. Тавозуни бонк ва услубхои ташкили он

    Тавозуни бонки тичорати ин тавозуни мухосибие мебошад, ки ваъзи воситахои худи ва чалбшудаи бонк ва гузориши онхо ва дигар амалиётхои фаъоли бонкро нишон медихад. Тавозуни бонк дар асоси схемаи унифит бо Накшаи хисобхои мухосибии бонк, ки Бонки Миллии Точикистон таъин мекунад, тартиб дода мешавад. Хисоботхои бонки ба воситаи ахбороти Бонки Миллии Точикистон дохил шуда ва ба коидахои фаври, муайян ва дастрас чавобгуий хастанд. Фаврии тавозуни бонк дар харруза тартиб додани он зохир мегардад, ки дарачаи кафолати рости ва дастрасиро дар мухосиботи бонки, таъмин мекунад. Коидаи пастшавии ликвиднокии моддахои активи ва пастшавии талаботи воситахои пассиви мухим нест, танхо дар вакти муайян риоя мешавад.

    Хисобхои номенклатураи тавозуни бонк ба хисобхои тавозуни ва гайритавозуни чудо мешаванд. Хисобхои мухосиби ба пассиви ва активи чудо мешаванд. Хисобхои пассиви барои хисобхои захираи чалбшуда ва худи хисобхои активи барои чойгиршавии онхо истифода мешаванд. Хисобхои гайритавозуни барои хисоби хуччатхо ва бойгарихо, ки ба актив ва пассиви тавозун таъсир намерасонанд ва ба бонк барои нигохдори, инкасса ва комиссия, инчунин хисобхои бланки хисоботи, бланки сахмия, дигар хуччатхо ва бойгарихо мебошад, истифода мешавад.

    Хамаи хисобхои тавозуни ба хисобхои катори якум - хисобхои калон ва синтетики ва хисобхои катори дуюм – чузъи ва аналитики.

    Хисобхои катори якум бо се ракам аз 102 то 705 ишора мешаванд. Хисоботи катори дуюм, бошад бо панч ракам.

    Хисобхои тавозуни ба 7 гурух дар асоси усули иктисоди ва ликвидноки чудо мешаванд.

    Наменклатураи хисобхои гайритавозуни панчнишона аст .

    Нишондихии якхелаи амалиёт, ки то 4 асъорхои гуногун гузаронида мешаванд, даст кашидан аз «кисми асъори тавозун». Нишондихандахои амалиётхо бонки дар хисобхои тавозун дар асоси таркиби амалиёт гузаронида мешавад, на дар асоси намуди асъор. Хамаи амалиётхои бо асъори хоричи гузаронида шуда дар ташкилотхои карзи танхо бо асъори милии, яъне сомони гардонида мешаванд. Барои хисоби амалиётхо бо намудхои гуногуни асъор, дар хисобхои тавозун хисобхои алохидаи барои асъори хоричи кушода мешаванд.

    Дар раками хисоботхо хисоби аналитики коди асъори бо се адад мавчуд аст. Хамин тавр дар тавозуни дар як хисобохо бояд якчанд амалиётхо бо асъор нишон дода шаванд ва инчунин ташкилотхои карзи метавонанд амалиётхо бо асъори гуногун гузаронанд. Амалиётхо бо хисобхои асъори хоричи дар асоси конуни асъор ва хуччатхои нормативии Бонки МиллииТочикистон гузаронида мешаванд.

    Сохтори ягонаи вактии амалиётхои павссиви ва активи. Барои нишон додани ликвиднокии тавозун ташкилотхои карзи дар хисобхои кативу пассив сохтори ягонаи хисобхо истифода мекунанд.

    То дархост : мухлаташ то 1 сол

    Мухлаташ то 7 руз : мухлат то 30 руз

    Мухлаташ аз 31 то 90 руз

    Аз 91 то 18 0 руз

    Аз 181 то 1 сол

    Аз 1 сол то 3 сол

    Аз 3 сол боло

    Нишондихи дар ин маврид дар тавозуни ташкилотхои карзи амалиётхо дар асоси мухлати мукараршуда гузаронида мешаванд. Барои хисоби пурраи амалиётхо дар хисобхо таърихи огоз ва таърихи анчоми амалиёт нишон дода мешавад.

    Дар асоси услубхои байналмилали тартиб дода метавонан,ки онхо

    Истифодабарии накшаи хисоботхои нав ва услубхои ташкили нави хисоб доир ба бонк инкилоби мухосибии бонки аст. Накшаи хисобхои нав дар асоси услубхои байналмилали тартиб дода метавонанд, ки онхо:

    фаъолияти бетанаффуси ташкилоти карзи, усули хисоби доими ,эхтиёт кардан дар гузаронидани амалиёти бонки ,нишондихии бакия дар хисобхои активи ва пассиви ,хисобот кушои.

    Тавозуни бонки дар меъёри умуми бояд хамаи амалиёти бонкир о нишон дихад, ки онхо масъалахои идоракуни мебошанд ва хамчун базаи фоидаи хакикиро нишон медиханд. Бо ташакули накшаи хисобхои нав таъгиротхо, ки дар низоми иктисодии услубхои ташакули муносибатхои иктисоди васеъкунии вазифа ва зиёдкунии шумораи амалиётхои бонки дида мешавад. Сохтори умумии накшаи хисобхо таъгир ёфтааст:

    дар асоси тартиб додани накшаи хисоб чунин услубхои базави мавчуданд:

    Таксимкунии хисобхо ба актив ва пассив истифода кардани хисобхои активи ва пассиви. Барои нишон додани амалиёт, ки бакияи он хох но хох дебети кредити бошад. Дар аввали аз рузи бакияи хисоби рузи гузашта амалиёт огоз мегардад. Агар дар охири руз дар хисобхо бакияи мукобил пайдо гардад онро дар ин маврид дар хисоби чуфташ дигар тасвир мекунад хар гох дар тавозун дар охири руз бакияи дебити дар хисоби пассави ва бакияи кредити дар хисоби активи мавчуд набошад. Агар дар асоси шартнома бо мизочон басташуда яъне истифодаи овердрафт, яъне гузаронидани амалиёт бевосита хисобхо , хамчун карз мебошанд. Ташкили бакияи дебитии дар хисобхои карзи муштариён оварда машавад ва хаммонанди пешниходи карз аст.Ташкили бакияи кредити дар хисобхои активи он низ ба хисобхои чуфти пассиви гузашта мешавад.

    Ичозат додан ба бонк барои кушодани хисобхои иловаги, ки барои аник нишон додони амалиётхо хатми астанд. Карзи метавонад хисобхои катори дуюмро барои хисоби амалиёт кушоянд. Кушодани хисобхои иловаги бояд дар асоси накшаи хисобхо ва аз тарафи бонки марказии Точикистон тасдик шудаанд

    Барои хисоби амалиёти чудогона ,хатман бояд хисоботхои махсус кушода шаванд. Ташкилотхои карзи метавонанд барои мизочон дар давраи муаян хисоботхо кушоянд.Харочоти маблаг бо ин хисобхо гузошта намешавад. Воситахо бо хисобхои гуншуда бо гузаштани вакт ба счётхои хисоби харруза гузаронда мешаванд.

    Таксимкунии хисобхо ба намудхои мизочон

    Дар накшаи хисобхо истифодаи ягонаи таснифи мизочон бо амалиётхои гуногун,к ибо резидент ,шакли моликият ва намуди фаъолият вобаста аст пешбини шудааст.

    Резидентхо ба хисоб онхо:



    • корхонахо ва ташкилотхое, ки дар моликияти давлати буда

    • молияви

    • тичорати

    • гайритичорати

    • дигар ташкилотхо ва корхонахее, ки ба онхо:

    • молияви

    • тичорати

    • корхонахое, ки бе таъсиси шахси хукуки, ашхоси вокеъи

    гайрирезеденти ба онхо

    ташкилотхои карзи ва дигар ашхоси хукуки, ашхоси вокеъи

    Хисобхо бо филиалхо. Дар накшаи хисобхо барои ташкиллотхои карзи, ки ба воситаашон бо филиалхои хеш хисобу китоб мекунанд , мавчуданд. Бо хамин хисобхои алохидаро ташкилотхои карзи барои хисобу китоб бо филиалхояшон тасдик мекунанд, ки онхо бо услубхо ва коидахои онхо бошад. Ташкилоти карзи инчунин метавонад мустакилона тартиботи хисобхо ва хуччатгузориро муайян кунад.

    Чудокунии сармоя. Ба воситаи Накшаи хисобхои мухосибави чудокунии сармоя дар алохидаги тахлил намешавад ва он хисобхои алохида хам надоранду дар хисобхои чори нишон дода мешаванд.

    Ракамгузории хисобхои муштариён. Барои фахмиши хисобхо бояд: номи он хисоб, раками сифирии он барои хисобхои карзи - максади додани карз, раками шартномаи карзи, меъёри фоизи, маънои раками гурухи хавфи карз, ки барои онхо захирае аз тарафашон хисоб мешавад ва гайра.

    3. Хисоботхои бухгалтерии чори

    Хисоботхои бухгалтери чори ба хисоботхоии мохона ва квартали чудо мешаванд. Тартиботи тартибдихии хисоботхоро барои банкхои тичорати Бонки Миллии Точикистон мукаррар мекунад.

    Хисоботхои бухгалтерии чори дар охири мох:


    • тавозун

    • рамзхонии тавозун ( тавозуни филиали)

    • бакияи ухдадорихои карзи ва карзхои пардохтнашудаи бонк

    • рамзхонии алохидаи хисобхои тавозун бо мухлати чалбкуни ва равонакунии воситахо

    • рамзхонии алохидаи хисобхои тавозуни барои нормативхои иктисодии фаъолияти бонкхои тичорати

    • руйхати карздорони калон

    • рамзхони аз руйи хисобхои тавозун

    • «Фонди оинномавии бонк»

    • хисоби нормативхои иктисоди

    • хисоби фонди ухдадории захирахо

    • рамзхонии хисобхои тавозун

    • рамзхонии хисобхои тавозун аз руйи хисобхои корреспонденти

    Хисоботхои мухосибавии хармохаи бонки тичорати ба органхои андоз супурда мешаванд. Бонкхои тичоратие, ки амалиёт бо асъори хоричиро мегирад, хисоботи иловагиро ба Бонки Миллии Точикистон месупоранд. Ба катори ин хисобот маълумотнома оиди пардохт ва даромади чори амалиёт ба гайрирезиденти дохил мешавад. Хисобот оиди харакати асъори актив ва пассиви барои чамъи ахбороти амалиёт байни резедентхо ва гайрирезедентхо мебошад. Ахбороти дар хисобот буда, барои тартибдихии тавозуни пардохтии Чумхурии Точикистон истифода мебарад ва характери махфиро дар хисоботи бонкхои тичорати дар охири хар як квартал ведомости гардон аз руйи тавозун бо сомони ва асъори хоричи , ведомости гардони филиалхо, хисобот оиди зарар ва фоида, фонди сугуртакунии бонк аз муфлисшавиро дар бар мегирад. Хисобот оиди фоида ва зарар хисоботхои махсуси худ, яъне даромад ва харочотро дорост.

    4. Хисоботи солонаи мухосиби

    Ба катори хисоботхои солонаи мухосибавии бонки тичорати дохил мешаванд:



    • тавозуни солона

    • хисобот оиди зарар ва фоида

    • замима ба тавозун оиди истифодабарии фоида ва фондхо

    • хисоби захира барои талафот аз карз

    • хисобот оиди вази назорати дохилии бонк

    • арзномаи фахмондадихи барои хисоботи солонаи мухосиби

    Барои тартиб додани хисоботхои молияви дар охири давраи хисоботи солона корхои хатмиро пештара макунанд. Пеш аз хама бонкхо тафтишоти хисоботхои тавозуни ва гайритавозуни, воситахои пули, боигарихо, воситахои асоси ва дигарро мегузаронанд. Дар корхои пештара ухдадорихои дебитори ва кредитори тахлил мешуданд. Суммаи гайриреали бояд аз тавозун ба зарар оварда шавад.

    Ухдадории карзи ва фоизи аз руи пардохташави низ тахлил карда мешавад. Дар охир хамаи хисоботхои активию пассивии тавозун тахлил шуда, дар тавозун хисобхои хакики нишон дода мешаванд.

    Дар натичаи тафтишот чорахои оиди барзиёди ё камии хисобхо дида мешаванд. Дар давраи тартибдихии хисоботхои молияви хамаи амалиётхо ба итмом мерасанд. Дар рузи якуми соли нав аз руи бакияи хисоботхо кор огоз мекунанд. Бо хамин максад ведомости назорати кушода мешавад. Барои фоъолияти босамар Хисоботи солонаи бонкхои тичорати аз тафтишоти аудитори мегузаранд ва дар охир Хисоботи солонаи мухосиби бо баходихии мусбии аудитори ба Бонки Миллии Точикистон супурда мешаванд.

    5. Проблемахои гузариш ба хисоботхои байналмилиалии бонки

    Масъалаи гузариш ба хисоботхои байналмилали дар низоми бонкии ватани макоми мухим доранд. Дастоврдхои хозираи бокхои тичорати аз хамин омилхо вобаста аст:

    аввал, кам будани кадрхои баландихтисос дар ин соха. Маълум аст, ки бе кадрхои баландихтисос низоми бонк рушд намеёбад.

    дуюм, тагйрёбии хисоботи бухгалтери .

    Агар солхои пеш хисобот аз руи хисобхо дар мухосиботи бонки буд, хозир бошад тахлили ахборот, халли масъалахои идоракуни ва гайра мавчуд аст.

    сеюм, камбуди дар базаи нормативии мухосибот, ки амалиёти харрузаро нишон медихад ва дар асоси онхо нишондихандахо ва зарибхои босуботи, бовари ва гайраро истифода кардан гайриимкон аст.

    чорум, камбуди дар техника ва технология.

    панчум, камбуди дар назорати аудит ива паст будани касби бухгалтери.

    Инфрастуктураи бонки бояд аудити баландихтисос, ки натанхо хисоботро тахлил мекунад, балки сифати идоракуни, менечменти бонки дар асоси тахлили хавфноки, леквидноки, даромадноки ва гайра бахо дода мешавад.

    Ба гайр аз ин ба инфраструктураи бонки амнияти баландихтисоси хукуки, агенти, бакайдгирии гаравхо ва гайра.

    Услубхои асосии хисобхои мухосиби дар асоси стандарти байналмилали:

    Фаъолияти бетанафус. Дар асоси ин услуб хисобхои бонки то бархамдихии бонк тагйир намеёбанд. Дар вакти бархамхурии филиали он ё дигар дороихо, онро хамчун зарар шумурдан мумкин аст.

    Таксимкуни дар соли молияви. Ичрои ин услуб талаб мекунад, ки активхо ва пассивхоро дар тавозун бояд реали нишон диханд.

    Дар асоси меъёри стандарти байналмилали фоида наметавонад аз сиёсати андоз вобаста боша ва дар навбати худ органхои андоз хам набояд ба тартиботи хисоби мухосиби дахолат кунанд.

    Гузариш ба услуби байналмилали тартиб додани хисоботхои нави молиявиро талаб мекунад. Ба катори онхо тавозун, хисобот оид ба фоида ва зарар, хисоботи гайритавозуни, замима оиди кори аналитикии бонк, яънетаснифоти портфели карзи ва леквидноки, воситахо, хавф ва даромадноки дохил мешаванд. Дар хисоботи тавозун карзхо бояд бо тархи захирахои барои онхо нишон дода шаванд. Тартиби хисоби фоиз аз рузи карзхои ба таъхир монда дар мухлати махдуд. Хамаи ин кадрхои баландихтисосро талаб мекунад.

    Вобаста ба хамаи ин бояд хисоботи бонкхои тичорати мутобики стандарти байналмилали бошад ва ин маънои баланд бардоштани менечменти бонкиро дорад.



    Хулоса

    Дар ин кори курси масъалахои асосии гирди хисоботхои бонки дида баромада шуданд. Маълум гардид, ки хамаи бонкхои тичорати хар мох, хар се моха, хар нимсола ва хар сол ба Бонки Миллии Точикистон хисобот медиханд. Бонки Миллии Точикистон бонкест, ки дигар бонкхо ва ташкилотхо зери тобеъияти он мебошанд. Бонки Миллии Точикистон максад дорад , ки сохаи бонкдории Точикистон харчи бештар мустахкмтар гардад ва корхои зиёдеро анчом дода истодааст. Барои Бонки Миллии Точикистон хар як фикру мулохизахои бонкхои Точикистон кобили кабул аст, то ки максади асосии ин бонк амали шавад.

    Асосан сухан дар бораи тавозуни бонки мерафт.Тавозун гуфта мачмуи дороихо, ухдадорихо ва сармояро дар саънаи муайян мефахмонад. Дар кисмати активи тавозун хисобхои зерин чойгир хастанд:


    1. Хазина бо асъори милли ва хоричи

    2. Тилло ва дигар ашёхои кимматбахо, карзхои додашудаи бонк, когазхои киматнок ва дигар активхо

    Дар кисмати пассиви тавозун депозитхои чалбшуда аз шахсони вокеъи ва хукуки, маблагхои чалбшуда (захирахои карзи аз дигар бонкхо ва ташкилотхо) ва дигар ухдадорихо чойгир хастанд.

    Дар кисмати сармоя воситахои асоси, даромади соли гузашта, даромади соли чори, азнавбаходихии онхо чойир хастанд.

    Хисоботхои солонаи молияви хамчунин барои чалби инвеститсия ахамияти калон доранд. Маблаггузорон пеш аз маблаггузории ин ё он бонк аввал аз холати молиявии он ахборот мегиранд. Тавозун, хисоботи харочоту даромад бошанд, сарчашмаи асосии чунин ахборот мебошанд.

    Воситахои чалбкардаашонро барои харидани когазхои киматноки баровардаи дигар корхонахо ва муассисахо истифода мебаранд.

    Бонкхо дар кушодани суратхисоб ва хисобхои чори дар назди шахсони хукуки ва кабули амонатхо дар назди шахсони вокеъи ухдадорихои пули мегиранд.

    Номгуи адабиётхои истифодашуда:

    1. Хомид Хомчонов, «Бонкдори», 2009 с, ш. Душанбе



    2. Чепурин М. Н, «Назарияи иктисод», 2001 с, Киров


    Коьрта
    Контакты

        Главная страница


    Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон Донишгохи давлатии Хоруг ба номи М. Назаршоев

    Скачать 147.16 Kb.